Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қирғизистон се афсари боздоштшудаи тоҷикро озод кард


Тазоҳуроти сокинони Қарабоғ дар пайи қазияи қочоқи 200 кило симоб. Якуми майи 2015

Тазоҳуроти сокинони Қарабоғ дар пайи қазияи қочоқи 200 кило симоб. Якуми майи 2015

Як манбаи мӯътамад мегӯяд, Қирғизистон се афсари Оҷонсии зидди маводи мухаддири Тоҷикистонро озод кардааст, ки дар пайи қазияи қочоқи 180 кило симоб боздошт шуда буданд.

Оҷонсии назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Тоҷикистон мегӯяд, парвандаи марбут ба қочоқи 180 кило симоб дар марзро, ки боиси боздошти 7 шаҳрванди кишвар, аз ҷумла се афсари Оҷонсӣ шуда буд, ба ихтиёри Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон супурдааст. Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи Оҷонсӣ, 3 май ба Радиои Озодӣ гуфт, тасмими ба ихтиёри қирғизҳо додани ин парванда баъд аз музокироти ҷонибҳо гирифта шудааст.

Раҳматуллоев агарчӣ ҷузъиёти бештареро дар ин бора ироа накард, аммо як манбаи огоҳ гуфт, Қирғизистон се афсари боздоштшудаи Оҷонсии зидди маводи мухаддири Тоҷикистонро дар ивази раҳоии ду сокини рустои Қарабоғ аз сӯи мақомоти Суғд озод намудааст.

Хабаргузории "Турмуш"-и Қирғизистон ҳам нимрӯзи 3 май аз раҳоии ҳафт шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон хабар дод. Ин хабаргузорӣ гуфт, Тоҷикистон 179 килову 800 грамм (200 грамм барои ташхис гирифта шудааст) симобро низ ба ҷониби Қирғизистон баргардондааст.

Қазияи қочоқи 180 кило симоб шоми 30 апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рух дода, дар оғоз мақомоти Қирғизистон шаҳрвандони Тоҷикистонро ба дуздӣ ё асир гирифтани ду сокини рустои Қарабоғи вилояти Бодканди ҳаммарз бо Исфара муттаҳам карданд. Онҳо гуфтанд, гӯиё шаҳрвандони Тоҷикистон шоми 30 апрел ғайриқонунӣ ба ҳудуди Қарабоғ ворид шуда, Темирбой Маматқулов ва Бекҷон Бекишевро бо худ бурдаанд. Сокинони рустои Қарабоғ рӯзи якуми май бо баргузории гирдиҳамоӣ аз мақомоти вилояти Бодканд хостанд, ду ҳамдеҳаи онҳоро аз дасти мақомоти Тоҷикистон озод кунанд. Иддаое, ки баъдан ба қочоқи симоб иваз шуд.

Гулмира Борубаева, намояндаи расмии Хадамоти марзбонии Қирғизистон, рӯзи 1 май ба хабаргузории "Интерфакс" гуфт, ҳафт шаҳрванди Тоҷикистонро ҳамроҳ бо се қирғиз барои қочоқи 180 кило симоб боздошт кардаанд. Ӯ афзуд, "дар маҷмӯъ, нӯҳ шаҳрванди Тоҷикистон буда, аммо ҳангоми дидани марзбонҳои қирғиз ду нафарашон пинҳон шудаанд." Ин мақоми марзбонии кишвари ҳамсоя иддао дорад, сокинони Тоҷикистон, аз ҷумла кормандони Оҷонсии зидди маводи мухаддир, ғайриқонунӣ сарҳади Қирғизистонро убур кардаанд.

Пештар талоши қочоқи симоб тобистони соли 2012 ба боздошти се шаҳрванди Қирғизистон ва аз тарафи наздикони онҳо гаравгон гирифта шудани гурӯҳе аз сокинони Исфара дар рустои Қарабоғ мунҷар шуда буд. Он вақт зиёда аз 100 шаҳрванди Қирғизистон бо талаби раҳоии боздоштшудаҳо даст ба тазоҳурот зада буданд.

Чанд моҳи охир вазъ дар арзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон ором буд ва тарафҳо дар чандин даври гуфтушунид шеваи таъин ва аломатгузории марз, бунёди роҳ ва пулҳои нав барои осон кардани убуру мурури шаҳрвандони худро баррасӣ мекунанд.

То ҳоло аз 976 километри марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон 519 километраш муайян шуда, тарафҳо қарор аст, 457 километри боқимондаро мушаххас намоянд. Қирғизистон тарафдори суръат бахшидан ба ҳалли масъала аст, аммо тарафи Тоҷикистон мегӯяд, масъалаи марзи давлатӣ бояд бо ҷиддияти тамом ва қадам ба қадам ҳал шавад.

Ҳарду тараф эълом медоранд, ки набояд дар ин масъала сиёсатбозӣ ё манфиатҷӯӣ кард, аммо эътироф мекунанд, ки ҳарду ҷониб омода нестанд, аз манфиатҳои миллии худ қатъи назар намоянд.

Бори охир мушкили марзӣ дар дар маҳаллаи "Баҳор"-и Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зимни гаштугузори марзбонҳои мусаллаҳи Қирғизистон дар ин қаламрав рӯй дода буд. Пеш аз он дар марзи байни Исфара ва Бодканд чандин ҳодисае сар зад, ки ба ҳалокати шаҳрвандони Тоҷикистон сабаб шуд.

XS
SM
MD
LG