Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бӯҳрони барқ. Қирғизҳо чӣ кор мекунанд?


Қирғизистон бо вуҷуди он ки инқилоби лолаиро паси сар намуд, вале дар фасли сармо бӯҳрони шадиди барқро низ устуворона паси сар менамояд.

Наталя Орлова - сухангӯи Ҷамъияти саҳҳомии “Нерӯгоҳҳои барқ”-и Қирғизистон ба бахши тоҷикии радиои Озодӣ гуфт, нерӯгоҳҳои барқи кишвараш дар як шабонарӯз ҳудудан 60 миллион киловатт соат нерӯи барқ тавлид мекунанд.

Ӯ гуфт, дар ҳоли ҳозир дар рӯдхонаҳои кишвараш захираи об хеле маҳдуд шудааст. Аз ин лиҳоз, аз нерӯгоҳҳои барқи ҳароратии Бишкек ва Ӯш низ истифода сурат мегирад. Ба гуфтаи ҳамсӯҳбатам, вале ин нерӯгоҳҳо бештар барои гарм кардани хонаҳои мардум корбаст шудаанд ва ба таври мисол бо истифода аз нерӯгоҳи ҳароратии Бишкек мушкилоти барқ ба куллӣ бартараф нахоҳад шуд.

Бозорбой Мамбетов - коршиноси байналмилалӣ дар масоили энерҷии барқ мегӯяд, нерӯгоҳҳои Қирғизистон тавони онро доранд, ки дар фасли сармо эҳтиёҷи мардуми кишварро ҷиҳати нерӯи барқ рафъ созанд. Ӯ гуфт, чун аз захираҳои мавҷудаи оби сарбанди Тӯхтагул ба манзури тавлиди нерӯи барқ ба таври максималӣ истифода сурат мегирад, аз ин лиҳоз Қирғизистон чандон ба камбуди нерӯи барқ мувоҷеҳ нест.

Ба таъкиди ин коршиноси байналмилалӣ, аммо дар ояндаи наздик Қирғизистонро лозим аст, ки нерӯгоҳи ҳароратии барқи Бишкекро барои тавлиди нерӯи барқ истифода накунад. Бозорбой Мамбетов мегӯяд, зеро қимати тамомшуда ё раъсулмоли як киловатт соат нерӯи барқ, ки дар ин нерӯгоҳ тавлид мешавад, ба андозаи чиҳил баробари қимати нерӯи барқест, ки дар нерӯгоҳи обии Тухтагул тавлид шудааст.

Ба гуфтаи мавсуф, ба ҳар сурат Қирғизистон ба манзури таъмини нерӯи барқ истифодаи захираҳои оби сарбанди Тухтагулро ба ҳадди максималӣ расонидааст, дар акси ҳол мардум бебарқ хоҳад монд.

Иддае аз коршиносони қирғиз бар ин ақидаанд, ки мавҷудияти марказгармиҳо эҳтиёҷ ба нерӯи барқро то андозае коҳиш хоҳанд дод. Гуфта мешавад, зеро аксарияти иқоматкунандагони манзилҳои бисёрошёна барои гарм кардани манзилашон хеле кам аз нерӯи барқ истифода мекунанд.

Усмон Ортиқбоев - депутати парлумони Қирғизистон ба бахши тоҷикии радиои Озодӣ иброз дошт, ки сармои шадид масъалаи истифодаи ҳар чи бештари нерӯи барқро дар миён гузошт. Ба гуфтаи Усмон Ортиқбоев, аз ҷумла дар шаҳри Бишкек дар ду даҳсолаи ахир чунин миқдори зиёди нерӯи барқ истифода нашуда буд. Вай афзуд, аз ин лиҳоз ҳукумати кишвараш муваззаф аст, ки барои раҳоӣ аз бӯҳрон сари вақт чораҷӯӣ кунад ва тармими таҷҳизоти барқро раҳандозӣ намояд.

Бозорбой Мамбетов - коршиноси байналмилалӣ дар масоили энерҷии барқ мӯътақид аст, ки дар чанд соли ахир ҳамсоякишварҳои Қирғизистон аз иҷрои мувофиқатномаҳои бисёртарафа дар мавриди истифодаи рӯдхонаҳои Норин ва Сир сарпечӣ мекунанд. Вай афзуд, ки маҳз ба далели сарпечӣ аз иҷрои ин созишномаҳо Қирғизистон ба мушкилоти барқ мувоҷеҳ шуд.

Ботирқул Мамбетов - корманди вазорати саноеъ, барқ ва захоири маводи сӯхти Қирғизистон мегӯяд, ки ба хотири беҳбуди вазъият соири кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистону Қирғизистонро лозим аст, ки аз таҷҳизоти фарсудаи замони Шурави собиқ сарфи назар кунад. Вай афзуд, ки дар акси ҳол ин кишварҳо аз мушкилоти камбуди барқ наҷот нахоҳанд ёфт.

XS
SM
MD
LG