Пайвандҳои дастрасӣ

Мансабдорони Мурғоб тоҷикӣ меомӯзанд


Яке аз ниҳодҳои давлатӣ дар ноҳияи Мурғоб. Акс аз бойгонӣ.

Яке аз ниҳодҳои давлатӣ дар ноҳияи Мурғоб. Акс аз бойгонӣ.

Мансабдорони давлатӣ дар ноҳияи Мурғоби вилояти Бадахшони Тоҷикистон, ба омӯзиши забони тоҷикӣ ҷалб шудаанд. Ҳаждаҳ тан аз омӯзгорони забони тоҷикӣ ба ин ноҳия рафтаанд, то бо тамринҳои кӯтоҳмуддат, ба мансабдорон давлатӣ, ки асосан қирғизтаборҳо ҳастанд, забони тоҷикӣ биомӯзанд.

Аксари мансабдорони давлатӣ дар ин ноҳия қирғизтаборанд ва забони тоҷикиро хуб намедонанд. Мақомот мегӯянд, ки ҳоло дастуру қарорҳои ҳукумат ба забони давлатӣ нашр мешаванд ва надонистани забон татбиқи фармонҳои ҳукуматро дар ин минтақа ба мушкил рӯбарӯ мекунад.

Тоҷикӣ ба ҷои русӣ дар Мурғоб

Дуйшебой Исобеков, аз нахустин мансабдори 41-солаи қирғизтабори ноҳияи Мурғоб аст, ки ба давраи кӯтоҳмуддати омӯзиши забони тоҷикӣ шомил шудааст. Исобеков факултаи физика ва математикаи Донишгоҳи шаҳри Ошро бо забони русӣ хатм карда, забони тоҷикиро намедонист. Ӯ дар ноҳияи Мурғоб дар мақоми мудири Шӯъбаи маориф кор мекунад. Исобеков рӯзи 10-уми сентябр бо забони тоҷикӣ, ки тоза аз худ кардааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, ба хотири эҳтироми забони давлатӣ бо ҷамъи кормандони идораи маориф забони тоҷикӣ меомӯзанд.

-Мо то кунун бо забони русӣ сӯҳбат мекардем. Дар як ҳафта ду бор байни кормандони Шӯъба дарси тоҷикӣ мегузаронем. Ҳаракат мекунем, ки забони давлатиро хубтар омӯзем. Пештар муҳит набуд, ки тоҷикӣ омӯзем. Бовар дорам, ки пас аз шаш моҳ ҳама кормандони маориф забони давлатиро аз худ мекунанд,-гуфт,ӯ.

Дарси тоҷикӣ дар мактабҳои Мурғоб зиёд мешавад

Ин масъули Идораи маориф мегӯяд, ҳоло ба Вазорати маорифи Тоҷикистон мактуб ирсол кардаанд, то соатҳои дарси забони тоҷикӣ дар мактабҳои ин ноҳияро низ бештар кунанд. Дар як ҳафта мактаббачагони ин ноҳия, ки қисман бо забони қирғизӣ таълим мегиранд, танҳо ду соат забони тоҷикӣ мехонанд. Бештар кардани соатҳои таълими забони тоҷикӣ ба бовари масъулин сатҳи забондонии сокинонро хубтар хоҳад кард.

Умар Кутугалиев, сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Мурғоб, ки тоза омӯзиши забони тоҷикиро оғоз кардааст, мегӯяд, ҳоло барномаҳои соҳавӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ бо забони тоҷикӣ аст ва надонистани забони тоҷикӣ кори онҳоро ба маротиб мушкил мекунад. Ин масъул мегӯяд, ҳоло талош доранд, дар ҷои кор бо тоҷикӣ сӯҳбат кунанд, то зудтар ин забонро аз худ намоянд. Ин ноҳия 12 мактаби қирғизӣ ва ду мактаби тоҷикӣ дорад.

Надонистани забони давлатӣ, ҳуҷҷатгузорӣ ба забони тоҷикӣ дар ин минтақаро ба мушкил рӯбарӯ кардааст.

Надонистани забони давлатӣ, ҳуҷҷатгузорӣ ба забони тоҷикӣ дар ин минтақаро ба мушкил рӯбарӯ кардааст.

