Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омӯзгори қазоқ барои латтукӯби хонанда панҷ сол зиндонӣ шуд


Қазоқистон. Омӯзгори фани омодагии низомӣ Айдос Абдулкаримов
Қазоқистон. Омӯзгори фани омодагии низомӣ Айдос Абдулкаримов

Додгоҳе дар Қазоқистон як омӯзгори фани омодагии ҳарбии мактаби миёнаеро дар вилояти Қазоқистон Ҷанубӣ панҷ сол зиндонӣ кард.

Айдос Абдулкаримов, омӯзгори тайёрии ҳарбӣ моҳи октябри соли 2016 дар шоҳидии сокинон хонандаи синфи даҳи мактабро ҳангоми футболбозӣ латтукӯб кард. Хонанда ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар бемористон бистарӣ шуд. Пулис нисбати омӯзгор бо моддаи "Барқасдона расонидани зарар ба саломатӣ" парванда боз кард.

Дар ибтидо хонандаи мактаб бо омӯзгори фани таърих даст ба гиребон шудааст, аммо омӯзгори фани тайёрии ҳарбӣ вориди моҷаро шуда, хонандаро латтукӯб кардааст.

Хонаводаи хонандаи мактаб нисбати омӯзгор даъво надорад. Маҳкумшуда зарари модиву маънавии зарардидаро ҷуброн кардааст.

XS
SM
MD
LG