Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

19 хонаводаи зилзиласанҷонро дар Рашт мекӯчонанд. Аммо ба куҷо?


Соҳибони 19 манзил дар Маркази зилзиласанҷии Рашт воқеъ дар 15 километрии маркази ин ноҳия мегӯянд, ки мақомоти пулиси Ғарм барои тарк кардани манзилҳо то 1-уми апрели соли 2014, аз онҳо талаби забонхат кардаанд.

Толибҷон Раҳимов, мутахассиси Маркази зилзиласанҷии ноҳияи Рашт рӯзи 17 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, тайи ду рӯз аст, ки кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия омада аз онҳо талаби навиштани забонхат барои тарк кардани манзилҳояшонро мекунанд.

Ин мутахассиси Маркази зилзиласанҷии ноҳияи Рашт гуфт, «соли гузашта 5,7 гектар замини Маркази зилзиласанҷӣ ба ихтиёри вазорати дифоъ дода шуд, вале мақомот мегӯянд, ки гӯё дар ҷои хонаҳои мо барои сарбозони ин вазорат манзили зист месозанд. Барои ҳамин моро аз инҷо кӯч доданӣ ҳастанд, вале ба куҷо, маълум нест.»

Аммо дафтари матбуоти вазорати дифоъи Тоҷикистон дар масъалаи кӯч додани истиқоматкунандагони маҳалли Маркази зилзиласанҷии Рашм изҳори бехабарӣ кард. Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи ин вазорат гуфт, ки ба эҳтимоли зиёд ин масъала вуҷуд надорад, вале вай кӯшиш хоҳад кард, ки қазияро бо қисми ҳарбии вазорати дифоъ дар ноҳияи Рашт рӯшан намояд.

Толибҷон Раҳимов, мутахассиси Маркази зилзиласанҷии ноҳияи Рашт мегӯяд, вай 50 сол аст, ки дар ин марказ хизмат кардааст ва аксари хонаводаҳое, ки дар инҷо ба сар мебаранд, коргарони ҳамин марказ мебошад. Вале ба қавли онҳо, тайи ин солҳо дар ин хонаҳо зиндагӣ кардаанд, вале хусусӣ карда нашудаанд.
Ҳоло ҳар хонавода соҳиби 4-5 фарзанд мебошад ва бо ин вазъият намедонанд чӣ кор кунанд. Чун ба қавли вай, дар ивази манзилҳои зисташон ҷое дигар ваъда накардаанд: «Ман ду фарзандам маъюб ҳастанд, ки дар соли 1998 дар як даргирии муҷоҳиддин собиқ бо низомиёни баталони ВКД тир хӯрданд ва ангуштони яке аз бачаҳоям хушк шудаанд.»

Аммо котиботи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон зикр кард ки аз ин қазия огоҳ аст ва ин масъалао бо сокинони макази зилзиласанҷии Рашт баррасӣ кардааст. Фарҳангистони улуми Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳеҷ ниҳоде ҳаққи маҳрум кардани ин афродро аз ҷои зисташон надорад ва онҳо солҳои зиёд дар ин макон зиндагӣ кардаанд ва тайи ин муддат харҷу сарфи иқоматро пардохт карданд.

Ҳоло Маркази Зилзиласанҷӣ аз тобеъияти Фарҳангистон улум ба ихтиёри Пажуҳишгоҳи геология дода шудааст. Дар ин маркази зилзиласанҷӣ ҷамъан 19 хонавода ба сар мебарад ва аз даврони Шӯравӣ ба ин тараф ҳамчун мутахассис ва корманд дар ин ниҳод фаъолият доранд.
XS
SM
MD
LG