Пайвандҳои дастрасӣ

Муфтиёти Қирғизистон дар садади нашри фатвои марбут ба ҷашнгирии соли нави милодист.

Дар изҳороти дафтари матбуоти Муфтиёти Қирғизистон гуфта мешавад: “Муфтиёт мехоҳад, имсол аз мусулмонон ҷиддитар даъват кунад, ки Соли навро ҷашн нагиранд.”

Намояндаи расмии муфтиёт, Ҳоҷӣ Равшан Эратов ба Бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, шумораи зиёди мусулмонон аз муфтӣ пурсидаанд, соли нави мелодиро ид кунанд ё не ва дар ин фатво ба саволи онҳо посух дода хоҳад шуд. Вай афзуд: “Ин идест, ки дар Ислом қабул нашудааст. Биноан, мусулмонон метавонанд, онро ид накунанд. Аммо дигаронро ба он маҷбур кардан, ки соли навро ҷашн нагиранд, аслан дуруст ва мақбул нест.”

Ҷашни Соли нав, ки солҳои охир ҷойгоҳи худро аз даст медиҳад, дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ мавзӯи баҳсбарангез шудааст. Дар Тоҷикистон ин баҳс аз гузоштан ё нагузоштани арчаи солинавӣ ва вокуниши шаҳрдории Душанбе ба ин пешниҳод шурӯъ шуда, то ба вилоятҳо рафт. Мақомоти давлатӣ ба ин ид таъкид карданд ва пешниҳодҳои таҷлил накардани онро хурофоту тандравии мазҳабӣ номиданд.

Турсунбой Бакир Уулӣ

Турсунбой Бакир Уулӣ

Дар Қирғизистон баҳс аз даъвати вакили порлумони ин кишвар Турсунбой Бакир Уулӣ ба ҷашн нагирифтани соли нави милодӣ бархост. Вай дар як мулоқот бо донишҷӯён гуфт: “Ҳамаи муслмонон бояд инро ҷашн нагиранд, зеро ин иди мусулмонӣ нест. Дар “Библия”-и насрониён низ дар бораи ин ид чизе гуфта нашудааст. Ин идест, ки одамон худашон бофта баровардаанд ва он аз ҳамаи динҳо берун аст.”

Қирғизистон дар соли 2005 худро “ватан”-и Санта Клаус, муродифи ғарбии Дед Мороз ё Бобои Барфӣ эълон карда буд ва дар ҷашнвораи Сантаклаусҳо дар соли 2009 дар Бишкек бобоҳои барфӣ ва барфакҳо аз 30 кишвари ҷаҳон гирд омаданд. Аммо аз соли 2010 ин ҷашнвора дигар баргузор намешавад.

Ба баҳс ҳамроҳ шудани Муфтиёти Қирғизистон аз тарафи сиёсатмадорон мавриди танқид қарор ёфт. Бархе аз вакилони порлумон ба он мухолифат карданд. Аз ҷумла Умурбек Абдураҳмонов гуфт: “Боиси афсӯс аст, ки муфтиёт мехоҳад, бо даъвати тундгароёнаи ҳамкасби ман (манзур Турсунбой Бакир Уулӣ) ҳамсадо шавад. Ислом ва урфу одати деринаи мардум бо ҳам зиддият надоранд. Кадом рӯзро ид кардан ё накардан кори шахсии ҳар нафар аст.”

Аммо бархе аз созмонҳои ғарйидавлатии Қирғизистон аз тасмими нашри фатвои муфтиёт ҳимоят карданд. Барои намуна, мудири Донишкадаи бозори озоди Бишкек Мирсулҷон Намозалиев дар матбуот навишт, агар муфтиёт ба ид накардани санаҳое, ки дар Қуръон зикр нашудаанд, даъват кунад, фақат обрӯяш бештар мешаваду бас. Вале намояндаи расмии Муфтиёти Қирғизистон Ҳоҷӣ Равшан Эратов ин ақидаро “тундравона” номид ва рад кард. Вай гуфт: “Ин фатво ба хотири бароварда кардани эҳтиёҷи мусулмонон аст.”

Вай изҳори ноқаноатмандӣ кард, ки баёнияи дафтари матбуоти Муфтиёти Қирғизистон “сабаби шарҳу тафсир ва дидгоҳҳои нродуруст” шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG