Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Босаводона навиштани тарҷумаи ҳол, хондани матн ва 10 дақиқа сӯҳбати озод бо забони тоҷикӣ - аз шартҳои аслии сабти номзад ба курсии Маҷлиси намояндагон дар интихоботи порлумонии соли 2015 аст.

Босаводона навиштани тарҷумаи ҳол, хондани матн ва 10 дақиқа сӯҳбати озод бо забони тоҷикӣ - аз шартҳои аслии сабти номзад ба курсии Маҷлиси намояндагон дар интихоботи порлумонии соли 2015 аст. Имтиҳон аз забони давлатӣ барои вакилони оянда дар пайи як тағйирот дар қонун “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олӣ” дар соли 2012 ба роҳ монда шудааст ва ба гуфтаи масъулон, ин имтиҳон, аз имтиҳонҳое, ки дар мактабу донишгоҳҳо аз муҳассилон гирифта мешавад, фарқ мекунад. Абдуманон Додозода, раиси дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 12 декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Дониши забонии номзадҳо аз ҳавзаи якмандатӣ аз ҷониби комиссияҳои ҳавзавии интихоботии вакилони Маҷлиси намояндагон ва аз

номзадҳое, ки дар рӯйхати ҳизбҳои сиёсӣ ворид карда мешаванд, аз ҷониби комиссияи марказии раъйпурсӣ санҷида мешавад. Барои ин муттахассисони соҳаи забон ҷалб мешаванд ва сатҳи забондонии номзадҳо муайян мешаванд”.

Ин навгонӣ, ки тоза ҷорӣ шудааст, баҳсҳоеро дар ҷомеа ба миён овардааст. Бархе ин навгониро мухолиф бо талаботи сарқонун ва бемантиқ арзёбӣ мекунанд, вале дигарҳо онро як иқдоми хуб ва муҳим барои таҳияи қонунҳои барои мардум фаҳмову мушаххас медонанд.

Талаби донистани забони тоҷикӣ аз депутатҳои оянда дар ҳоле ҷорӣ мешавад, ки эродҳо аз забону ҷумлаҳои мушкилфаҳми қонунҳое, ки аз ҷониби вакилони порлумони кишвар таҳия ва муаррифӣ мешаванд, зиёд шунида мешавад. Як сабаби ин ҳам аз нигоҳи забоншиносон ва таҳлилгарон дар поин будани сатҳи дониши забонии вакилони парлумон аст.

Нависандаи тоҷик Қодири Рустам мегӯяд: “Вақте қонунҳоеро, ки порлумони Тоҷикистон ба тасвиб мерасонад, мехонед, мебинед, ки пур аз ғалат аст ва гоҳо аслан чизе фаҳмида намешавад. Сабаби аввал ин аст, ки ин қонунҳо аз қонунҳои кишварҳои дигар, ки ба забони русӣ аст, рӯнависӣ ва тарҷума мешаванд. Дуввум ин, ки сатҳи дониши забонии онҳое, ки ин қонунҳоро таҳия мекунанд, чандон мақбул нест. Бинобар ин, бояд ҳатман дар назди парлумони Тоҷикистон як гурӯҳи кории иборат аз забоншиносон амал кунад, ки баъди арзёбии онҳо, қонун ба тасвиб бирасад”.

Дар зимн, Маҳмадалӣ Ватанов, раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагон ҳам мегӯяд, идея ё пешниҳоди санҷидани

забони модарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагон аз ҷойи хушку холӣ пайдо нашуда, таҷрибаи таҳияву татбиқи қонунҳо дар гузашта ба ин сабаб шудаст: “Албатта, вакил дар таҳияву коркард ва фаҳмонида додани қонун ба мардум бояд бо забони давлатӣ хуб сухан карда тавонад. Ва ин, албатта, таъсири худро дар таҳия ва қабули қонунҳо мегузорад. Таҷрибаи татбиқи қонунҳоро дар гузашта мо ба назар гирифта қарор додем, ки дар қонун тағйирот ворид шавад ва донистани забон барои номзад ҳатмӣ шавад”.

