Пайвандҳои дастрасӣ

Масъулони кумитаи дин, танзими анъана ва маросимҳои миллии Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 6 октябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки “тибқи нақша гурӯҳи охирини ҳоҷиён имрӯз аз шаҳри Мадина тариқи ҳавопаймо ба Душанбе бармегарданд”. Масъулони Фурудгоҳи байналмилалии Тоҷикистон гуфтанд, баргашти ҳоҷиёни тоҷик аз Мадина соатҳои 12 зуҳри имрӯз дар назар аст.

Қарор аст гурӯҳи охирини зоирони тоҷик дар ҳудуди 360 нафар бо ҳавопаймоии Аэробуси ширкати арабии ҳавоӣ ба ватан баргарданд.

Баргашти ҳоҷиёни тоҷик аз Арабистони Саъудӣ ба таърихи 18 сентябр оғоз шуда буд ва дар навбати аввал гурӯҳи 200-нафарии ҳоҷиёни тоҷик ба ватан баргашта буданд.

То имрӯз, иддае аз ҳоҷиёне, ки ба ватан баргаштанд дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз гармии тоқатфарсои Арабистони Саудӣ ҳарф заданд, вале шукрона карданд, ки бо сад мушкилӣ ҳам бошад ба зиёрати хонаи Худо мушарраф шуданд.

Илҳом Аминҷонов, сокини 55-солаи шаҳри Душанбе мегӯяд, ҳарчанд дар гармии 50-дараҷаӣ азоби зиёде кашиданд, вале фаризаи Ҳаҷҷро адо карданд. “Ҳаҷҷ – имтиҳон ва сабру тоқат кардан аст. Қариб дар ҳама намозҳоямон “салоти ҷаноза” хонда мешуд, барои ҳоҷиёне, ки дар хонаи Худо вафот мекарданд. Ман шоҳиди он ҳастам, ки аксари ҳамсафарҳои мо низ азоб мекашиданд, вале худованд ҳамеша дастгир буд ва қувват медод”, - гуфт ӯ ба Радиои Озодӣ.

Дар ҷараёни адои маносики Ҳаҷҷи имсола се зоири тоҷик ҷон доданд ва ҳарсеро дар қабристони "Шароеъ" дар Макка ба хок супурданд. Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин – ниҳоди масъули сафари ҳоҷиёни тоҷик ба Радиои Озодӣ аз Макка гуфт, эҳтимол ҳавои гарм сабаби хуруҷ кардани бемории қалби баъзе аз зоирон шудааст.

Тибқи иттилои кумита, Арал Шукурови 61-сола ва Сарабек Маҳмадови 62-сола, сокинони ноҳияҳои Дустӣ ва Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон дар шаҳри Макка ҷон додаанд. Арал Шукуров баъди расидан ба водии Мино даргузашта, Сарабек Маҳмадов аз дарди қалб дар меҳмонхонае дар Макка дунёро падруд гуфтааст. Нафари севум Ҳикоят Ашӯрова, сокини ноҳияи Ҳисорбуда, дар рӯзи Иди Қурбон даргузаштааст.

Ҳарчанд дар гармии 50-дараҷаӣ азоби зиёде кашиданд, вале фаризаи Ҳаҷҷро адо карданд

Имсол аз Тоҷикистон беш аз 6 ҳазор нафар имкон пайдо карданд, барои адои маносики Ҳаҷҷ ба шаҳрҳои Маккаву Мадинаи Арабистони Саудӣ сафар кунанд. Сафари ҳоҷиёни Тоҷикистон аз 21-уми август оғоз шуд ва то 5-уми сентябр идома кард.

Ҳаҷҷ яке аз рукнҳои панҷгонаи ислом ба шумор меравад ва бар асоси таълимоти исломӣ, барои ҳар фарди мусалмон, ки тавоноии молӣ дошта бошад, давоми умр як бор фарз мебошад. Арзиши хизматрасониҳо дар мавсими Ҳаҷ-2016 дар Тоҷикистон 28 ҳазору 649 сомониву 10 дирам муқаррар шуда буд. Бар асоси дастури ҳукумати Тоҷикистон, танҳо афроди болотар аз 40-сола ҳаққи зиёрати Маккаву Мадинаро доранд

XS
SM
MD
LG