Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Тоҷикистон охирин муассисаи Гулен баста шуд. ВИДЕО


Дар Тоҷикистон фаъолияти созмони “Диалог”, ки ба як мухолифи давлати Туркия Фатҳулло Гулен муталлиқ аст, мутаввақиф шуд. Феълан кормандони ин ниҳод дафтари худро дар хиёбони Рӯдакӣ дар муқобили бинои нави Бонки Миллӣ холӣ мекунанд. Рӯшан нест, ки ҳоло созмони “Диалог” ба куҷо кӯч мебандад.

Эмсол Коч, раҳбари “Диалог” дар Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 20 сентябр ба Озодӣ гуфт, ки “ба далели мушкилоти иқтисодӣ фаъолияти ин созмон муваққатан қатъ шудаааст.” Ҳамзамон, ӯ хабари аз ҷониби ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон баста шудани созмони “Диалог”-ро рад карда ва ин гуна хабарҳоро як “тӯҳмат” хонд.

Профессор Нодир Одилов, яке аз масъулони созмони “Диалог” дар Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 20 сентябр ба Озодӣ гуфт, ки сабаби қатъи фаъолияти ин созмон мушкилоти иқтисодӣ будааст. “Ин созмон пас аз 9 соли фаъолият дар Тоҷикистон ба далели камбуди сармоя баста шуд”.

Ҳамзамон, ӯ хабари аз ҷониби ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон баста шудани созмони “Диалог”-ро рад кард ва гуфт, ки ин ниҳод танҳо ба фаъолияти фарҳангӣ, илмӣ ва омӯзишӣ машғул буда ва ба сиёсат сару коре надоштааст.

Масъулони созмони “Диалог” гуфтанд, ки қатъи фаъолияташон муваққатӣ буда ва дар сурати пайдо шудани сарчашмаҳои молӣ фаъолияти худро дар Тоҷикистон аз сар мегиранд.

Созмони “Диалог”-и муталлиқ ба Фатҳулло Гулен дар соли 2007 дар шаҳри Душанбе шурӯъ ба фаъолият карда ва дар маҳфилҳои он чеҳраҳои саршиноси давлатӣ, сиёсӣ, илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистон, мисли Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири пешини маориф, Маҳмадшо Илолов, собиқ раиси Академияи Илмҳо, Меҳмон Бахтӣ, раиси Иттиҳоди нависандагон ва дигарон иштирок кардаанд.

Зимнан, пас аз кӯшиши табаддулоти нокоми давлатӣ дар Туркия дар рӯзи 15 июли соли ҷорӣ ин кишвар аз ҳамкоронаш дар хориҷа хост, ки фаъолияти муассисаҳои таълимии вобаста ба Фатҳуллоҳ Гуленро мутаваққиф кунанд.

Фатҳуллло Гулен дар ИМА зиндагӣ мекунад

Фатҳуллло Гулен дар ИМА зиндагӣ мекунад

Дар Тоҷикистон мактабҳои миёнаи марбут ба сиёсатмадори турк дар давоми солҳои охир тадриҷан баста шуданд. Ин муассисаҳо дар қаламрави Тоҷикистон соли 1993, бар асоси шартномаи ширкати “Шалола”ва ҳукумати Тоҷикистон ба фаъолият пардохтанд. Баъдан соли 2003 мӯҳлати шартномаи мазкур то 10 соли дигар, яъне то соли 2013 тамдид карда шуд.

Ширкати “Шалола” дар шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Турсунзода, Кӯлоб ва Хуҷанди Тоҷикистон шаш литсей дошта ва ҳамчунин сарпарастии литсейи байналмилалии Душанберо бар ӯҳда дошт. Нахуст фаъолияти ин литсейҳо хайриявӣ буд, вале баъд нархи таҳсил дар ин литсейҳо то ба 1000 доллар барои як соли хониш боло бурда шуд. Дар мавриди фаъолияти ин литсейҳо дар ҷомеаи Тоҷикистон андешаҳо гуногун аст. Бархе волидон мегуфтанд, ки дар ин муассисаҳо тарбияи пинҳонии мазҳабӣ ҳам ҷараён мегирад, вале вазорати маорифи Тоҷикистон ҷараёни таҳсил дар ин муассисаҳоро ҳам зери назорат гирифт. Тадриҷан ин муассисаҳо зери назорати комили вазорати маорифи Тоҷикистон гузаштанд ва статуси “туркии” худро аз даст доданд. Дар моҳи сентябри соли гузашта фаъолияти литсейҳои туркии марбут ба ҷунбиши “Хизмет”-и Фатҳулло Гулен дар Тоҷикистон комилан қатъ шуд. Вале масъулони вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфта буданд, ки дар тасмими онҳо давлати Туркия нақше надорад.

Коршиносон мегӯянд, ки басташавии муассисаҳои сиёсатмадори турки мухолифи ҳукумати Туркия дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигар тасодуфӣ нест. Ин давлатҳо дар масъалаҳои амниятӣ ҳамкориҳои зич доранд ва дар сурати зарурӣ, бо ҳам додугирифтҳое анҷом медиҳанд. Танҳо кишваре дар ОМ, ки даъвати Туркияро барои бастани муассисаҳои таълимии Гулен ошкоро рад кард, Қирғизистон буд. Вазорати умури хориҷии Қирғизистон дар як посухи расмӣ ба Туркия гуфт, ки онҳо нигарониҳои мақомоти расмии Туркияро дарк мекунанд, аммо Қирғизистон қабл аз ҳама як кишвари соҳибихтиёр аст ва худаш тасмим мегирад, ки барояш чӣ хубу чӣ бад аст.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон

Раҷаб Тайиб Эрдуғон

Зимнан, рӯзи 20 сентябр зимни суханронӣ дар Маҷмааи кулли СММ президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон аз давлатҳои ҷаҳон даъват кард, ки зидди Гулен ва “шабакаи террористии” ӯ иқдом кунанд. Гулен дар ИМА ба сар мебарад ва то ҳол мақомоти Вашингтон ба дархости истирдоди ин сиёсатмадор посухи рад додаанд. Гулен, ки муассиси шабакаҳои таълимӣ ва ҳам тиҷоратҳои ғайримазҳабӣ дар даҳҳо кишвари ҷаҳон аст, чанд соли пеш як муттафиқи наздики Эрдуғон ва ҳукумати ӯ буд. Аммо баъди бад шудани равобити онҳо, ба ин сиёсатмадор ҳукми шадиди зиндон дар Туркия таҳдид мекунад.

XS
SM
MD
LG