Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихобкунандагони Қирғизистон барои Русия овоз доданд


Интихоботи Қирғизистон
Интихоботи Қирғизистон

Аз натиҷаҳои интихоботи парлумонии Қирғизистон метавон чунин хулоса кард, ки ин кишвари демократӣ таҳти нуфузи Русия қарор дорад.

Дар пайи шумориши оро ва ҷамъбасти натиҷаҳои интихоботи парлумонии Қирғизистон рӯшан шуд, ки ин кишвари Осиёи Марказӣ ба ҷойгоҳи худ таҳти нуфузи Русия тан додааст. Ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ, ки дар интихоботи парлумонӣ рӯзи 4 октябри соли ҷорӣ пирӯз шуданд, аҳзоби тарафдори Русия ҳастанд. Мабнои корзори интихоботии ин аҳзоб дар канори мушкилоти маҳаллӣ ва иқтисодӣ, таъкид ба имконоти беҳтари иқтисодии Қирғизистон дар ҳамкории танготанг бо Русия маҳсуб мешуд. Зоҳиран, интихобкунандагон аз ин ғоя пуштибонӣ карданд.

Қирғизистон танҳо давлати демократии Иттиҳоди Шӯравии пешин аст, ки довталабона ба “оғӯш”-и Русия баргаштааст ва ин як навъ муаммост.

Аммо густариши равандҳои демократӣ дар сояи Русия имконпазир аст?

Ҳамакнун парлумони Қирғизистон ба такрори таҷрубаи Русия дар тасвиби қонунҳои шубҳанок моил аст. Намояндагони парлумони қаблӣ лоиҳаи қонунеро баррасӣ карданд, ки тибқи он созмонҳои ғайридавлатӣ, ки аз хориҷ сармоягузорӣ мешаванд, "агентҳои хориҷӣ" унвон хоҳанд шуд. Тибқи қонуни дигар аз тариқи манъи таблиғоти ақаллиятҳои ҷинсӣ дар роҳи фаъолияти ҳамҷинсгароён монеъ эҷод шудааст.

Тасвиби ниҳоии ин қонунҳо то интихоботи нави парлумонӣ ба таъвиқ афтодааст, аммо бештари коршиносони қирғиз ба ин боваранд, ки вакилони нав на танҳо ин қонунҳои қабул мекунанд, балки дар ин росто қонунҳои ҷадид таҳия мекунанд.

Элмира Ногойбоева, раиси маркази таҳлилии “Полиси Осиё” ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, "ба андешаи ман, сиёсати тасвиби қонунҳои табъизӣ идома ёфта ва маҳудудиятҳо бештар мешаванд. Мумкин аст, ин гуна сиёсат ҳам дар қиболи қонунгузорӣ ва ҳам рсонаҳо рӯйи даст гирифта шавад. Танҳо мехоҳам, то сиёсатмадорони мо дарк кунанд, ки ин сиёсат барои Қирғизистон хатарнок аст. Ин гуна раванд оқибати хуб надорад."

Аз замоне, ки Алмосбек Отамбоев дар соли гузашта ваъдаи қабл аз интихоботии худ, ки дар соли 2011 ба Маскав дода буд, иҷро карду пойгоҳи низомии Амрикоро дар Манас баст, нуфузи Русия ба Қирғизистон дар ҳоли афзоиш аст. Муддати иҷораи пойгоҳи низомии Манас дар соли 2014 поён ёфт. То ин дам, дар муддати 13 сол пойгоҳи низомӣ намунаи ҳамкориҳои Вашингтону Бишкек маҳсуб шуда, ба фаъолияти нерӯҳои амрикоӣ ва байналмилалӣ дар Афғонистон мусоидат мекард. Аз соли 2017 ба муддати 15 соли оянда ҳаққи иҷораи ин пойгоҳ ба Русия дода мешавад. Ин муомила дар пайи бахшидани 500 миллион доллар қарзҳои Қирғизистон аз ҷониби Русия сурат гирифтааст.

Манас танҳо таҷрубаи таҳкими равобити миёни Русия ва Қирғизистон нест.

Дар моҳи июн Бишкек намоишкорона созишномаи ҳамкориҳо бо Амрикоро, ки дар соли 1993 имзо шуда буд, бекор кард. Ин ҳодиса пас аз чанд рӯзи эъломи Амрико дар бораи додани ҷоизаи мӯътабаре ба мудофеи ҳуқуқи башари зиндонии Қирғизистон иттифоқ афтод. Дар моҳи август Қирғизистон ба Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё (ИИАО), як ниҳоди таҳти раҳбарии Русия пайваста ва ба ин тартиб сарнавишти иқтисодиёти худро комилан ба ихтиёри Маскав дод. Ба ин иттиҳод, ҳамчунин, Арманистон, Белорус ва Қазоқистон шомил буда ва аз назари Кремл Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё муқобили Иттиҳоди Аврупо маҳсуб мешавад.

Барои бештари коршиносони қирғиз таҳкими равобит бо Маскав ҳодисаи ғайримунтазирае нест. Яке аз омилҳо ин мавқеи ҷуғрофӣ аст.

Қирғизистон як кишвари фақири Осиёи Марказӣ бо аҳолии 5,5 миллион нафар аз бозорҳои ҷаҳонӣ дур буда ва вуҷуди он аз бисёр ҷиҳат ба Русия вобаста аст. Газ комилан аз Русия ворид мешавад ва шумори зиёди муҳоҷирони қирғиз дар ин кишвар фаъолият мекунанд. Русия барои маҳсулоти Қирғизистон, ба хусус, маҳсулоти кишоварзӣ,бозори хуб маҳсуб мешавад.

Ба андешаи Маттео Фумагаллӣ, коршинос дар умури Осиёи Марказӣ ва профессори Донишгоҳи марказии аврупоии Будапешт, ба далели маҳдудияти шумори шарикони эҳтимолӣ сиёсатмадорони қирғиз Русияро шарики хуб медонанд. Барои Чин, ҳамсояи бузурги Қирғизистон, ин кишвар ҳамчун бозори фурӯши молҳояш, аз электроника то маҳсулоти бофандагӣ ва содиркунандаи маноеби энергетикӣ муҳим аст.

Фумагаллӣ мегӯяд, "сиёсатмадорони қирғиз аз тасарруфи беохири бозори дохилӣ тавассути Чин нигарон ҳастанд. Дар ин замина, густариши равобит бо Русия як навъ муқовимат ба ин таҳаввул хоҳад буд."

Бишкек умед дорад, ки пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё роҳро ба бозорҳои бузурги фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, дастранҷи бахши аъзами аҳолии кишвар боз хоҳад кард. Тибқи гузоришҳо, Маскав ваъда додааст, ки дар раванди шомил шудани Қирғизистон ба Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё ба Бишкек ба миқдори 1,2 миллиард доллар кумак мекунад. Ба навбаи худ Ғарб барои Қирғизистон имконоти зиёде пешниҳод накардааст.

Фумагаллӣ мегӯяд, "тавре бароям маълум аст, пешниҳодҳои Русия ва Чин ба Қирғизистон аз пешниҳодҳои Иттиҳоди Аврупо ва Амрико арзишмандтар аст. Ҳатто рӯшан нест, ки Ғарб ба пешниҳоди мушаххас манфиатдор аст, ё на."

Дар ҳамин ҳол, густариши равобит бо Русия мумкин аст барои Қирғизистон мушкилоте ҳам эҷод кунад. Маскав таҷрубаи ҳамкорӣ бо кишвари демократии таҳти нуфузашро надорад. Кор бо кишварҳои худкома осонтар аст. Яъне, дар пайи таҳкими равобити миёни ин ду кишвар Қирғизистон водор хоҳад шуд, то сиёсати худро ба усулҳои Маскав мутобиқ кунад.

Дар остонаи интихоботи парлумонӣ Дмитрий Киселев, рӯзноманигори наздик ба Кремл ва раиси Оҷонсии байналмилалии иттилоотии Русия мавсум ба "Русияи Имрӯз" (“Россия Сегодня”) вориди Бишкек шуда ва зимни мулоқот бо рӯзноманигорони қирғиз дар рӯзи 25 сентябр аз ҳамкасбон даъват кардааст, дар инъикоси хабарҳои маҳаллӣ ва ҷаҳонӣ “мавқеи худ”-ро дошта бошанд. Оҷонсии худ Киселев дар Русия мавқеи тарафдори Кремл ва зиддиғарбӣ дошта ва аз мавқеи мухолифону мудофеони ҳуқуқи башар комилан тафовут дорад.

Эмил Ҷӯраев, дотсенти Донишгоҳи амрикоии Осиёи Марказӣ дар Бишкек, аз таваҷҷуҳи нокофии аҳзоби тарафдори Русияи Қирғизистон ба масоили ҳуқуқи башар нигарон аст. Ба эътиқоди Ҷӯраев, "бахусус, ин ба тарҳҳои қонунҳо дар мавриди агентҳои хориҷӣ ё таблиғи ҳамҷинсгароён рабт мегирад. Бештари аъзои эътилоф дар парлумон ва ҳатто дигарон ба ин масоил аҳамияти чандоне намедиҳанд ва барои онҳо муҳим нест, ки кор ба куҷо мекашад."

XS
SM
MD
LG