Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парлумони Қирғизистон Жириновскийро persona non grata номид


Парлумони Қирғизистон
Парлумони Қирғизистон

Ҳамакнун Вазорати хориҷаи ин кишвар бояд ба Русия дар бораи тасмими парлумон расман хабар диҳад.

Вакилони парлумони Қирғизистон рӯзи 15 май дар як раъйдиҳӣ сиёсатмадори рус Владимир Жириновскийро мамнӯъ-ул-вуруд эълон карданд. Ба ҷонибдории ин пешниҳоди як узви ҳизби мухолифин дар парлумони Қирғизистон аз 100 вакил, 67 нафар раъйи мусбат доданд. Вакилони парлумони Қирғизистон аз Вазорати хориҷа хостанд, ки хабари “persona non grata” эълон шудани Жириновскийро ба Русия бирасонад. Дар сурати мувофиқати вазорати бо ин тасмим, Жириновский аз ҳақи сафар ба Қирғизистон маҳрум мешавад.


Дар ҳоле, ки ҳанӯз Вазорати хориҷаи Қирғизистон дар ин бора изҳори назар накардааст, расонаҳои хабарии русӣ ин хабарро бо раиси ҳизби Либерал-демократи Русия дар миён гузоштанд. Дар вокунишаш ба ин тасмим, ки оҷонсии Интерфакс нашр кардааст, Владимир Жириновский қарори парлумони Қирғизистонро “иштибоҳ” ва “як нофаҳмӣ” хондааст. Вай изҳори умедворӣ кардааст, ки вазорати хориҷа ин қарори парлумонро қабул нахоҳад кард.


Депутатҳои қирғиз мегӯянд, тасмими онҳо дар посух ба изҳороти ахири Жириновский гирифта шуд, ки гуфтааст, дар ҷавоб ба бахшиши қарзҳои Қирғизистон дар ҳаҷми 500 миллион доллар, Русия бояд ки истироҳатгоҳи маъруфи Исиқкӯлро азхуд кунад. Раҳбари ҳизби ЛДПР ин суханҳоро ҳангоми баррасии тасмими бахшиши қарзи давлатии Қирғизистон аз ҷониби Русия дар Думаи давлатӣ баён кардааст. Вай гуфтааст, ки Иссиқкӯл як тафреҳгоҳи хеле хуб ва ҳатто беҳтар аз баҳри Сиёҳ аст, “поку тоза аст ва дар атрофаш русзабонҳои зиндагӣ мекунанд”.


Худи Жириновский баъди шунидани хабари қарори парлумони Қирғизистон гуфт, ки “ӯро нодуруст фаҳмиданд”. Вай гуфтааст, ки ҳеҷ изҳороти расмие пахш накардааст. “Ин як пешниҳоди беҳбуд бахшидани равобити миёни кишварҳои мо буд, ки ман баён кардам. Ба он маъно, ки Русия дар оянда ҳам тавонад ба Қирғизистон қарз диҳад ва Қирғизистон ҳам чизе барои бозгардони қарз дошта бошад”, гуфт ӯ дар вокуниш ба изҳороти парлумони Қирғизистон. Вай гуфтааст,
ки Қирғизистонро хуб мешиносад, дар ин ҷо хешу табор дорад ва бори охир ҳафт соли пеш аз ин кишвар бо хотироти хубе баргаштааст.

Дар ҳоле, ки бисёриҳо дигар изҳороти бебандубор ва моҷаробарангези раҳбари ҳизби либерал-демократи Русияро ҷиддӣ қабул намекунанд, моҳи апрел дар Тоҷикистон ҳам як изҳороти шадидлаҳни ӯ дар ҳақи президенти Тоҷикистон вокунишҳои хашмолуде ба бор овард. Рӯзи 19 апрел дар барномаи “Поединок”-и телевизиони Русия, ки ба мавзӯи муҳоҷират ихтисос дошт, ӯ аз ҷумла гуфт, ки “Толибон кадом рӯз Тоҷикистонро зери по карда, Эмомалӣ Раҳмонро мисли Наҷибуллоҳ дар маркази Душанбе ба дор хоҳанд кашид.” Жириновский дар ин барнома ҳамчунин зарурати ҷалби муҳоҷирони кории тоҷик ба Русияро зери суол бурд.

Дар посух парлумон ва вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ба унвонии мақомоти Русия муроҷиатномае ирсол карда изҳороти таҳқиромези сиёсатмадори русро маҳкум карданд. Вазорати хориҷаи Русия дар посухи расмиаш ба ёддошти вазорати хориҷаи Тоҷикистон навишт, “изҳороти муовини раиси Думаи давлатии Русия, раҳбари ҳизби либерал-демократ В.В.Жириновский дар барномаи телевизионии В.Соловёв “Поединок” дар чорчӯби ток-шоуи телевизион дар шакли эҳсосотии хоси ин сиёсатмадор баён шуда буд. Ин баёнияҳо бо мавқеъи расмии Русия, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро муттаҳид ва шарики стротегиаш мешиносад ва ба рушди минбаъди ҳамкории дуҷониба дар тамоми соҳот талош меварзад, умумияте надорад.” Посухи расмии Маскав дар сомонаи вазорати хориҷаи Тоҷикистон нашр шудааст.

Айни замон, ба андешаи таҳлилгарон, Жириновский аз он тоифае ба шумор меравад, ки ба таври тундлаҳн ва гоҳо мазҳкаомези ба ӯ хос аслан паёмеро ба забон меорад, ки инъикосгари хости Кремлин аст. Дар Тоҷикистон баъзе таҳлилгарон мегӯянд, бо вуҷуди фосилагирии мақомоти Русия аз изҳороти таҳқиромези ӯ, ин шахс ба унвони муовини раиси Думаи Русия як мақоми давлатӣ аст ва ҳақ надорад бо чунин лаҳн сӯҳбат кунад.
XS
SM
MD
LG