Пайвандҳои дастрасӣ

Қатъи ҷустуҷӯи ҷасади қурбониёни ярч ва таъзияи Шабдолову Кабирӣ


Ҷустуҷӯи ҷасади 8 қурбонии дигари ярч дар маҳалли Яккабеди ноҳияи Файзобод қатъ ва намози ҷанозаи онҳо дар ҷои ҳодиса хонда шуд. Мақомот гуфтанд, фақат сарбозон чанд муддат дар он ҷо хоҳанд монд.

Раҳбарияти ҳизби коммунист ва наҳзати исломии Тоҷикистон ба оилаи қурбониёни ярч дар ноҳияи Файзобод изҳори ҳамдардӣ карданд. Шодӣ Шабдолов -- раиси ҳизби коммунист рӯзи 4 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ин фоҷиа сахт андӯҳгинанд ва бисёр мехостанд, мотами эълон бишавад.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳзиби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки ин шабу рӯз дар Истамбул қарор дорад, низ бо нашри номае гуфтааст, "хабари шаҳодати ҳамдеҳагони азизамро дар асари фаромадани ярч бо камоли таассуф ва андӯҳ дарёфтам." Оқои Кабирӣ дар идома Яккабедро деҳаи таърихӣ номида ва афзудааст, "мардум бидонанд, ки ин соатҳо на танҳо зодагони ин диёр, балки ҳамаи миллати тоҷик дар тамоми гӯшаҳои олам дуогӯву ҳамдарди шумоянд."

100 ҳазор сомонии Э.Раҳмон

Аз фонд ё бунёди захиравии Эмомалӣ Раҳмон -- раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ҳар кадом оилаи даҳ қурбонии ярч дар ноҳияи Файзобод 10 ҳазор сомонӣ, яъне дар маҷмуъ, 100 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ дода шудааст. Бахтиёр Худоёрзода, раиси дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон, ки 4 апрел дар намози ҷанозаи қурбониёни ярч дар рустои Яккабед сӯҳбат мекард, гуфт, бар илова, ҳукумати ноҳияи Файзобод муваззаф шудааст, то мушкили оби сокинони ин минтақаро ҳал кунад.

Вай афзуд, "аз байн рафтани даҳ нафар барои Тоҷикистон хеле талафоти сангин аст. Ҳукумати Тоҷикистон ба сарварии Ҷаноби олӣ тамоми чораҳоро дида истодааст ва инро донед, ки Ҷаноби олӣ, ҳукумат ва ҳамаи мо бо шумоем."

Рӯзи 4 апрел маросими дафни Маҳмад ва Шодмон Умаровҳо, ки амакбача буда, ҷасадашон рӯзи ҷумъа аз зери ярч пайдо шуд, баргузор гардид. Баъдан мақомот ва хонаводаи қурбониён тасмим гирифтанд, намози ҷанозаи ҳашт нафари боқимонда дар зери ярчро дар ҷои ҳодиса бихонанд. Ҳоло ҷустуҷӯи ҷасадҳои боқимонда қатъ шудааст ва мақомот гуфтанд, барои чанд муддат сарбозони кумитаи ҳолатҳои фавқулода он ҷо мемонанд ва агар ҷасаде пайдо шуд, ба хонаводаҳояшон ашон хоҳанд супурд.

Таъзияи Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон -- раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 3 апрел баъд аз расонаӣ шудани хабари дар зери ярч мондани даҳ сокини Файзобод барои имдод ба осебдидагон дар раъси Азим Иброҳим, муовини нахуствазир комиссияи ҳукуматӣ таъсис дод. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, оқои Раҳмон бо раиси ноҳияи Файзобод Имомназари Каримиён низ телефонӣ сӯҳбат карда, ва ба ӯ дастур додааст, ба зарардидагон кумакҳои фаврӣ расонанд.

Ӯ, инчунин, ба хонаводаҳои қурбониёни ин ҳодиса изҳори тасаллият намудааст.

