Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муноқиша дар марзи Исфара бо Бодканд


Рӯзи шанбе миёни сокинони минтақаҳои марзии Исфараи Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон, муноқиша бархостааст.

Тибқи иттилои Абдухалил Шарифов, муовини раиси ҷамоати Чоркӯҳ, ҳодиса дар деҳаи Тангии Чоркӯҳ, дар 45–километрии Бодканд ва 31-километрии Чоркӯҳ, бар сари истифода ва назорати роҳи мошингард, сурат гирифтааст.

Нозимҷон Сафаров, як шоҳиди айнӣ ба "Озодӣ" гуфт, сокинони деҳоти қирғизнишин хостаанд, назорати роҳро ба ихтиёри худ бигиранд, ки ин хашми сокинони ҷониби Тоҷикистонро ба вуҷуд овард.

Як сокини дигари ҳамин минтақа дар сӯҳбат ба РО гуфт, ки мақомоти қирғиз дар қаламрави Тоҷикистон бунёди як роҳро пеш гирифтанд. Ба дунбол бист нафар аз ҷавони маҳалии Ворух монеи бунёди роҳ шуда, таҷҳизоти роҳсозони қирғизро хароб карда, онҳоро аз маҳал берун кардаанд.Дар посух, сокинони Қирғизистон ягона роҳи анклави Ворухро баста, мардуми ин маҳалро дар инзиво қарор додаанд.

Сокинони маҳаллӣ ҷониби Тоҷикистон ба бахши тоҷикии радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар муноқиша бо ҷониби Қирғизистон се сокинин деҳаи Хоҷа Аълои ноҳияи Исфара ҷароҳат бардоштаанд.

Ҷаниш Айдаров-хабарнигори бахши қирғизии радиои Озодӣ дар вилояти Бодканд ҳоло дар маҳали ҳодиса қаро дорад ва мегӯяд, касе аз сокинони маҳаллии ду ҷониб зарари ҷиддӣ надидааст ва марзбонони Қирғизистон ҳам аз силоҳ истифода накардаанд.

Генерал Токон Мамӯтов-фармондеҳи нируҳои марзбонии Қирғизистон ҳам истифодаи аслиҳа ва аз оташи аслиҳа захм бардоштани одамонро рад кард ва гуфт, агар касе зарари ҷисмонӣ дидааст, он ҳам аз задухӯрди миёни одамони бесилоҳ аст.

Дар ҳоли ҳозир кормандони умури дохилӣ ва ОМОН тарафҳои моҷароро пароканда карда, вазъро зери назорат доранд. Феълан дар ҷои ҳодиса раиси шаҳри Исфара, сардорони бахшҳои умури дохила, амният, раисони ҷамоатҳои деҳоти ду ҷониби марз гирдиҳам омада, роҳҳои ҳалли ин муноқиашро баррасӣ доранд.

Бино ба маълумоти расмӣ, Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин танҳо 59 дарсад ё 567 километраш аломатгузорӣ шудааст.

Қирғизистон ягона кишвари Осиёи Миёна аст, ки бо Тоҷикистон муносибати хеле хуб дорад ва низоми равуои шаҳрвандон ба кишварҳои ҳамдигар бевиза ва нисбатан озодона сурат мегирад. Ҳарчанд дар минтақаҳои наздисарҳадӣ ва ҷазирақаламравҳои миёни сокинон Суғду Бодканд гоҳу ногоҳ муноқишаҳое ҳам сари истифода аз обу замин рух медиҳад. Мақомоти ин ду кишвар соли 2002 ба марзбандии байни кишварҳо оғоз карда, печидагии хатти марз ва вуҷуди даҳҳо ҷазирақаламрав ҷараёни онро суст кардааст.
XS
SM
MD
LG