Ҳоло дар пfрлумон кам нестанд вакилоне, ки дониши хуби забонӣ доранд ва дар суханрониву шарҳу таҳияи қонунҳо бо забони шево ва фаҳмои тоҷикӣ сӯҳбат мекунанд, аммо айни замон, депутатҳое ҳам ҳастанд, ки дар ҷаласаҳо зимни муаррифии лоиҳаи қонуне сар аз рӯйи коғаз намебардоранд ва ҳангоми шарҳи қонун мушкилӣ мекашанду дар таҳияи матни тарҳи қонунҳо ҳам ширкати камранг доранд.

Аммо Мардони Муҳаммад, хабарнигоре, ки 25 сол ҷаласаҳои парлумониро пайгирӣ ва матлабу гузоришҳоро таҳия мекунад, мегӯяд, забони пfрлумони имрӯз ба ҳар ҳол аз забони пfрлумони солҳои қабл пешрафт кардаву хуб шудааст. Вай мегӯяд: “Масалан, вакилон қаблан вақте тоҷикӣ сӯҳбат мекарданд, ноҳияро "ноиҳа" мегуфтанд, ё кӣ ба ҷойи “моро дастгирӣ кунед”, мегуфтанд “моро дастгир кунед”. Ё, масалан, Галина Рабиева, ки худаш русзабон аст, ҳоло вақте сӯҳбат ва ё лоиҳаеро муаррифӣ мекунад, тоҷикӣ сӯҳбат мекунад ва тоҷикиаш ҳам хеле хуб шудааст. Яъне, баъзе чизҳо буданд, ки феълан хеле хуб шудааст ва ин, албатта, кори парлумонро беҳтару касбӣ хоҳад кард. Қонун ҳам мушаххасотро дӯст медорад. Он бояд барои ҳама фаҳмову дақиқ бошад”.

Баҳриддин Камолиддинов, забоншиноси тоҷик мегӯяд, дар бархе аз дигар кишварҳо талаби донистани забони давлатӣ дар қонуни интихобот барвақт ворид шудаву на танҳо аз вакилону мансабдорон, балки аз президенти кишвар ҳам он тақозо мешавад. Камолиддин Баҳриддинов, ки як сол, барои таҳриру соддасозии забони қонунҳо бо порлумони Тоҷикистон ҳамкорӣ кардааст, мегӯяд:

“Се-чор сол пеш аз ин ман бо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олӣ қариб як сол ҳамкорӣ кардам. Саъдулло Хайруллоев маро даъват карда гуфтанд, қарору қонунҳое, ки мо мебарорем, ба мардум рафта намерасад. Шумо ин ҳуҷҷатҳоро аз назар гузаронед ва ба забони мардумӣ наздик кунед, то мардуми оддӣ забони онро донад ва ҳуқуқи худро шиносанд. Мо кӯмак кардем, ҳоло вазъ беҳтар аст, аммо, масалан, аз бисёр кас ҳоло пурсед, "қонуни маъмурӣ чӣ маъно дорад?" - намедонад. Барои донистани ин чизҳо дар оянда вакили халқ бояд забони адабии тоҷикиро донад ва дар вақти муҳокимаву фаҳмондадиҳиҳо фаъолона иштирок кунад”.

Аммо аксар мусоҳибони мо имтиҳони забони давлатӣ аз вакилони ояндаро дар интихоботи соли 2015 барои ташкили як парлумони касбӣ амри хеле муҳим медонанд. Чун, ба таъкиди ин мусоҳибон, албатта, ба шарте, ки ин имтиҳон одилона ва мунсифона сурат бигирад ва дониши номзадҳо ҳам аз ҷониби онҳое санҷида шавад, ки воқеан мутахассиси хуби забони тоҷикӣ ҳастанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG