Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи гарони китобҳову ҷомеаи "китобгурез"


Бисёре аз ҳамсӯҳбатони мо аз нархи китобҳои адибони тоҷик шиква карданд, ки барояшон дастнорас аст.

Мо бо омӯзгор Ҷалолиддин Исмоилов вақте ҳамсӯҳбат шудем, ки дар фурӯшгоҳи "Олами китоб" саргарми варақ задани куллиёти Лоиқ Шералӣ буд. Ҳарчанд дилаш намехост, аммо ӯ китобро ба фурӯшанда баргардонд.

Вай гуфт, агарчӣ дӯстдори каломи Лоиқ Шералист, аммо имкони ба 150 сомонӣ харидани куллиёти ин шоирро надорад. "Китобҳои бадеиро, ки мо харидаву хондан мехоҳем, нархашон бениҳоят болост. Ин ҷо интихоб хеле зиёд аст, вале бо нархи дандоншикан. Дар мавриди куллиёт ҳоҷати гап ҳам нест. Ҳатто дар бозорҳо чунин китобҳо аз 60 ва 70 сомонӣ ба боло нарх доранд",-афзуд муаллим Исмоилов.

Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, дар ҳоле ки мақомот пайваста дар мавриди ҷалби мардум ба китобхонӣ сухан мегӯянд, гаронии нархи китобҳои бадеӣ дӯстдорони мутолиаро аз дӯконҳои китобфурӯшӣ ноумед берун мекунад. Зимнан, тӯли ду соате, ки дар "Олами китоб", яке аз дӯконҳои ангуштшумори китобфурӯшӣ, воқеъ дар маҳаллаи "Гулистон" қарор доштем, аз ғуфраи китобҳои бадеӣ як адад ҳам ба савдо нарафт.

Гулчеҳра Икромова, фурӯшандаи мағоза, мегӯяд, ду моҳ инҷониб фурӯши китобҳои бадеӣ ба истилоҳ "мурдааст". Ҳарчанд ба гуфтаи ӯ, талабгорони чунин китобҳо хеле зиёданд, вале бинобар гаронии нархҳо кам нафароне ёфт мешаванд, ки онҳоро харидорӣ намоянд.

Дар мағозаи "Олами китоб" китобҳои бадеӣ аз 14 то 250 сомонӣ арзиш доранд. Асарҳои бузурги адибони классик, ки бештар аз 80 сомонӣ нархгузорӣ шудааанд, дар рафҳои болоии фурӯшгоҳ чанг гирифта хобидаанд. Камоли Бекзода, яке аз дигар дӯстдорони китоб, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бо сарфа аз дигар манбаъҳо талош мекунад, моҳе ҳадди ақал як китоб харидорӣ намояд, вале боз ҳам китобҳое низ ҳастанд, ки то имрӯз харидории онҳо барояш орзу боқӣ мондааст.

Камоли Бекзода дар идомаи сӯҳбаташ гуфт, "ҳоло мебинам, китобҳо 78, 90 ва ҳатто аз 100 сомонӣ болотар китобҳо нарх доранд, ки хонанда онҳоро танҳо як тамошо мекунад ва пас гашта меравад. Бигзор, салобати баланд надошта бошанд, аммо барои мардум дастрас бошанд."

Бори охир кай китоб хондед?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:03 0:00
Линки мустақим


Фарҳоди Карим, раиси нашриёти давлатии "Адиб", мегӯяд, агар қаблан ин нашриёт то як миллион нусха китоб чоп мекард, ҳоло ҳудуди 5 ҳазор нусхаи китобҳоро мунташир мекунад, ки он ҳам ба кундӣ ба фурӯш меравад. Ҷаноби Карим афзуд, "ҳамеша аз даромади худи нашриёт ҳар сол то 40 ё 50 номгӯи китобҳоро чоп мекардем, лекин дар ин авохир, мутаассифона, китобҳо чандон ба фурӯш намераванд."

Муҳибуллоҳи Қурбон
Муҳибуллоҳи Қурбон
Аз нигоҳи адиби тоҷик Муҳибуллои Қурбон, як иллати чунин вазъ монополия шудани бозори фурӯши китоб будааст. Ба таъкиди ӯ, маҳз ҳамин вазъият водор кардааст, ки китобҳои бачагонаро дар шакли электронӣ дар торнамои худ бо номи Гул-гул ҷой кунад: “Бо назардошти он ки китобҳои кӯдакона хеле нархи гарон доранд, ҳоли ҳозир навиштаҳои назму насри 60 нависандаро мо дар торнамо (сайт)-и Гул-гул ҷой додем. Барои анҷоми ин кор ман маблағи зиёдро аз ҷайби худ масраф кардам ва бинобар маҳдуд будани захираи молиявӣ мо наметавонем асарҳои маъруфи ҷаҳонро баргардон ва дар сайт ҷой кунем."

Ҳарчанд таҷрибаи электронӣ шудани китобҳо беш аз пеш дар аксари кишварҳо мушоҳида мешавад, аммо боз ҳам ба гуфтаи дӯстдорони китобҳои чопӣ бӯю шакл ва варақҳои зардшудаи китобҳои чопиро наметавон тариқи монитор эҳсос кард. Дар ҳамин ҳол Шаҳрия, шоираи шинохтаи тоҷик, мегӯяд, мебояд китобҳоро мувофиқ ба табақаҳои ҷомеа чоп ва ба фурӯш гузошт. Ба гуфтаи вай, "масалан, дар Ҷопон ва дигар кишварҳои Аврупо барои ҳар як тоифа мардум вобаста ба иконоти молиаш гӯшаҳои алоҳидаи фурӯши китоб вуҷуд дорад. Ҳамагӣ метавонанд дунёи маънавии худро ғанӣ гардонанд. Ҳоло фурсати он аст, ки дар Тоҷикистон низ аз чунин иқдом истифода бурда шавад."

Ба гуфтаи хонум Шаҳрия, ҳамин гуна гарон боқӣ мондани арзиши китобҳо ба афзоиши сафи бесаводон сабаб мешавад, ки кишварро ба ақиб хоҳад бурд, на ба пеш.
XS
SM
MD
LG