Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон узви Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё шуд


Қирғизистон узви Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё шуд. Тоҷикистон мегӯяд, дар мавриди узвияташ ҳанӯз тасмим нагирифтааст ва танҳо як ҳайат машғули омӯзиши суду зиён аз ин иттиҳоданд.

Қирғизистон дар нишасти раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё, ки дар Маскав гузашт, расман шомили ин иттиҳод шуд. Нурсултон Назарбоев - раисиҷумҳури Қазоқистон ва яке аз кишварҳои "муассис"-и ин иттиҳод гуфт, "тамоми мушкиле, ки то ҳоло буд, ҳалли худро ёфт ва мо санади шомил шудани Қирғизистонро қабул кардем."

Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон, ҳам изҳори бовар кард, "Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё ба нафъи мардуми кишварҳои узв хидмат хоҳад намуд." Қирғизистон санади узвиятро 23 декабри соли гузашта имзо кард ва панҷ моҳ мӯҳлат дошт, ки марзу посгоҳҳои гумрукии худро муҷаҳҳаз гардонад.

Русия низ барои кумак ба узвияти Қирғизистон дар Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё 200 миллион доллар дод, то чаҳор гумруки марзии худро навсозӣ ва бо кишварҳои дигар рақобат кунад. Ҳоло санади шомил шудани Қирғизистон ба Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё бояд аз сӯи парлумонҳои ҳамаи кишварҳои узв ба тасвиб расад.

Ҷумъақодир Акенеев, яке аз вазирони пешини ҳукумати Қирғизистон, дар сӯҳбати худ бо Радиои Озодӣ гуфт, узвияти кишвараш дар ин иттиҳод фоидаи бештар дораду зиён - на. "Аввал, 800 ҳазор муҳоҷири кории мо дар Русияву Қазоқистон, яъне дар Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё кор мекунанд. Онҳо гӯиё соҳиби мақоми шаҳрвандии иттиҳоди мазкур мешаванд. Зарурати харидории патент аз байн меравад, онҳо иқомати худро дигар сабт намекунанд. Ҳамаи ҳуҷҷатҳои донишгоҳҳои мо дар қаламрави иттиҳод эътибор пайдо мекунанд. Муҳоҷирони мо метавонанд аз рӯи ихтисоси худ, масалан, пизишк ё омӯзгор ва мисли он дар Қазоқистону Русия ё Беларус кор кунанд. 192 ҳазор муҳоҷире, ки депорт шуда буданд, агар ҷиноят содир накарда бошанд, авф мешаванд,"-афзуд Аканеев.

Моҳи майи соли 2014 Русия, Беларус ва Қазоқистон санадеро дар бораи таъсиси Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё имзо гузоштанд, ки якуми январи соли ҷорӣ ба иҷро даромад ва танҳо баъд аз як рӯзаш Арманистон ҳам ба ин иттиҳод пайваст. Ҳоло бо шомил шудани Қирғизистон аъзои ин иттиҳод ба 5 расид. Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, мегӯяд, табодули молу коло миёни кишварҳои узви Иттиҳоди Иқтисоди Авруосиё тақрибан ба 20 миллиард доллар баробар шудааст.

Ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди узвият дар Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё ҳанӯз тасмими рӯшан нагирифтааст ва танҳо гуфта мешавад, ки як ҳайати кории ин ҳукумат бо омӯзиши суду зиёни Тоҷикистон аз ин узвият машғул аст. Аммо таҳлилгарон мегӯянд, баъди узвияти Қирғизистон дар Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё Тоҷикистон дар вазъи мушкилтаре қарор хоҳад гирифт.

Гузашта аз ин, дар кишварҳои узви Иттиҳоди Иқтисодии таҳти роҳбарии Русия қонуне ба иҷро даромад, ки содироти мол аз кишварҳои ғайри узвро душвор ва ё ғайриимкон мекунад. Ин қонун "Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ" ном дорад ва мувофиқи он, ҳар маводи ғизоие, ки аз кишварҳои ғайри узви ин иттиҳод ворид мешавад, сифаташ бояд аз сӯи лабараторияе, ки ин иттиҳод эътироф мекунад, тасдиқ шавад.

Тоҷикистон ба кишварҳои узви ин иттиҳод ва хусусан Русия бештар меваи хушк содир мекунад ва аз иҷрои қонун "Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ" маҳз содиркунандаи меваи хушк зиён мебинад. Ҳоло бо ворид шудани Қирғизистон ба Иттиҳоди иқтисодӣ ҳамакнун ин санадҳо бевосита дар марзи Қирғизистон талаб карда мешавад.

XS
SM
MD
LG