Пайвандҳои дастрасӣ

Депутатҳои қирғиз худро аз масуният озод карданиянд


парлумони Қирғизистон

парлумони Қирғизистон

Маҷлиси Қирғизистон пешниҳоди баъзе вакилони маъруфро баррасӣ дорад, ки лағви масунияти депутатҳоро дар баробари ҷавобгарии қонун тақозо кардаанд.

Пешниҳоди лағви масунияти депутатҳои парлумон дар баробари қонунҳои Қирғизистон аз забони раҳбари ҳизби «Ору номус» Феликс Қулов садо дод ва ин пешниҳодро раҳбари ҳизби Сотсиал-демократ Чинибой Турсунбеков ҳам пуштибонӣ кард. Ташаббускорони ворид кардани тағйироту иловаҳо ба қонун ба ин назаранд, ки депутати парлумон набояд аз шаҳрванди қатории кишвар тафовут дошта ва дар сурати роҳ додан ба ҷинояте, барои кирдори худ посух диҳад. Айни замон, ба бовари онҳо, қонун ва парлумон бояд дар сурати «сиёсӣ будани» парвандаи ҷиноӣ, ба ҳимояти депутат бархезад.

Чинибой Турсунбеков дар сӯҳбат бо бахши қирғизии радиои Озодӣ гуфт, «қонуни амалкунанда депутатро аз ҷавобгарӣ озод кардааст, магар ин ки куштор ё кадом навъи дигари ҷинояти сангин содир накунад. Вале пешниҳоди мо ин аст, ки депутат дар баробари ҳама қонуншиканиҳо, аз ҷумла, барои тӯҳмату бӯҳтон ҳам посух диҳад. Барои ҷудо кардани қонуншиканиҳо аз «парвандаҳои сиёсӣ» дар Жогорку Кенеш (парлумони Қирғизистон) як комиссиюне ташкил мешавад, ки вазъро омӯхта баҳои худро ба кори депутат медиҳад». Турсунбеков мегӯяд, дар ниҳояти амр тасмими бекор шудани масунияти депутатро маҷлис бар асоси овоздиҳӣ ҳал мекунад.

Дар ҳоле, ки тарафдорони пешниҳоди бекор шудани масунияти депутатӣ зиёданд, дар байни онҳо нафароне ҳам ҳастанд, ки ба ноадолатиҳои судӣ ва органҳои тафтишотӣ таъкид карда, ислоҳи низоми адлияро пеш аз ҳама тақозо мекунанд. Туратбек Мадилбеков, намояндаи ҳизби «Ота Макон» мегӯяд, ин ташаббус бояд воқеиятҳои имрӯзи кишварро ҳам ба эътибор бигирад. Масалан, дар сурати ноҳақ боз шудани парванда дар нисбати депутат дар додситонӣ, вай танҳо баъди муддати тӯлонӣ дар додгоҳ метавонад ҳақ будани худро исбот кунад. Вале то он замон ӯро аз курсии депутатӣ маҳрум мешавад. Ба гуфтаи ӯ, ҳолатҳое ҳам мешаванд, ки гурӯҳи соҳибкорон бо таҳдиди боз кардани парвандаи ҷиноӣ, депутатро маҷбур мекунанд, тарҳи қонуни барои онҳо лозимаро гузаронад.

Ин баҳсу баррасиҳо дар ҳолест, ки дар таърихи парлумони Қирғизистон аз 120 депутати маҷлис танҳо 3 ё 4 нафарашон аз ҳақи масунияти худ истифода кардаанд. Мухолифи ин пешниҳод Нуркомил Мадалиев аз ҳизби «Ору номус» мегӯяд, дар сурати бекор шудани масунияти депутатӣ, мухолифон зери зарба мемонанд ва мавриди таҳдиду шантаж қарор мегиранд.

Вале ба бовари баъзе созмонҳои ҷамъиятӣ, садо додани чунин пешниҳод дар остонаи интихобот як амале ба хотири дилгарм кардани раъйдиҳандагон ва ба даст овардани пуштибонии онҳо асту бас. «Депутат набояд дар фикри ин чизҳо бошад. Корашро софдилонаву аз рӯи ҳақиқат иҷро кунад, ҳеҷ гуна ҳимояти иловагиву масуният лозим нест», мегӯяд Рита Қаросартова аз Пажӯҳишгоҳи таҳлилҳои ҷамъиятӣ.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG