Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди эҳёи "сездаҳбадар" дар Тоҷикистон


"Сездаҳбадар" дар Эрон.
"Сездаҳбадар" дар Эрон.

Дар Тоҷикистон мехоҳанд «Сездаҳбадар» -- яке аз суннатҳои маъруфи наврӯзӣ дар кишварҳои форсизабонро, ки дар рӯзи сездаҳуми соли нави ҳиҷрӣ хуршедӣ барпо мешавад, эҳё кунанд.

Ин маросим дар барномаи имсолаи наврӯзи ин кишвар ҳам ворид карда шудааст. Абдуқодир Абдуқаҳҳор, раҳбари идораи фарҳангии ҳукумати шаҳри Душанбе мегӯяд, ҳарчанд барои ташкили "сездаҳбадар" шаҳрдорӣ ягон барномаи вижаеро рӯйи даст нагирифтаст, ӯ пешниҳоди кардааст, ки тоҷикон ҳам чун мардумони дигар кишварҳои форсизабон ба ин суннати наврӯзӣ арҷ гузоранд ва рӯзи 13-ум ба сайри табиат бароянд. Ба қавли Абдуқодири Абдуқаҳҳор, "сездаҳбадар" яке аз ойинҳои зебои наврӯзӣ аст ва мардуми ориёнажод сездаҳумин рӯзи ҷашни Наврӯзро берун аз манзилҳои худ, дар ҳавоӣ кушод, сипарӣ ва бо ин гӯё аз ҳама гуна бадиҳо ва аз шумораи наҳси 13 фирор мекардаанд.

«Тибқи ривоятҳо, рӯзи сездаҳуми Наврӯз нерӯҳои бадӣ ба хонаҳо поин мешаванд ва мардуми ориёӣ ҳама аз хонаҳо баромада дар саҳро хоб мерафтанд. Яъне, дар баробари одаму табиат нерӯҳои бадӣ ҳам зинда
Абдуқодири Абдуқаҳҳор
Абдуқодири Абдуқаҳҳор
мешавад дар ин мавсим ва онҳоро бо ҳар роҳ, масалан химча мондан дар Бадахшон, об пошидан, ҳазориспанд дуд додан дур мекунанд. Ва хуб мешуд ҳамин оҳиста-оҳиста ҷорӣ мешуд дар Тоҷикистон ҳам. Бовар дорам ин, ки русҳо ҳам имрӯз аз рақами 13 метарсанд, ин ҳам об мехӯрад аз фарҳанги мо.»

Абдуқодир Абдуқаҳор меафзояд, Тоҷикистон дорои дашту даман ва теппаҳои хушманзар аст ва эҳёи сенздаҳбадар ба Наврӯзи тоҷикон рангу ҷилои нав мебахшид. Ба гуфтаи ӯ, эҳёи сездаҳбадарро дар Тоҷикистон метавонанд, рӯзноманигорон ё дигар қишри рӯшанфикри кишвар оғоз кунанд ва бо ташкили як чорабинии дастаҷамъона аз хонаҳои худ берун шуда, дар боғи Ғалаба ҷамъ оянд ва ҳам шодиву тафреҳ кунанду ҳам ба ин суннати қадимӣ эҳтиром гузоранд.

Зимнан, на ҳама сокинони Тоҷикистон дар бораи ин маросим иттилоъ доранд, аммо ҳар сол эрониҳои муқими кишвар онро амалӣ мекунанд. Марям, як хонуми эронӣ, ки солҳо боз бо хонаводааш дар Тоҷикистон ба сар мебарад, мегӯяд, онҳо ҳар сол бо ҳамватанонаш сездаҳбадарро дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе ҷашн мегиранду ҳама рукнҳои ин маросимро он ҷо иҷро мекунанд:
«Мо мегӯем, агар дар ин рӯз дар хона монем, он сол бароямон соли баде хоҳад буд ва бинобар ин дар 13-ум меравем ба берун. Ҳамчунин сабзаи зардшудаи дастурхони ҳафтсини наврӯзиамонро бо худ мегирем ва дар об мепартоем, то ҳама зардиҳои зиндагӣ дар он сол бимонад. Духтарону писарон ин рӯзро кушоиши бахти худ медонанд ва алафи сабзро ба ҳамдигар гиреҳ мезананд. То бегоҳ дар ҳавои кушод мемонем, ва баъдан ба хона баргаштаву бо ҳамин баъди 13 рӯз ҷашни Наврӯз ба поён мерасад.»

Мақомоти тоҷик ҳам умед доранд, пешниҳоди иҷрои маросими "сездаҳбадар" дар ин кишвар аз сӯи мардум хуб қабул мешавад ва ба оҳистагӣ он ба ҳукми иҷро медарояд.

Ҳабибулло Абдураззоқов, ҳунарманди маъруфи тоҷик, бо ёдоварӣ аз солҳои кӯдакии худ мегӯяд, аз ин ойини наврӯзӣ хуб огоҳ ва ҷонибдори эҳё кардани ин суннатӣ наврӯзӣ аст. Ҷаноби Абқураззоқов мегӯяд, агар моҳияту фалсафаи ин маросим аз сӯи фарҳангшиносону таърихнигорони тоҷик ба мардум расонида шавад, "сездаҳбадар" ҳатман ба як рукни Наврӯзи тоҷикон табдил хоҳад шуд:

«Дар кӯдакиҳоям, дар кӯҳистони Кӯлоб, шаҳри Хуҷанд ёд дорам тамоми мардум берун мабаромаданд ва оташ афрӯхта хӯроку нон мепухтанд, аз алафҳои кӯҳӣ ғизоҳои мухталиф омода мекарданд. Ва ба мардуми хурду бегона пешниҳод мекарданд. Мутаассифона дар тӯли 70 -80 соли шӯравӣ мо ин чизҳоро қариб фаромӯш кардем. Аммо ин ҳамаро аз сари нав бояд зинда кард. Бояд бештар тарғиб кард онро миёни мардум. Ҳоло ин ҷашн бо номҳои мухталиф дар кишварҳои зиёде таҷлил мешавад.»

Ба қавли Ҳабидулло Абдуразоқов, "сездаҳбадар" зеботарин маросими неаврӯзӣ аст ва дар ин рӯз, ки ба авоили моҳи апрел рост меояд, ҳама гулу гиёҳу дарахтон пурра шукуфтаву табиат манзараи зебоеро пешниҳоди мардум мекунад ва ба эътиқоди ниёгон ҳам дар ин рӯз бояд ҳама ба саҳро бароянду хастагиҳояшонро берун карда аз табиат ва зебоиҳои он нерӯи тоза бигиранд.
XS
SM
MD
LG