Пайвандҳои дастрасӣ

Пайдо кардани хонанда ва дубора ба "аниси кунҷи танҳоӣ"-и мардум табдил додани китоб аз чолишҳои умдаест, ки аҳли адаби Тоҷикистон имрӯз дар рӯбарӯяш қарор доранд.

Дар иҷлосияи навбатии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар Душанбе вазъи насри имрӯзи тоҷик баҳс шуд. Дар ин нишаст нигоҳи нависанда ба замон, таҳқиқи бадеии падидаҳои рӯз ва сабку услуби нигорандагӣ ва ҳамчунин ҳузури хонанда дар адабиёти муосир мавриди баҳсу баррасии нависандагону мунаққидон қарор гирифт.

Абдулҳамиди Самад, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон рӯзи 14 ноябр дар ҳошияи ин ҳамоиш ба Радиои Озодӣ гуфт, ба насри солҳои охир яксон баҳои мусбат додан дуруст нест, зеро дар солҳои ахир асарҳои насрии хуб ба нашр расиданд. Ба назари ӯ, «дар адабиёти солҳои 90-ум ва баъди он тамоюлҳое наве арзи вуҷуд карданд, ки дар насри солҳои пешин мушоҳида намешуд. Яке аз ин тамоюлҳои нави адабӣ рӯ овардан ба шахсиятҳои таърихӣ аст. Дар адабиёти шӯравӣ баъди устод Садриддин Айнӣ бештар дар бораи шахсиятҳои муосир ва воқеоти ҳамон замон менавиштанд.»


Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон пайдо кардани хонандагони асили китоб ба мисли ҷустуҷӯи «тухми анқо» шудааст. Ба қавли худи адибон низ хонандагони китобро танҳо дар доираи адабӣ дучор омадан мумкин аст.

Абдулҳамид Самад

Абдулҳамид Самад

В​ақте мо дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе аз мардум суол кардем, ки кадом нависандаҳои муосири тоҷикро медонанд ва асарҳояшро мутолиа мекунанд?, бештари онҳо посухи рад доданд. Аммо як нафар ҳамчун нависандаи писандидааш аз «Сайф Раҳмон» ном гирифт ва дигаре гуфт, мутолиаи асарҳои нависандаи хуби тоҷик Ҳошим Гадоро меписандад.

Дар ҳоле, ки нависандаи тоҷик Сайф Раҳими Афардӣ ном дорад ва Ҳошим Гадо, ҳамчун ҳунарманди синамо ва театр шинохат шудааст ва танҳо андешаҳои фалсафиашро нашр кардааст.

Як ҷавони донишҷӯ низ гуфт, «хондани китобро дӯст медорам, аммо ба мутолиаи асарҳои адибони муосир шавқ надорам.»

Видеои ин сӯҳбатҳои мардумро инҷо тамошо кунед:


Аслан, дар ҷомеа чунин назаре шакл гирифтааст, ки имрӯз нависандагони тоҷик асарҳое наменависанд, ки дархури ниёзи замон бошад ва аз ин хотир наметавонанд хонандаи худро пайдо кунанд.

Аммо адиб ва мунаққиди тоҷик Рустами Ваҳҳоб мегӯяд, онҳое, ки чунин назар доранд, аслан аз адабиёт бехабаранд ва барои исботи суханони хеш наметавонанд далел оваранд. Рустами Ваҳҳоб гуфт, имрӯз нависандагони тоҷик Абдулҳамид Самад, Саттор Турсун, Сорбон, Баҳманёр, Ӯрун Кӯҳзод, аз нависандагони насли нав Луқмонзода, Баҳманёр Муродӣ асарҳои хубу хонданӣ менависанд, аммо «василаҳои иттилоотӣ он қадар мағзи ҷомеаро пур кардаанд, ки онҳо дигар ниёз ба мутолиаи китоб надоранд. Китобхонаҳо фаромӯш шудаанд.»

Рустами Ваҳҳоб

Рустами Ваҳҳоб

Ба андешаи Рустами Ваҳҳоб, ин даври гузарост ва дар кишварҳои пешрафта аллакай марҳилаи аввали тӯфони иттилоотиро пушти сар карда, дубора рӯ ба асарҳои чопӣ овардаанд.

Аз сӯи дигар, бархе аз аҳли адаб иқрор мешаванд, ки нависандаҳои тоҷик аз замон қафо мондаанд ва барои пайдо кардани хонандаашон роҳу василаҳои муосирро ҷустуҷу намекунанд. Нависанда Маҷид Салим гуфт, «китоб бо теъдоди хеле кам ба нашр мерасанд ва дар ҷаҳоне, ки технологияи муосир рушд кардааст, мо бояд асарҳои худро тавассути Интернет ва расонаҳо ба хонанда пешниҳод кунем. Ва асарҳое офарем, ки бозгӯи тақозои хонандаи имрӯз бошанд.»

Саттор Турсун

Саттор Турсун

​Аммо як гурӯҳи дигари адибон бовар надоранд, ки чунин василаҳо барои пайдо кардани хонандаи бештари китоб мусоидат кунанд. Онҳо мегӯянд, имрӯз сармоя ба мақоми аввал баромадааст ва ҳама дар андешаи пайдо кардани неъмати моддӣ афтодаанд. Нависандаи саршиноси тоҷик Саттор Турсун гуфт, «рӯ ба китоб ва фарҳанг овардани мардум аз вазъи ҷомеа вобаста аст. Агар аз ҷиҳати иқтисод мустаҳкам шавем, ҳама ба фарҳанг рӯ меоранд. Имрӯз ба фарҳанг рӯ овардан иҷборӣ аст. Бояд ҷомеа ба ояндааш боварии комил дошта бошад.»

Шарифҷон Кабиров, сокини ноҳияи Ҷилликӯл, худро аз дӯстдорони китоб мешуморад ва мегӯяд, ҳар бор ба Душанбе барои харидани китоб меояд, зеро дар маҳалҳо нархи китобҳо гаронтаранд ва дастрас карданашон душвор аст. Шарифҷон Кабиров мегӯяд, китобҳои хондани зиёданд, аммо нархашон гарон аст: «Як китоб аз 25 то 45 сомонӣ. Ин бисёр гарон аст. Дар мағоза нархи як китоб барои кӯдакон аз 9 то 20 сомонӣ аст, ки на ҳама қудрати харидории онро доранд.»

Дар ҳамин ҳол, Абдуаҳад Гадойбоев, мудири шӯъбаи истеҳсолоти нашриёти «Адабиёти бачагона» сабаби гаронии нархи китобҳоро ба баланд будани андоз рабт медихад, ки болои нархи аслии китоб, 18 дарсад зам шудааст. Абдуаҳад Гадойбоев мегӯяд, агар андоз аз фурӯши китоб камтар ё барои давраи муайян аз байн бардошта шавад, шумораи хонандагони китоб меафзояд. Ба назари ӯ, дар ду соли охир таваҷҷӯҳи хонандагон ба асарҳои тозаэҷоди адибон бештар шудааст ва ноширон барои бо нархи арзонтар ба мардум дастрас кардани китоб намоишгоҳҳо баргузор мекунанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG