Пайвандҳои дастрасӣ

Интихоботи Қазоқистон: имтиҳони забони давлатӣ


Аъзои комиссияи забон (аз чап) Саид Кашкабасов, мудири Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Мухтор Авезов ва Қурманбайулӣ Шерабаев, мудири Институти забоншиносӣ, Остона, 8 феврали соли 2011.

Аъзои комиссияи забон (аз чап) Саид Кашкабасов, мудири Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Мухтор Авезов ва Қурманбайулӣ Шерабаев, мудири Институти забоншиносӣ, Остона, 8 феврали соли 2011.

Довталабони раёсатҷумҳурӣ дар Қазоқистон танҳо пас аз имтиҳони забони қазоқӣ сабтином мешаванд.

Ин талаботи қонун аст. Аксари сокинони Қазоқистон аз ин иқдом пуштибонӣ мекунанд, зеро ба гуфтаи онҳо, шахси даъвогари тоҷу тахт бояд забони мардуми кишварро донаду фикрашро ба забони давлатӣ баён карда тавонад.

Вале гурӯҳе ин имтиҳонро ҳамчун василаи барканор намудани рақибони русзабони президенти феълӣ Нурсултон Назарбоев арзёбӣ мекунанд.

Имтиҳони забони қазоқӣ аз се марҳила иборат аст:

  • навиштани иншо;
  • қироати матни қазоқӣ бо садои баланд;
  • пешкаш намудани паёми 15 дақиқагӣ ба забони қазоқӣ.

Имтиҳонро як шӯрои панҷнафара қазоват мекунад. Шореҳи қазоқистонӣ, Андрей Чеботарев, мегӯяд: “Агар довталаб ҷавобгӯи тақозои қонун набошад, ӯ аз ширкат дар сабқати раёсатҷумҳурӣ маҳрум мешавад. Аз ҷумла агар забонро надонад, ӯро ба сабқат роҳ намедиҳанд.”

Дар Қазоқистон эҳёи забони қазоқӣ яке аз масъалаҳои зербиноии таҳкими ҳувияти миллӣ дониста мешавад, вале забони русӣ, ки мақоми забони дуюми давлатӣ ва забони муоширати миёни халқҳоро касб кардааст, дар асл забони гуфтугӯи аксарияти аҳолии ин кишвар аст.

То кунун як довталаби эҳтимолии курсии президентии Қазоқистон дар имтиҳони забон нокомӣ шуд ва номзади дигар гуфтааст, забонро намедонад.

Узви Ҳизби "Озод"-и Қазоқистон Валихон Қайсаров, ки аз
Ман намефаҳмам, ки вазифаи комиссияи забон тафтиши донистани забон аз тарафи номзадҳост ва ё санҷиши дониши онҳо ба таври умум...
мунаққидони сарсахти ҳукумат ба шумор меравад, бо 28 хато дар имтиҳони забони давлатӣ ноком шуд. Ӯ мегӯяд, имтиҳонгирон на дониши забони қазоқӣ, балки дониши баъзе мавзӯъҳои хосро санҷиданд, ки ҳадафҳои сиёсӣ дошт.

Қайсаров таҳдид кардааст, ки масъаларо ба додгоҳ мекашад, вале имтиҳонгирон, яъне панҷ устоди донишгоҳҳои Қазоқистон мегӯянд, ки қарор онҳо ниҳоист ва тағйир нахоҳад ёфт.

Довталаби дигари эҳтимолӣ, яке аз пешвоёни ҳизби сабтношудаи "Олға" Владимир Козлов аст. Ӯ соли гузашта эълон карда буд, ки дар интихоботи ояндаи президентӣ довталаби курсии раёсатҷумҳурӣ хоҳад шуд. Ба гуфти Козлов, қарори ногаҳонии президент Назарбоев дар бораи интихоботи пешазмӯҳлат дар моҳи апрели соли равон ба ӯ имкон надод, ки дониши забони давлатиро беҳбуд бахшад.

Владимир Козлов
Имрӯз ба мисли Козлов миллионҳо сокини Қазоқистон бо мушкили забони давлатӣ рӯ ба рӯ шудаанд. Бино бар омори расмӣ, аз миёни 16 миллион аҳолии Қазоқистон камаш 5 миллиону 300 ҳазор нафар аслан ба забони қазоқӣ ҳарф намезананд. Тахминан як миллион нафари дигар забони қазоқиро фақат дар сатҳи маишӣ мефаҳманд. Дар ҳамин ҳол тақрибан 95 дар сади аҳолии Қазоқистон забони муоширати байни миллатҳои ин кишвар -- забони русиро ба таври хеле хуб мефаҳмаду дар ҳаёти рӯзмарра истифода мебарад.

Омори ироашуда баъзе шореҳонро ба ҳадафҳои сиёсӣ доштани имтиҳони забони қазоқӣ мутмаин намудааст. Ҳатто номзади курсии раёсатҷумҳурӣ Мусоалӣ Дуамбеков, ки аз ҳаводорони маъруфи президент Назарбоев буда, ахиран имтиҳони забонро бо муваффақият пушти сар кард, мегӯяд: “Агар мо ба татбиқи имтиҳон назар афканем, ба фикри ман, ҳадаф бояд дониши забони қазоқӣ бошад. Барои мисол аз ман таърихро суол карданд. Вақте онҳо имтиҳон мегирифтанд, онҳо аз ман дониши таърихро месанҷиданд, на дониши забонро. Аз ин нуқтаи назар, ман намефаҳмам, ки вазифаи комиссияи забон тафтиши донистани забон аз тарафи номзадҳост ва ё санҷиши дониши онҳо ба таври умум.”

Баъзе шореҳон эътироф мекунанд, ки пирӯзии президент Назарбоев дар интихоботи ояндаи раёсатҷумҳурӣ барои онҳо хабари ногаҳонӣ нахоҳад буд. Онҳо ба он таъкид мекунанд, ки забони қазоқӣ ба ташвиқу тарғиби бештар ниёз дорад, зеро дар Қазоқистон, ба вижа дар ҳалқаҳои соҳибкории ин кишвар, забони русӣ ҷои забони қазоқиро танг кардааст.

Дар паёми солонааш ба мардуми Қазоқистон президент Назарбоев изҳори умед кард, ки то соли 2020-ум 95 дар сади аҳолии Қазоқистон забони давлатиро аз худ хоҳанд кард. Ӯ бо ифтихор иброз дошт, ки ахиран ҳадди ақалл 25 000 кӯдак аз оилаҳои ғайриқазоқ ба мактабҳое номнавис шудаанд, ки дар онҳо таълим ба забони қазоқӣ сурат мегирад.

Дар ин навори видео хоҳед дид, ки як имтиҳони таҷрибавии шаҳрвандон аз забони давлатӣ чӣ натиҷа додааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG