Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тирандозӣ миёни марзбонони тоҷику қирғиз


Бино ба гузоришҳо, дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон миёни сарҳадбонони ду тараф тирандозӣ ба вуқӯъ пайвастааст. Сокинони ноҳияи Исфара ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки садои тирандозиҳои парокандаро ҳанӯз ҳам мешунаванд, вале маълум нест, чанд нафар дар ин ҳодиса осеб дидаанд. Гуфта мешавад, ки сарҳадбонони қирғиз ба далели то кунун номаълум ба сӯи марзбонони тоҷик дар канори рустои Хоҷаи Аъло тир андохта ва ду нафари онҳоро захмӣ кардаанд. Хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ ба такя ба иттиллои табибони бемористони вилояти марзии Ботканд гуфт, ки гӯиё се марзбони қирғиз низ бо ҷароҳатҳо аз тир бистарӣ шудаанд. Сабабҳои сар задани ҷанҷол ҳанӯз маълум нест. Фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Душанбе барои таҳқиқи ҳодиса ба ин маҳал рафтааст.
XS
SM
MD
LG