Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бишкек ҳанӯз намедонад, бо кони аз Тоҷикистон гирифтааш чӣ кунад?


Қирғизистон ҳанӯз тасмим нагирифтааст, ки бо кони нафту гази Катта-Туз дар марзи ноҳияи Исфараи вилояти Суғди Тоҷикистон ва ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон чӣ кунад?

Ин чоҳ, ки як моҳи пеш Қирғизистон аз Тоҷикистонро онро пас гардонда гирифт, дар харитаҳои ҷониби Тоҷикистон бо номи кони Қайроқчиқум меояд. Хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар Бодканд Ҷониш Ҳайдаров гузориш медиҳад, ки насосҳои ин кон то ҳол кор мекунанд, вале ба сурати “холостой” ва маҳсулоташ низ дар систернаҳо захира мешаванд.

Қирғизистон дар пайи музокироти масоили марзиаш бо Тоҷикистон, ки рӯзҳои 11-12 июл дар осоишгоҳи “Баҳористон” дар соҳили Баҳри Тоҷик доир шуд, эълон кард, ки кони Катта-Туз ё Қайроқчиқум дар қаламрави Қирғизистон ҷойгир буда ва аз ин рӯ, ба ин кишвар тааллуқ мегирад. Мақомоти қирғиз ба ин далел ҳанӯз рӯзи 24 июн коргарони тоҷикро аз ин минтақа берун карда, конро таҳти юрисдиксияи худ дароварданд.

Аммо то ҳол маълум нест, ки оё аз ҷониби Қирғизистон кӣ ва таҳти кадом шароите истихроҷи газу нафт аз ин конро идома хоҳад дод? Ҳокими ноҳияи Лайлак Тилобердӣ Орипов ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳукумати Қирғизистон бояд ҳарчӣ зудтар тасмимашро бигирад: “Вазъ мисли пешин аст. Истихроҷи нафт қатъ нашудааст. Чоҳҳоро марзбонҳо ҳимоят мекунанд. Берун баровардани нафт мумкин нест. Дар он ҷо чанд систерна ҳаст. Хабарҳое мерасанд, ки систернаҳо алакай пур шудаанд. Аз ин рӯ, масъаларо бояд ба сурати оҷил ҳалл кард. Мо пешниҳод кардем, ки ҳар касе ки ба истихроҷи ин кон сарукор мегирад, бигзор ин ҳамаро тавассути ҷамоати мо анҷом диҳад.”

Раҳбари ҷамоати Жанижер Соатбек Эгармбердиев умедвор аст, ки дар ин амр манофеъи мақомот ва аҳолии маҳаллӣ дар назар гирифта мешавад. Ӯ мегӯяд, газе ки аз Катта-Туз истихроҷ мешавад, барои таъмини тамоми рустоҳои атроф кофист.

Кони Катта-Туз ё Қайроқчиқум дар майдони 20 гектар замин дар минтақаи Арқа воқеъ аст. Ҷониби Қирғизистон мегӯяд, замини ин кон ба хоҷагии ҷангали Жанижер тааалуқ дорад ва аз ин рӯ, назорати кон низ бояд дар дасти Қирғизистон бошад.

Тоҷикистон аз соли 1974, дар тӯли қариб 40 сол ба истихроҷи газу нафт аз ин кон машғул буда, баъди таҳти назорати марзбонҳои қирғиз гузаштани кон, ба гуфтаи мақомоти қирғиз, ба онҳо чанд насос, 9 чоҳи холӣ ва 5 чоҳи газ расидааст. Тайи ду соли охир ин кон дар ихтиёри ширкати “Суғд петролиюм” қарор доштааст.

Мақомоти қирғиз мегӯянд, ин кон бояд ҳанӯз дар соли 1992 ба онҳо баргардонда мешуд, вале ба далелҳои норӯшане то соли равон дар дасти тоҷикҳо боқӣ мондааст. Ҷониби Тоҷикистон гӯё ба созишномае, ки ҳанӯз дар солҳои 80 имзо шуда буд, истинод мекардааст.

Мақомоти Тоҷикистон маъмулан аз шарҳи чунин масоил худдорӣ мекунанд. Баъди аз даст рафтани кони Катта-Туз ё Қайроқчиқум танҳо Георгий Кошлаков, муовини сарвазири Тоҷикистон дар солҳои 80 дар ин мавзӯъ ибрози назар кард ва гуфт, ин кон чандон бузург набуд:«Ин конҳое, ки ҳастанд, хурданд. Тақрибан 1 миллион тонна нафту газ дорад. Ин гуна конҳо бинобар кам будани захираҳояшон стратегӣ маҳсуб намешаванд.»

Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, аз 9 чоҳи ин минтақа танҳо ду чоҳи нафту ду чоҳи газаш фаъол буда, Тоҷикистон ҳар рӯз аз он то 5 тонна нафту 15 атмосфера гази табиӣ истихроҷ мекард.

Мақомоти қирғиз мегӯянд, то ба ин авохир ҳатто дарак надоштанд, ки Тоҷикистон дар фосилаи 20 километр дохили марзи Қирғизистон ё ба истилоҳ "дар зери биниашон" аз чанд чоҳ нафту газ мекашид. Соатбек Эгамбердиев, раҳбари ҷамоати Жанижери ноҳияи Лайлак мегӯяд: “То ҳол на ягон чиз сабт намешуд ва на ягон андоз пардохт мешуд. Ҷангалбонҳо ва аҳолии маҳаллӣ коргаронашро медиданд. Аммо азбаски ҳамагӣ қирғиз буданд, фикр мекарданд, ки онҳо шояд коргарони ягон ширкати маҳаллианд.”

Дар чоҳҳои нафту гази Катта-Туз ё Қайроқчиқум барои ширкати “Суғд Петролеум” 11 нафар кор мекард, ки рӯзи 24 июн тавассути марзбонҳои қирғиз аз ин корхона берун карда шуданд.

Аз 971 километр хатти марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон то имрӯз фақат 567 километраш таъйину аломатгузорӣ шудааст. Ба гуфтаи марзбонон, дар ин марз танҳо дар минтақаи Исфара 39 қитъаи баҳсталаб мавҷуд аст. Танҳо дар се моҳи охир дар ин қисмати марз дастикам 3 таниши шадид рух дод, ки ҳар дафъа мунҷар ба баста шудани марзу роҳҳои транзитӣ мешуд.
XS
SM
MD
LG