Пайвандҳои дастрасӣ

Комиссиюни муштарак моҷарои Сӯхро таҳқиқ мекунад


Табибе дар шифохонаи Ботканд сиҳҳатии яке аз гаравгонҳои озодшударо месанҷад. 7 январи соли 2012

Табибе дар шифохонаи Ботканд сиҳҳатии яке аз гаравгонҳои озодшударо месанҷад. 7 январи соли 2012

Мақомоти Ӯзбакистон ва Қирғизистон тасмим гирифтанд, ки моҷарои дар ҷазирақаламрави Сӯх рухдодаро ҳамроҳ таҳқиқ кунанд.

Чунин тасмим дар ниҳояти музокироти мақомоти ҳарду тараф ҳосил шуд. Рӯзҳои 5-6 январи соли ҷорӣ сокинони рустои Ҳушёри анклави Сӯх, ки ба вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбакистон тааллуқ дошта, дар дохили ҳудуди вилояти Ботканди Қирғизистон ҷойгир аст, аз насбкунии хатҳои барқгузар (ЛЭП) дар минтақаи марзӣ изҳори норизоият карданд. Дар авҷи ихтилофҳо сокинони ӯзбактабори Сӯх ба нишони эътироз аз кори марзбонони қирғиз ҳудудан 30 сокини рустои қирғизии тарафи муқобили марзро рӯзи 6 январ ба гарав бурданд. Дар натиҷаи музокироти мақомоти ду ҷониб, то нисфирӯзии 7 январ тамоми гаравгонҳо, аз ҷумла занону кӯдакон озод шуданд. Аз рӯи иттилои хабарнигори Озодӣ, ҳафт гаравгон ҳоло дар бемористон боқӣ мемонанд.

Хадамоти амнияти миллии Ӯзбакистон бо пахши изҳороте дар моҷаи сарзада ҷониби Қирғизистонро гунаҳгор кард ва гуфт, ки марзбонони кишвари ҳамсоя муқаррароти байналмилалиро нодида гирифтанд. Дасти кам се шаҳрванди Ӯзбакистон дар ин ҳодиса маҷрӯҳ шуда, як афсари полиси Қирғизистон шадидан лату кӯб шудааст.

Рӯзи сешанбе 8 январ посгоҳҳои марзии атрофи ин минтақа баста буданд.
Шоми душанбе, 7 январ раҳбари САҲА, вазири хориҷаи Украина ҷонибҳои дар ҳоли ихтилофро ба хештандорӣ ва муколама даъват кард. Леонид Кожара гуфт, ки САҲА омода аст бо дархости ҷонибҳо дар чаҳорчӯби рисолатҳои худ миёнҷигӣ кунад.

Анклав ё ҷазирақаламрави Сӯх вилоятҳои Ӯш ва Ботканди Қирғизистонро ба ҳам мепайвандад. Узбакистон борҳо убуру мурур тавассути ин роҳро маҳдуд кардааст. Сокинони деҳаи Ҳушёр асосан тоҷиконанд, тақрибан 10 % сокинонаш ӯзбактабор мебошанд. Аз соли 1999 вақте ҷангҷӯёни исломӣ ҳамлаҳо болои манотиқи ҷанубии Қирғизистонро раҳандозӣ кардаанд, ҳукумати Узбакистон ҳузури низомиаш дар Сӯхро таҳким бахшидааст.

Радиои Озодӣ

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG