Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон рӯзи якшанбе Қонуни асосиро ислоҳ мекунад


Райъпурсӣ барои ислоҳи Қонуни асосии Қирғизистон рӯзи 11 декабр дар баробари интихоботи шӯроҳои маҳаллии ин кишвар баргузор хоҳад шуд. Дар сурати пуштибонии мардум аз ворид кардани тағйирот ба Қонуни асосӣ, нақши нахуствазир дар Қирғизистон мустаҳкам мешавад.

Мухолифони Алмосбек Отамбоев мегӯянд, раиси ҷумҳури кунунии Қирғизистон барои худ ҷойи муносиб омода карда, роҳашро барои боқӣ мондан дар қудрат ҳамвор месозад. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи онҳо, мӯҳлати раёсати Отамбоев соли оянда ба поён расида, бар асоси Конститутсия ҳақ надорад, бори дувум президент интихоб шавад. Мунтақидон мегӯяд, ислоҳи Қонуни асосӣ Отамбоевро ба нахуствазири нерӯманд табдил мекунад.

Имсол чанде аз кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла Озарбойҷону Тоҷикистон низ Қонуни асосии худро тағйир доданд. Бар пояи ислоҳи Қонуни асосии Тоҷикистон, президент Эмомалӣ Раҳмон ҳаққи бидуни маҳдудият иштирок кардан дар интихоботи президентиро ба даст оварда, ташкили ҳизби характери динидошта манъ гардид. Инчунин, синни номзад ба мақоми президенти Тоҷикистон аз 35 то 30 поин оварда шуд.

XS
SM
MD
LG