Манбаъ меафзояд, бо дастури раисиҷумҳур комиссияи ҳукуматӣ бо роҳбарии муовини нахуствазир Азим Иброҳим, вазири умури дохилӣ Рамазон Раҳимзода, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймуъмин Ятимов ва раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Акбар Ятимзода ба ҷои ҳодиса рафтаанд.

Лағзиши теппа

Бар асари лағзиши як теппа дар деҳаи Яккабеди ноҳияи Файзобод даҳ нафар зери хок мондаанд. Ориф Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии Тоҷикистон мегӯяд, ин ҳодиса рӯзи 3 апрел, соати 13:10 ба вақти маҳаллӣ рух додааст.

Сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон афзуд, гурӯҳи наҷотбахши ин ниҳод ба маҳалли ҳодиса рафтаанд: "Мо ҳоло сабабҳои ба вуқӯъ пайвастан ва чӣ гуна рух додани ин ҳодисаро меомӯзем." Аз тарафи маркази наҷотдиҳии Кумита соати 14:30 дақиқаи 3 апрел 10 нафар наҷотдиҳанда ба ҷои ҳодиса расида, то кунун ду нафар аз зери ярч берун карда шудаанд.

Гузоришгари Радиои Озодӣ Фарзон Муҳаммадӣ хабар дод, ки корҳои ҷустуҷӯии мутахассисони ҳолатҳои изтирорӣ то соати 20:00 идома карда, мақомоти баландпоя ҳам ба Душанбе баргаштанд. Ба гуфтаи ӯ, сокинони маҳаллӣ сабаби сар задани офати табииро бо ҳашари насби қубури обгузари худсохт иртибот медиҳанд, ки аз як чашмаи зери кӯҳе дар масофаи 4-5 километр роҳ то дохили русто пайваст шуда, ҳудудан 120 хонаводаи сокини деҳаро бо оби нӯшокӣ таъмин мекард. Бар асари бориши зиёди борон, хок нарм шуда кӯчида, аз баландии тахминан 10 метр мардони машғули насби қубурро зер кардааст.

Сабаб – қубури обгузар

Сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон Ориф Нозимов гуфт, соати 16:30-и 3 апрел 39 сарбози қисми ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода барои наҷоти мардуми зерихокмондаи деҳаи Яккабед сафарбар шуданд. Аз амалиёт раиси ноҳияи Файзобод Имомназари Каримиён ва муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон генерал Рустам Шоев назорат мекунанд.

Дар ҳамин ҳол Аслам Ашӯров, раиси маҳаллаи деҳаи Яккабеди ҷамоати Меҳрободи ноҳияи Файзобод мегӯяд, мардони деҳа рӯзе пеш тасмим гирифтанд, то қубури обрасон ба деҳаро дубора таъмир кунанд. Зеро ба гуфтаи ӯ, бинобар осеб дидани қубур, ба деҳа об ба душворӣ мерасид. Ӯ мегӯяд, ҳоло ҳама дар як ҳоли парешонӣ қарор доранд ва раҳбарони ноҳия ва масъулони Кумитаи ҳолати фавқулодда дар якҷоягӣ бо сокинон талоши берун овардани зерихокмондагонро доранд.

10 НАФАРЕ, КИ ЗЕРИ ЯРЧ МОНДААНД:

Алимардонов Шодмон, соли тавалудаш 1990

Умаров Маҳмад, соли тавалудаш 1987

Одинаев Худойбердӣ, соли таваллудаш 1963

Абдуллоев Исломиддин, соли тавалудаш 1989

Ҷалилов Саид, соли тавалудаш 1997

Кабиров Далер, соли тавалудаш 1998

Нуров Фахриддин, соли тавалудаш 1986

Толибов Мақсуд, соли тавалудаш 1996

Қурбонов Наим, соли тавалудаш 1979

Шодиев Мақсад, соли тавалудаш 1986.

XS
SM
MD
LG