Пайвандҳои дастрасӣ

Расонаҳои мустақили Ӯзбакистон дар рӯбарӯи мушкилоти молӣ


Расонаҳои мустақиле, ки роҷеъ ба Ӯзбакистон хабару гузоришҳо нашр мекунанд, мегӯянд, ки талоши онҳо барои иҷрои масъулиятҳояшон дучори мушкилоти молӣ шудаанд.

Ин расонаҳо ҳамеша талош кардаанд дар қаламрави Ӯзбакистон ҷои пои худро мустаҳкам гардонад. Вале ҳоло эҳтимоли аз байн рафтани бархе аз расонаҳои ошкоргӯву боҷасорати мустақил беш аз пеш афзудаанд. Ҳоло масъала хеле содда аст, мушкил дар набуди манбаи даромад будааст.

Абдураҳмон Тошанов, сардабири вебсайти harakat.net, ки дар Тошканд ба сар мебарад, мегӯяд, маблағгузории кори матбуоти мустақил дар Ӯзбакистон рӯз то рӯз кам мешавад. Вай мегӯяд, ки солҳои охир донорҳои байналмилалӣ сармоягузории кори ин вебсайтро хотима додаанд ва ҳоло кори ин вебсайт аз ҳисоби пулҳои шахсиятҳои алоҳида ва хонандагон пеш бурда мешавад. Вобастагии молии расонаҳо аз грантҳои хориҷӣ ба кайфияти кори онҳо дар заминаи пӯшиши хабарии рӯйдодҳое, ки дар Ӯзбакистон мегузаранд, таъсири манфӣ расонидааст.

Хабару гузоришҳо дар Uzmetronom.com – сайти интернетии маъруфи хабаррасон, ки дар Тошканд мустақар аст, асосан аз ҷониби як нафар – сардабири он нав мешаванд. Оҷонсиҳои хабаррасони дигар, ба мисли ferghana.ru (воқеъ дар Русия) ва harakat.net маҷбур шуданд тавассути сайти интернетиашон ба хонандагон муроҷиат карда, дархости маблағгузории кори онҳоро ошкоро баён кунанд. uznews.net, сайти дигари хабаррасони интернетӣ, аслан баста шуд.

Ин чаҳор сайти интернетӣ тӯли солҳои зиёд барои инъикоси ҳодисаҳои марбут ба поймолшавии ҳуқуқи инсон аз ҷониби ҳукумати худкомаи Ӯзбакистон ихтисос ёфта, вазъи шиканҷа дар зиндон ва болоравии мизони ришватро дар кишвар нотарсона пайгирӣ кардаанд.

Ҳукумати Ӯзбакистон баъди рӯйдодҳои хунини Андиҷон дар соли 2005 фишорро болои матбуоти мустақил афзоиш дод. Моҳи маи он сол дар паи эътирози соҳибкорон аз ҳукми ноодилонаи додгоҳ, ба бовари фаъолони ҳуқуқи инсон, садҳо нафар кушта шуданд. Дар пай, журналистони зиёд, ки аз ин амали президент Ислом Каримов интиқод карданд, мавриди фишори шадид қарор гирифта, маҷбур шуданд кишварро тарк кунанд. Даниил Кислов, муассис ва сардабири оҷонсии байналмилалии ferghana.ru мегӯяд, ки баъди Андиҷон ин оҷонс низ аккредитатсия ё иҷозати фаъолият дар хоки Ӯзбакистонро аз даст дод.

Кислов гуфт, таваҷҷӯҳ ба хабарҳои ин оҷонс ҳамоно зиёд аст ва ҳамарӯза то 5 ҳазор хонандаи нав вориди ин сайт мешаванд, ки аксарашон аз Ӯзбакистонанд.


Кислов, ки аз вазъи сангини молии оҷонсии ferghana.ru нороҳат аст, мегӯяд, ҳанӯз намедонад, ки масъалаи камбуди маблағ барои пардохти ҳаққи кори хабарнигоронаш дар дохили Ӯзбакистон ба кадом шакл ҳал хоҳад шуд.

  • Бешак, ба журналистоне, ки дар чунин шароити сахт кор мекунанд, бояд пули бештар дода шавад. Ин меҳнати бисёр хатарнок, ҷиддӣ ва бомасъулият аст. Илова ба ин, дар шароити он кишвар, ки дарёфти иттило як кори хеле сахт асту боз тасдиқи он ҳам заҳмати зиёдро талаб мекунад, кори бештар кардан лозим аст, ки ин пули бештарро талаб мекунад. Агар буҷаи мо ба шакли пешинааш боқӣ монад, мо имконияти додани пули бештарро нахоҳем дошт.


Сардабири Harakat.net эътироф кард, ки ин вебсайт наметавонад дар минтақаҳои Ӯзбакистон хабарнигорони таҷрибадорро ба кор ҷалб кунад ва бар ивази онҳо, танҳо ба манобеву иртибототе такя мекунад, ки ба иттилоъ дастрасӣ доранд. Сергей Ежков, сардабири Uzmetronom.com, ки кори сайтро батанҳоӣ пеш мебарад, гуфт, талош мекунад мақомоти Ӯзбакистонро мутақоид созад, ки иттилои бетарафу объективӣ танҳо ба манфиати ҷомеа ва ҳукумат аст:

  • Ҳукумат, вақте дидгоҳи интиқодӣ ва ё ҳатто алтернативиро қабул надорад, ҳушёриро аз даст медиҳад, кораш бесифат ва заъиф мешвад.

Сергей Ежков аз созмонҳои байналмилалӣ тақозо кард, ки барои ин матбуоти дучори мушкилшуда дасти ёрӣ дароз кунанд, то ки ҷаҳониён ба маълумоти босифату бидуни сонсур дастрасшуда дастрасӣ дошта бошанд.
XS
SM
MD
LG