Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Президент собиқ муҳофизашро ба мақоми вазири умури дохила таъйин кард. ВИДЕО


Дар паи тағйироти ҳайати ҳукумати Қирғизистон, Улан Исроилов, собиқ муҳофизи президент ба мақоми вазири умури дохилаи ин кишвар таъйин шуд. Баъди ин бисёриҳо дар ислоҳоти воқеӣ дар ҳукумат шубҳа карданд.

Мухолифон дар парлумон дар салоҳияти кадрҳое шубҳа карданд, ки дар мақомҳои калидии ҳукумати Қирғизистон таъйин шуданд. Коршиносон мегӯянд, ки як сол пеш аз интихобот, Алмосбек Отамбоев дар ҳукумат тағйирот ҷорӣ карда, ба ҳукумат афроди наздикро аз рӯи принсипи эътимод ба ин шахсиятҳо овардааст. Вале раҳбарони ҳизби ҳокими сотсиал-демократ дар парлумон ин интиқодҳоро қабул надоранд.

Улан Исроилов дар мулоқоти президент Алмосбек Отамбоев

Улан Исроилов дар мулоқоти президент Алмосбек Отамбоев

Аз рӯи тағйироти ахир дар ҳукумати Қирғизистон, ҳайати ҳукумат то 30 дар сад иваз шуд. Вазири умури дохила Қошғар Ҷунушалиев, ки барои таъхир дар ислоҳоти низоми полис интиқод шуда буд, аз мақомаш барканор ва ба ҷои ӯ Улан Исроилов таъйин шуд. Таъйиноти Исроилов, ки дар гузашта муҳофизи шахсии президент Отамбоев буд, мавриди шубҳаву интиқоди коршиносон ва мухолифон қарор гирифт, ки то куҷо воқеан ҳам президент дар фикри ислоҳоти ин сохтори қудратӣ аст.

Нахуствазир Сооронбой Ҷеенбеков, ки дар мақомаш мондааст, ба саволи аъзои маҷлис оид ба дурустии таъйини муҳофизи президент ба ин мақом посух надод ва танҳо гуфт, ки вазири собиқ, ҳарчанд инсони хуб ва касбӣ аст, бо анҷоми ислоҳот дер кард. Ҳукумат, ба гуфтаи ӯ, маҷбур шуд, ки ӯро иваз кунад.

Даврае, ки эркаҳои ҳукуматӣ як вазифаро бо дигараш иваз мекарданд, дигар тамом шуд

Ҳоло аксар мунтақидон ин саволро медиҳанд, ки то куҷо Отамбоев дар як соли то анҷоми салоҳиятҳои президентиаш воқеан ҳам дар фикри ислоҳот аст ва ё ҳадафҳои дигарро дунбол мекунад. Таъйиони чанд нафари наздик ва бовариноки президент сабаби эҷоди шубҳа шуд. Аз ҷумла, дар вазифаи раиси Кумитаи давлатии аминяти миллӣ Абдил Сегизбоев, додситони кулл Индира Ҷолдубоева, раиси Комиссиюни интихоботӣ Нурҷон Шайлдабеков ва дигарҳоро мисол меоранд.

Сафар Арғинбоев, як фаъоли ҷамъиятӣ мегӯяд, бараъло дида мешавад, ки президент ба мақомҳои муҳим афроди наздики худро таъйин мекунад. Вай гуфт, “дар гузашта ҳизби ҳокими сотсиал-демократ кадрҳои худро ба вазифаҳои муҳим таъйин ва баъди ним сол онҳоро аз вазифа озод мекард. Вале дар сиёсати кадрӣ барои таъйин афроди номуносиб касе масъулият надорад. Яъне дар асл, ҳеҷ сиёсати кадрӣ вуҷуд надорад. Дар гузашта ин хел буд, ҳоло ҳам ҳамин хел мондааст”.

Вазири нави умури дохилии Қирғизистон соли 2013 сардори раёсати умури дохилаи ноҳияи Свердловскии шаҳри Бишкек буд, баъдан раҳбари сарраёсати ҳафтуми вазорат ва баъди ни ба мақоми раиси хадамоти зиддикоррупсионии КДАМ таъйин шуд. Хабарнигорони бахши қирғизии радиои Озодӣ мегӯянд, мисли ӯ дигар таъйиншудаҳо ҳам аз афроди наздики президент мебошанд. Аз ҷумла, Мирбек Қосимқулов, фармондеҳи собиқи горди миллӣ – раиси хадамоти марзбонӣ, вазири нави адлия Уран Ахмедов то ин мақом дар шӯъбаи ҳуқуқи дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ кор кардааст.

Исо Омурқулов

Исо Омурқулов

Исо Омурқулов, раҳбари ҷиноҳи ҳизби ҳоким дар парлумон интиқодҳоро дар заминаи таъйини шахсони бовариноки президент ба мақомҳои давлатӣ рад кард ва гуфт, “ҳама таъйиншудаҳо ҷавон ва мутахассиси кори худ ҳастанд. Дар миёни онҳо се-чор вазири ҷавону кордон ҳаст. Ин навбат мо ҳукуматро аз ҳисоби афроди ботаҷрибаву доно ва ҳам ҷавону касбӣ ташкил кардем”.

Ҷиноҳи ҳизби “Ота ҷӯрт” дар парлумон сиёсати кадрии президентро шадидан танқид кард ва гуфт, ки дар баъзе мақомҳо афроде таъйин шудаанд, ки “эркаҳои ҳукуматӣ” ҳастанд. Омурбек Текебоев, раиси ҷиноҳ дар муроҷиат ба нахуствазири кишвар гуфт, “президент ҳукуматро дастгирӣ мекунад. Вале даврае, ки эркаҳои ҳукуматӣ як вазифаро бо дигараш иваз мекарданд, дигар тамом шуд”.

Бо наздик шудани интихоботи парлумонӣ дар Қирғизистон, аксарият тахмин мезананд, ки президенти амалкунанда Алмосбек Отамбоев талош мекунад ҳамроҳ бо ҳизбаш дубора ба сари қудрат биёяд.

XS
SM
MD
LG