Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Камбуди равоншинос ва "бозори гарм"-и муллоҳо дар Бадахшон


Раёсати тандурустии Бадахшон мегӯяд ниёз ба кӯмаки равонӣ дар қаламрави вилоят бештар шудааст.

Нуралӣ Додалиев, муовини сардори идораи тандурустии вилояти Бадахшон бо ишора ба афзоиши ҳодисаҳои худкушӣ дар байни ҷавонону наврасон ва равандҳои дигари номатлуб таъкид мекунад, ки ниёз ба мутахассисони равоншинос дар вилоят афзоиш ёфтааст. Ба гуфтаи ин манбаъ айни ҳол дар қаламрави ин вилоят ҳамагӣ як равоншинос фаъолият мекунад: “Мутахссисони равоншинос дар муассисоти таълимӣ, тандурустӣ ва ҳам комиссияҳои комисариатҳои ҳарбӣ зарур ҳастанд, вале мутахассис надорем."

Дар шароити камбуди шадиди равоншиносон, аксари сокинони Бадахшон барои дарёфти оромиши равонӣ ё рафъи тарсу ваҳм аксаран ба муллоҳо муроҷиат мекунанд. Рустами Содиқиён, сокини маҳаллаи Ёгеди ноҳияи Дарвоз, мегӯяд, эътимод ба мулло ё халифаҳо аз анъанаҳои мардуми ин минтақа сарчашма мегирад, ки руҳониён дар ин ҷо ҳамеша чун шахси босавод, маслиҳатгар ва таскинбахш нуфуз доштаанд: «Дар гузашта ҳам мардуми минтақа барои рафъи беморӣ ва тарсу ваҳм бештар ба мулло муроҷиат мекарданд. Баробари ин эътимоди ҷомеа ба равоншиносон низ зиёд аст.»

Дар ҳамин ҳол таҳлилгарон мегӯянд, амалиёти низомии Хоруғ дар моҳи июли соли гузашта, афроди ниёзманд ба оромишу кӯмаки равониро бештар намуда, бозори муллоҳоро гарм кардааст. Мардуми минтақа мегӯянд дар пайи ин амалиёт ашхоси зиёде осеби равонӣ дида, эҳтиёҷ ба кӯмаки равоншиносон афзоиш ёфтааст.

Ҷамолиддин Низомиддинов, писари руҳонии мӯътабари минтақа, Исомиддин Низомиддинов, яке аз он шаҳрвандони мулкие буд, ки дар ҷараёни амалиёти моҳи июли соли 2012 тасодуфан дар ҳавлиаш ҳадафи тири сарбозон қарор гирифтааст. Айниддин, бародари Ҷамолиддин, мегӯяд, фарзандони марҳум аз марги нобаҳангоми падар ҳанӯз ба худ наомадаанд ва ба кӯмаки равонӣ ниёз доранд: “Бархе аз сокинони Хоруғ, махсусан наврасон ба кӯмаки равоншиносон ниёз доранд, ки дар вилоят тақрибан расонида намешавад. Кӯмаки равониро ҳамон равоншиносе метавонад расонад, ки бо муҳит дар минтақа ошно бошад.»

Рамзӣ Амонов, як хонандаи мактаби миёна аз шаҳри Хорӯғ, мегӯяд, баъди амалиёт, махсусан духтарони ҳамсолаш тарсу шудаанд: “Баъди ҷанг дар дили хоҳароне, ки ҳамроҳи мо мехонанд тарс бештар шудааст. Вақте садои каме баландро мешунаванд, тез метарсанд ва якқад мепаранд.»

Рӯҳшинос Имомбек Холдорбеков мегӯяд, ки вазифаи ӯ ташхису табобати ашхоси рӯҳан бемор аст, «аммо камбуди равоншиносон дар минтақа боис шудааст, ки баъзан бо афроди ба кӯмаки равонӣ ниёздошта, сарукор мегирад.» Вай афзуд, ки бо вуҷуди эҳтиёҷоти зиёд ба равоншиносон дар кишвари мо мақомот ва шаҳрвандон заруратро ба онҳо ҳанӯз дарк накардаанд.

Дар ҳамин ҳол ҷойи равоншиносонро дар вилояти Бадахшон «табибони мардумӣ» гирифтаанд, ки барои ҳар бемории равонию ҷисмонӣ ҳатман даъвое доранд. Яке аз чунин «табибони мардумӣ», ки дар минтақа муштариёни зиёд дорад, ба аксари корафтодагон барои шифо ва оромии руҳию ҷисмонӣ ашки нахчирро тавсия медиҳад.

Маҳмадкарим, яке аз корафтодагони ин табиб ва ҳамчунин зарофатгӯйи шинохта дар Бадахшон, баъди оне, ки ин табиб барояш ашки нахчирро даъво фармудааст, ҷавоб додааст, ки «фарз кардем, бо як илоҷе нахчирро меқапам, аммо лутфан бигӯед, ки чӣ тавр бояд онро гирёнам. Ман бояд чӣ гӯям ё анҷом диҳам, ки нахчир ба ҳолам раҳм кунаду ашк резад.»

Раҳбарияти ноҳияи Ванҷ ба суол дар мавриди эҳтиёҷот ба кӯмаки равонӣ дар ноҳия изҳор доштанд, ки ба дунболи заминларзаи пайдарпайи шадиди чанд соли қабл мардуми ноҳия, хисороти зиёд дидааст ва барои рафъи ин оқибатҳо мардум на ба кӯмаки равонию равоншинос, балки ба пул бештар ниёз доранд.
XS
SM
MD
LG