Пайвандҳои дастрасӣ

Бино бар охирин хабарҳо нерӯҳои таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон раиси вилояти Иссиқкӯл Эмилбек Каптагаевро аз асорати тазоҳуркунандагон раҳо карданд.

Наздик ба 200 нафар аз тазоҳуркунандагон дар Қаракӯл, маркази вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон раиси ин вилоят Эмилбек Каптагаевро гаравгон гирифтанд ва даъват карданд, ки кони тилои Кумтор миллӣ карда шавад.

Ҷамъомадагон мегӯянд, созишномаи байни ҳукумати Қирғизистон ва ширкати канадагии Centerra Gold Incorporation, ки чанде пеш ба имзо расид, ба манфиати мардуми қирғиз нест ва аз он ангезаи фасод меояд.

Бино бар тарҳи нави ин қарордод саҳми ҳукумати Қирғизистон дар ин корхонаи муштарак афзоиш ёфта, аз 33 ба 50 дарсад мерасад, аммо тазоҳуркунандагон мегӯянд, кони тило бояд моликияти миллии Қирғизистон бошад.

Норозиёни Кумтор дар ҳоле ба майдон баромаданд, ки 50 нафар барои ҳалли мушкилоти марбут ба қарзи худ аз бонкҳо ва созмонҳои хурди кредитӣ ба назди раиси вилоят омада буданд. Ҳангоме ки Эмилбек Каптагаев бо онҳо суҳбат мекард, 50-60 нафари аспсавор вориди майдон шуданд ва мошини раиси вилроятро ба муҳосира гирифта, ӯро ба мошин нишонданд. Чанд нафар аз галстуки ӯ кашиданд ва Каптагаев маҷбур шуд, онро кашад.

Бино бар хабари шоҳидони айнӣ, полис майдонро ба муҳосира гирифт ва неруҳои таъиноти махсус низ ба ин ҷо фиристода шудаанд. Даромадгоҳи бинои ҳукумати вилоят зери назорати сарбозон аст.

Норозиён намегузоранд, ки Эмилбек Каптагаев аз мошинаш берун ояд ва талаб доранд, вай ба ҳукумат занг зада, иҷрои ваъдаҳои пешинаро дар бораи кони “Кумтор” тақозо кунад.

Дар байни тазоҳуркунандагон муноиқша ба миён омадааст. Афроди пиёда за аспсаворон хостаанд, ором шаванд, вале савораҳо дар ҷавоб онҳоро таҳқир кардаанд.


Ҳамчунин тазоҳуркунандагон як корманди полисро, ки мехост мардумро ба оромӣ даъват кунад, латукӯб карданд. Моҳи июн айни чунин тазоҳурот бо ширкати садҳо нафар ва задухӯрди онҳо бо кормандони полис сабаби эълони вазъи фавқулода дар вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон шуда буд.

Он вақт эътирози сокинони вилоят сабаб гашт, ки ҳукумат шартҳои ҳамкорияшро бо ширкати канадагӣ дар истихроҷи тило бознависӣ кунад. Аммо акнун эҳтимол меравад, ки ин тарҳ дар порлумон ҳимоят пайдо нахоҳад кард ва мумкин аст, ҳукумат шартҳои қарордоди Кумторро боз тағйир диҳад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG