Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорати саноат, барқ ва манобеъи маводи сӯхти Қирғизистон гуфт, ки ҳаҷми интиқоли нерӯи барқ ба Тоҷикистонро коҳиш дод.

Пиромуни мавзуъ Зӯҳрохон Мӯминова - сухангӯи Вазорати саноат, барқ ва манобеъи маводи сӯхти Қирғизистон ба бахши тоҷикии радиои Озодӣ гуфт, ба далели он ки Тоҷикистон ӯҳдадориҳояш дар мавриди интиқоли нерӯи барқ ба баъзе манотиқи кишварашро сари вақт иҷро накард, Қирғизистон тасмим гирифт, ки ҳаҷми интиқоли нерӯи барқ ба ин кишварро коҳиш диҳад.

Вай афзуд, ки тибқи мувофиқаи байни ду кишвар Қирғизистон бояд дар ин фасли сармо ҳаҷми интиқоли нерӯи барқ ба Тоҷикистонро афзоиш диҳад.

Зӯҳрохон Мӯминова афзуд, ки вале дар фасли тобистон Тоҷикистон мебоист, ҳаҷми интиқоли нерӯи барқи мавриди эҳтиёҷи Қирғизистонро ҷуброн мекард. Ба гуфтаи сухангӯи вазорати саноеъ, барқ ва манобеъи маводи сӯхт, вале дар зарфи се рӯз ҷониби Тоҷикистон пиромуни ин мавзуъ ягон вокуниш нишон надод ва Қирғизистон маҷбур шуд, ки ҳаҷми интиқоли нерӯи барқ ба ин кишварро коҳиш диҳад.

Ин манбаъ ҳамчунин тазаккур дод, ки дар ин фасли сармо кишвараш ба мушкилоти тавлиди нерӯи барқ мувоҷеҳ аст. Зеро оби рӯдхонаҳо ях баста ва резиши об ба ин рӯдхонаҳо дар ин авохир хеле коҳиш дидааст.

Ба иттилоъи нашрияи электронии Фергана.ру, коҳиши ҳаҷми интиқоли нерӯи барқ аз Қирғизистон ба Тоҷикистон манфиатҳои кишвари севвум - Қазоқистонро ҳимоя мекунад. Гуфта мешавад, ҷониби Қазоқистон аз Қирғизистон дархост кардааст, ки ба манзури ҷилавгирӣ аз эҳтимоли обхезӣ дар баъзе ноҳияҳои Қазоқистон ҷанубӣ Қирғизистон ҷамъоварии об дар сарбанди Тухтагулро коҳиш диҳад. Фергана.ру афзудааст, ки Қазоқистон дар ивази ин иқдоми Қирғизистон интиқоли ангишт ва мазут барои Марказгармии шаҳри Бишкекро афзоиш хоҳад дод. Дар баробари ин Қазоқистон пешниҳод кардааст, ки дар фасли баҳор ва тобистон нерӯи барқ аз ин кишварро бо нархи дучанд харид хоҳад кард.

Аммо мақомоти вазорати саноеъ, барқ ва манобеъи маводи мӯхти Қирғизистон аз ин иттилоъ ибрози бехабарӣ намуданд.

XS
SM
MD
LG