Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ворух: Ифтитоҳи 3 парванда алайҳи қирғизҳо


Додситонии Исфара
Додситонии Исфара

Додситонии шаҳри Исфара дар расидагӣ ба муноқишаи рӯзи 27 – уми апрел дар ҷамоаи Ворух алайҳи шаҳрвандони қирғиз 3 парванда боз кардааст.

Як манбаъи наздик ба тафтиши парвандаҳо ба Озодӣ гуфт, гурӯҳи сокинони деҳаҳои Оқтатир ва Оқсойи вилояти Бодканди Қирғизистон бар асоси 4 банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои «қасдан несту нобуд кардани амвол», «зӯроварӣ ба намояндаи ҳокимият бо эҷоди хавф ба ҳаёт ва саломатии вай», «авбошӣ бо истифода аз силоҳ аз ҷониби гурӯҳи ашхос», «ғоратгарӣ аз ҷониби гурӯҳи ашхос бо расонидани зарари ҷиддӣ» ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Ба гуфтаи ин манбаъ, дар ҳоли ҳозир гурӯҳи вижае иборат аз кормандони додситонӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба тафтиши ин 3 парванда машғул аст.

Қаблан раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд аз гаравгон гирифта шудани 20 шаҳрванди Тоҷикистон аз ҷониби гурӯҳи сокинони деҳаи Оқсойи Бодканд ва раҳоии онҳо баъди чанд соати асорат хабар дода буд.

Ҳамчунин бино ба изҳороти нашрнамудаи ин идора, сокинони деҳаи Оқсой ба 4 мақоми давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла ба муовини раиси шаҳри Исфара Содирхон Қосимов ва 3 масъул ва корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Исфара вақти иҷрои вазифаи хидматӣ ва роҳандозии чораҳои пешгирӣ аз муноқиша зарарҳои ҷисмонӣ расонидаанд.

Ду корманди шӯъбаи корҳои дохилии Исфара, майори милиса – С. Турдиев ва Ф. Ваҳҳобов - чанд соатро дар гарави гурӯҳи сокинони деҳаи Оқсой сипарӣ карда, латту кӯб шудаанд ва ҳоло дар бемористони шаҳри Исфара таҳти табобат қарор доранд. Ҳамчунин, ба гуфтаи манбаъи Озодӣ, сокинони деҳаи Оқсой замони муноқиша 7 воситаи нақлиётии шаҳрвандони тоҷикро шикаста, қисман хароб кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти Қирғизистон ҳанӯз рӯзи 29 апрел дар бораи ифтитоҳи 8 парвандаи ҷиноӣ алайҳи "омилон"-и низоъи Ворух бо иттиҳомоте, чун авбошӣ, расондани зарар ба амвол ва ғоратгарӣ, хабар дода буд.


Мулоқоти раиси Исфара бо сокинони Ворух (Акс аз 1 май)
Мулоқоти раиси Исфара бо сокинони Ворух (Акс аз 1 май)
Рӯзи 27 апрел талоши мамониати сокинони Ворух ба сохтани роҳе, ки мебоист рустои Оқсойи Қирғизистонро бидуни убур аз ин ҷазирақаламрав
и марбут ба Тоҷикистон ба боқӣ қисматҳои вилояти Бодканд мепайваст, боиси низоъ байни қирғизҳову тоҷикҳои сокини ин минтақа шуд. Дар пай ҳаракати нақлёт аз Исфара ба ҷамоати Ворух барои як рӯз масдуд шуд. Қарор аст, ҳайъатҳои вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон рӯзи 3 май дар Исфара роҳҳои ҳалли масъалаи Ворухро пайдо кунанд.

Ин ҷазирақаламрав бо беш аз 30 000 аҳолиаш дар дохили қаламрави Қирғизистон қарор дорад. То ҳол таъйину аломатгузорӣ нашудани ин қисмати марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳарсари чанд вақт боиси ихтилоф байни сокинони рустоҳои марзӣ бар сари обу замин мешавад.
XS
SM
MD
LG