Пайвандҳои дастрасӣ

Раисиҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ба дунболи истеъфои ихтиёрии сарвазири ин кишвар Ҷомарт Оторбоев ҳамаи аъзои ҳукумати ӯро аз вазифа барканор кард.

Истеъфои сарвазири Қирғизистон Ҷомарт Оторбоев аз тарафи раисиҷумҳури ин кишвар Алмосбек Отамбоев пазируфта шуд ва дар пайи он ҳамаи аъзои ҳукумати Оторбоев аз мақомашон барканор гаштанд. Бино бар Қонуни асосии Қирғизистон Отамбоев метавонист, ин истеъфоро напазирад ва сарвазир ба кораш идома диҳад. Вале акнун бо имзо шудани фармони президент ҳукумат амри барканории ҳукумат низ баромад, аммо он дар режими муваққатӣ то таъсиси ҳукумати нав боқӣ мемонад.

Отамбоев ҳамзамон гуфт, омода нест, вазифаи сарвазири баркнаоршударо иҷро кунад. Биноан, бо фармони дигари ӯ ноиби аввали сарвазири Қирғизистон Таирбек Сарпашов иҷрокунандаи вазифаи сарвазир таъин гашт.

Ҷомарт Оторбоев ҳамагӣ як сол сарвазири Қирғизистон буд ва пеш аз ин ба сифати ноимби аввал ва ноиби сарвазир аз соли 2011 то 2014 кор кардааст.

Гулойим Ашакеева, сардабири барномаҳои бахши қирғизии радиои Озодӣ мегӯяд, Отарбоев 21-умин раҳбари кабинаи вазирон дар ҳукумати Қирғизистон дар солҳои истиқлолияти ин кишвар буд. Вай меафзояд сабаби асосии ин истеъфо "баҳсҳои атрофи кони тиллои Қумтор аст, ки 20 сол аст бар пояи як созишномаи Қирғизистону Канада кор мекунад. Баъди инқилоби соли 2010 масъалаи бозбинии ҳиссаҳои ҳукумати Қирғизистон ва ҷониби Канада дар ин корхона матраҳ мешавад. Се соли охир баҳси шадиде дар ин замина давом дорад. Зимнан, нахуствазири пешина ҳам бо ҳамин сабаб аз мақомаш рафта буд. Баъди эълони истеъфои Отарбоев, раиси парлумон гуфт, ки нахуствазир натавонист чун раҳбари кабинаи вазирон дар мӯҳлати муайяншуда масъалаи Қумторро ҳал кунад."

Аммо худи Оторбоев дар охирин мусоҳибааш ба Бахши қирғизии Радиои Озодӣ корномаи худро мусбат арзёбӣ кард, истеъфояшро ихтиёрӣ номид ва гуфт, агар барояш вазифаи дигаре пешниҳод шавад, сари он хоҳад андешид.

Ба гуфтаи Гулойим Ашакеева, Ҷомарт Отарбоев одами донишманд, писари академик, доктори илмҳои физика аст. Вай таҷрибаи бои кор дар сатҳи байналмилалиро дорад, солиёни зиёд ӯ дар Лондон дар вазифаи баланди масъули барномаҳои Осиёи Марказии Бонки аврупоии бозсохт ва рушд кор кардааст. Баъди инқилоби соли 2010 ҳукумат ӯро ҳамчун як иқтисодшинос ва донандаи фазои сармоягузории Қирғизистон ба вазифаи муовини нахуствазир даъват кард. 25 марти соли гузашта ӯ ба курсии нахуствазирӣ нишаст. Вале дар ин муддат вай натавонист худро ба унвони як раҳбар, мудир, иқтисодшинос ва сиёсатмадори қавӣ нишон диҳад. Шояд ин ҷо танҳо гуноҳи ӯ набошад. Қирғизистон як кишвари парлумонӣ аст ва дар маҷлис се фраксияи ҳизбӣ дар муқобили ду фраксияи мухолифин ҳамеша дар ҳолати баҳсу мубориза мебошанд. Мегӯянд, ба Отарбоев фурсат надоданд, ки корашро ба итмом расонад. Аз ин рӯ, аз мақом рафтани Отарбоев ҳеҷ боиси бӯҳрони сиёсӣ намешавад, дар муддати солҳои истиқлоли Қирғизистон дар ин кишвар 21 нахуствазир дигар шудааст. Аз соли 2010 баъди инқилоби охир 4 нахуствазир иваз шуд. Дар Қирғизистон фарҳанги сиёсӣ фарқ мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG