Пайвандҳои дастрасӣ

Омбудсмени Қирғизистон барканор шуд


Турсунбек Акун, Омбудсмени барканоршудаи Қирғизистон.

Турсунбек Акун, Омбудсмени барканоршудаи Қирғизистон.

Парлумони Қирғизистон баъд аз баррасиҳои тулонӣ ва пурсарусадо Турсунбек Акун-Омбудсмен ё Гузоришгари ҳуқуқи башари ин кишварро аз мақом барканор кард.

Турсунбек Акун соли 2005, яъне дар давраи раёсати ҷумҳурии Қурмонбек Боқиев ба ин мақом расида буд ва аз ҳомиёни муътабари ҳуқуқи башари ин кишвар шинохта мешавад. Баъд аз қабули тасмими парлумон Турсунбек Акун дар даҳлези парлумон аз беҳолӣ афтод ва вайро ба шифохонаи ёрии таъҷилӣ интиқол доданд. Турсунбек Акун дар ҷараёни муборизаҳо дар соли 2005 аз сараш зарб хӯрдааст ва пизишкон мегӯянд, ки мумкин аст ин зарбҳо ба ҳолати равонии вай таъсир кардааст.

Дар як мусоҳиба бо Венера Ҷуматаева-таҳлилгари умури Қирғизистон дар радиои Озодӣ нахуст аз вай пурсидам, сабаби қабл аз вақт барканор кардани Турсунбек Акун дар парлумон чист?

Ҷуматаева: Турсунбек Акун ҳомии машҳури ҳуқуқи башар дар Қирғизистон аст ва дар ин соҳа таҷрибаи зиёд дорад. Дар парлумон вайро барои он муттаҳам медонанд, ки дар раҳоии қабл аз вақти Азиз Батукаев-раҳбари чечентабори як гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноӣ аз зиндон ёрӣ расондааст. Батукаев моҳи гузашта аз зиндон раҳо шуд, ки барои ҷомеаи Қирғизистон ғайримунтазира дониста мешавад. Барои ин кор Турсунбек Акун аз ҳамаи ҷонибҳо мавриди ҳамла қарор гирифт, бо вуҷуди ин ки вай аз рӯзҳои аввал мегӯяд, ки дар раҳоии Батукаев кӯмаки даст надорад. Турсунбек баъд аз як рӯзи раҳоии Батукаев дар Бишкек нишасти хабарӣ баргузор кард ва гуфт, ки Батукаев сахт бемор аст ва дар чунин вазъ зарурате боқӣ намемонад, то вайро аз нуқтаи назари инсонӣ дар зиндон нигоҳ доранд. Вай барои ҳамин мавриди ҳамла қарор гирифт.”

Озодӣ: Чаро дар парлумон барои барканор кардани Турсунбек Акун ин гуна баррасиҳои пуршӯр ва тӯлонӣ анҷом гирифтааст?

Ҷуматаева: Дар парлумон Турсунбой Бакируғлу узви дигари парлумон дар гузашта пеш аз Турсунбек Акун Омбудсмен буд ва ҳанӯз уқдаҳо боқӣ мондааст. Мақоми Омбудсмен дар Қирғизистон “ҷои даромаддиҳанда” дониста мешавад. Ин ниҳод аз СММ, аз ҳукумат ва созмонҳои дигар сармоя мегирад. Дафтари бузург доранд, як бинои бузург дар маркази Бишкек дар ихтиёрашон аст. Онҳо Венера Ҷуматаева, коршиноси қирғиз.

Венера Ҷуматаева, коршиноси қирғиз.

ба ҳар муассиса ва ба зиндонҳо рафтуомад мекунанд. Барои ҳамин аз рӯзи аввали раҳоии Батукаев намояндаи парлумон Бакируғлу аз Омбудсмен сахт интиқод мекард. Турсунбек Акун то андозае шахси осебпазир аст, зеро вай ҳамеша бо рӯзноманигорон сӯҳбат мекард, дар бораи ҳамаи рӯйдодҳо изҳорот медод, дар сурате, ки ҳамаи ниҳодҳо хамӯширо ихтиёр мекарданд. Шояд вай бозтарин сиёсатмадор дар Қирғизистон аст. Барои ҳамин вай ҳамеша интиқол мешунид. Бо вуҷуди ин вай ҳамеша шахси фаъол дониста мешуд”.

Озодӣ: Коршиносон чӣ мегӯянд, дар вақти барканорӣ аз мақом дар парлумон ҳамаи мавозини қонун риоят шудааст?

Ҷуматаева: Аз нуқтаи назари қонун ҳамааш дуруст аст, зеро факат парлумон метавонад вайро аз мақомаш фаро хонад. Ҳоло, ки парлумон бо аксарияти оро вайро аз мақом фаро хондааст, фикр намекунам, ки раиси ҷумҳур бар зидди парлумон даст ба иқдоме бизанад. Сабаб ин аст, ки Турсунбек Акнун барои ҳукумати Қирғизистон низ шахси чандон хушоянд набуд. Вай баъзе номҳоро ифшо мекард. Ҳоло бо назардошти гуфтаҳои таҳлилгарон ба хулосае расидан мумкин аст, ки Турсунбек Акун мехост ҳамаи ҷонибҳоро аз худ розӣ нигоҳ дорад, яъне ҳам бо ҳукумат наздик бошад ва ҳам ҳомиёни ҳуқуқро аз худ дур накунад. Вале вай худаш қурбон шуд.”

Озодӣ: Бо назардошти ин ки Турсунбек шахси муҳаррик аст ва наметавонад ором нишинад, фикр намекунед, ки вай акнун ба ҷониби мухолифон бигзарад ва бар зидди ҳукумату парлумон мубориза кунад?

Ҷуматаева: Ҳамааш имкон дорад. Агар мантиқан ҳамаи изҳороти рӯзҳои ахири вай ва изҳороти як рӯз пеши вай дар парлумонро дар назар бигирем, вай ҳоло аз атрофиёни раиси ҷумҳур Отамбоев ба ғазаб омадааст, зеро вай мегӯяд, ки бо раиси ҷумҳур диду боздид надоштааст бо вай шахсан сӯҳбат накардааст. Вале ба гуфтаи худи Турсунбек Акун, атрофиёни раиси ҷумҳур телефонӣ аз вай хостаанд, ки дар бораи Батукаев нишасти хабарӣ баргузор кунад ва дар нишасти хабарӣ чӣ бояд бигӯяд. Барои ҳамин ҳоло вай хеле хашмгин аст. Маълум нест, ки вай акнун чӣ тасмиме мегирад, вале агар вай ба мухолифи сарсахт табдил ёбад, дар Қирғизистон неруҳои зиёде ҳастанд, ки мумкин аст аз вай ҳимоят кунанд ва ин кор ба нафъи вай хоҳад шуд.”
XS
SM
MD
LG