Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Меваҳои инқилоби Қирғизистон баъди 6 сол


Бишкек, 8 апрели соли 2010. Тазоҳургарон барканории ҳукумати Боқиевро таҷлил мекунанд

Бишкек, 8 апрели соли 2010. Тазоҳургарон барканории ҳукумати Боқиевро таҷлил мекунанд

7 апрел дар Қирғизистон барои нахустин бор ҳамчун рӯзи инқилоби мардумӣ таҷлил мешавад.

7 апрел дар Қирғизистон барои нахустин бор ҳамчун рӯзи инқилоби мардумӣ таҷлил мешавад.

Шаш сол пеш дар ин рӯз Бишкек шоҳиди таҳаввулоти сиёсии ҷиддӣ шуд: дар натиҷаи норизоиятҳои шадид аз ҳукумати Қурмонбек Боқиев, президент аз қудрат барканор шуд ва идораи ҳукуматро нерӯҳои инқилобӣ ба даст гирифтанд. Муҳимтарин норизоиятии мардум ин буд, ки дар кишвар баъди аз сари қудрат барканор шудани Аскар Оқоев дар баҳори соли 2005 дар натиҷаи ҳамингуна инқилоби мардумӣ, президент Боқиев ба фасоду тамаркузи қудрат айбдор шуд.

7 апрели соли 2010 президент Қурмонбек Боқиев амр дод, ки артиш ба сӯи тазоҳургарон оташ кушояд. Дар натиҷаи бесарусомониҳо, беш аз 100 нафар кушта шуда, 300 кас маҷрӯҳ гардиданд. Бо гузашти шаш сол аз он рӯйдодҳо, ҳанӯз ҳукми 28 нафари мансабдори собиқи даврони Боқиев содир нашудааст. Дар миёни муттаҳамон - худи президент ва бародараш Ҷаниш Боқиев мебошанд, ки баъди фирор аз кишвар дар хориҷа паноҳ бурдаанд. Беларус, ки ба Боқиев паноҳгоҳи сиёсӣ додааст, аз таслими ӯ ба Бишкек худдорӣ мекунад. Президенти собиқи ҳамчунин муттаҳам ба фасоди сартосарӣ Аскар Оқоев дар Маскав ба сар мебарад ва ӯро низ Кремлин ба Бишкек супурданӣ нест.

Дар ин шаш соли охир дар сарқонуни Қирғизистон тағйирот ворид шуд ва ин кишвар аз давлати президентӣ – ба як ҷумҳурии парлумонӣ табдил шуд. Вале мухолифон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳукумати президенти амалкунанда Алмосбек Отамбоевро дар он айбдор мекунанд, ки бо қабули қонунҳои нав мавқеи ҳукумати парлумониро заъиф карда, мавқеи худ – президенти кишварро тақвият додааст. Соли 2017 дар Қирғизистон интихоботи навбатии президентӣ баргузор мешавад ва аз ҳоло аҳзоби сиёсии ин кишвар талош мекунанд, ки маҳбубияти мардумро ба даст оваранд.

Яке аз раҳбарони инқилобӣ – нахустин президенти зан дар Қирғизистон ва Осиёи Марказӣ Роза Отунбоева дар арафаи Иди инқилоб ба бахши Қирғизии радиои Озодӣ таҳаввулоти 25 соли охири кишварро “инқилобӣ ва ҳам тезутунд” номида машварат додааст, ки танҳо аз танқид кор нагиранд. Вай гуфтааст, таҳаввулоте, ки дар кишвар мегузарад, дар давлатҳои пешрафтаи демократӣ дар тӯли садсолаҳо амалӣ мешавад. Меваи ду инқилоби Қирғизистон чӣ будааст ва арзёбиҳои мардуми ин кишвар аз вазъи кунунии сиёсиву иҷтимоӣ чист? Ин аст мавзӯи сӯҳбат бо шореҳи бахши қирғизии радиои Озодӣ Айданбек Аҳмадуулу:

XS
SM
MD
LG