Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Ҷон Керри аз бомбаборони дигарбораи Ҳалаб


Котиби давлатии ИМА Ҷон Керри аз фаъолшавии дубораи ҳамлаҳои ҳавоӣ ва заминии шаҳри Ҳалаби Сурия изҳори нигаронӣ кард. Вай дар суҳбат бо вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров аз ин хусус нигаронӣ кардааст. Ҷон Керри ва Лавров "дар бораи муҳим будани баррасии буҳрони Сурия дар Женева" ва пайдо кардани роҳҳои оташбаси муассир гуфтугӯ кардаанд.

Ҳамлаҳои низомӣ дар Ҳалаб баъди "таваққуфи башардӯстона" рӯзи шанбе дубора шуруъ шуд. Оташбаси муваққатӣ бояд имкон медод, ки сокинон шаҳрро тарк кунанд ва табибон маҷруҳонро берун оранд. Ба иттилои расонаҳо, бархе аз сокинон, ки мехостанд шаҳрро тарк кунанд, зери тирборон монданд. Бино бар иттилои СММ, бештар аз 250 ҳазор сокини осоишта ҳанӯз ҳам дар минтақаҳои муҳосирашудаи шаҳр боқӣ мондаанд.

22 октябр ҳавопаймоҳои низомии Русияву Сурия бомбаборони дубораи Ҳалабро шурӯъ карданд.

XS
SM
MD
LG