Забони тоҷикӣ, ки акнун забони ҳуҷҷатгузорӣ ва қонунгузории давлати Тоҷикистон аст, дар замони Шӯравӣ тақрибан дар мақоми дуюм қарор дошт ва надонистани ин забон айби бузург ҳисоб намешуд, баръакс донандагони забони русӣ ҳамеша ҳушманду муваффақ номбар мешуданд. Дурии мақомоти Мурғоб аз як сӯ агар идомаи таҷрубаи замони шӯравӣ бошад, аз сӯи дигар робитаи наздики ақалаятҳои қирғиз ба ватани бобоияшон- Қирғизистон аст.

Минтақаи Мурғоб 15000 аҳолӣ дорад, ки 60 дар сади онҳо қирғизтабор ҳастанд. Қирғизҳо барои надонистани забони тоҷикӣ тавҷеҳ доранд, зеро дар ин ноҳияи 12 мактаби қирғизӣ ва танҳо ду мактаби тоҷикӣ вуҷуд дорад.

"Мансабдорон худашон шавқманди омӯзиши тоҷикианд"

Ҳусния Раҷабова, муовини раиси ноҳияи Мурғоб мегӯяд, ба хотири татбиқи сиёсати давлатӣ, омӯхтани забони тоҷикӣ хеле муҳим аст. Ӯ мегӯяд, пайёмҳои президенти кишвар, ҷаласаҳои ҳукумати вилоят бо забони тоҷикӣ анҷом мешаванд, аз ин рӯ, донистани ин забон барои мансабдорони аҳамияти аввалиндараҷа дорад.

-Ҳоло курсҳои забони тоҷикӣ барои мансабдорон бепул аст. Лекин мо ният дорем, ки дарс бо забони тоҷикиро тариқи шартнома ва бо супоридани пул ба роҳ монем. Ин дарсҳо аз моҳи сентябр сар шудаанд. Ин ҷо қирғизҳо зиёдтаранд ва аксари мансабдорон низ қирғизтаборанд. Мансабдорон худашон низ хеле шавқманди омӯзиши забони тоҷикианд,-гуфт, Ҳусния Раҷабова, муовини раиси ноҳияи Мурғоб.

Монеаҳои таҳсили қирғизтаборон дар донишгоҳҳҳои Тоҷикистон

Ноҳияи Мурғоб аз шаҳри Душанбе дар масофаи дуртар аз ҳазор километр ҷойгир аст. Аз замони Шӯравӣ, сокинони ин ноҳия бештар бо Қирғизистон, ки ба онҳо наздиктар аст, рафтуо доранд.

Эшпулод Абдуллоев, сокини 56-солаи ноҳияи Мурғоб мегӯяд, воқеан. Фарзандонаш пас аз хатми мактаби миёна наметавонанд, дар Донишгоҳу донишкадаҳои олии Тоҷикистон таҳсил кунанд. Ӯ гуфт: “Якто-ним то бачаҳои мо дохил мешаванд, вале то тоҷикиро ёд мегиранд, ки азоб мекашанд. Барои ҳамин бештар барои дохилшавӣ ба Қирғизистон мераванд.”

Китобхона дар минтақаи Аличури Мурғоб. Акс аз бойгонӣ.

Китобхона дар минтақаи Аличури Мурғоб. Акс аз бойгонӣ.

Ноҳияи Мурғоб дар вилояти Бадахшон 15 ҳазор аҳолӣ дорад, аммо аз лиҳози қаламрав калонтарин ноҳияи Тоҷикистон дониста мешавад. Беш аз 60 дарсади сокинони ноҳияи Мурғобро қирғизтаборон ташкил медиҳанд.

Ин ноҳия наздик ба 4 ҳазор метр аз сатҳи баҳр баланд буда, зимистон то 45 дараҷа сард мешавад. Бинобар сардӣ, кормандони давлатӣ аз дигар ноҳия барои кор дар Мурғоб розӣ намешаванд. Аз ин рӯ, ҳукумат талош мекунад, то бештар мутахассисони маҳаллиро ҷалб кунад, ҳарчанд, онҳо дар донистани забони тоҷикӣ мушкил доранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG