Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Изи "Давлати исломӣ" дар ҳамла ба Қодир Маликов


Қодир Маликов - дар бемористон

Қодир Маликов - дар бемористон

Мақомоти амниятии Қирғизистон мегӯянд, нақши тарафдорони созмони тундрави “Давлати исломӣ” дар ҳамла ба исломшиноси шинохта Қодир Маликов ошкор шудааст.

Мақомоти Қирғизистон рӯзи 30 ноябр гуфтанд, бо иттиҳоми ҳамла ба исломшиноси шинохтаи қирғиз Қодир Маликов ду нафар дар Бишкек ва дуи дигар дар Туркия дар дастгир шудаанд, вале ду гумонбари дигар баъди ин ҳамла ба Туркия фирор кардаанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ)-и Қирғизистон, рӯзи 29 ноябр ду нафар - Б. Р. Н. ва Ш. А. А. – бо иттиҳоми ҳамдастӣ дар ҳамла ба Қодир Маликов боздошт шуданд. Дар ҷараёни кофтукоб аз маҳалли зисти онҳо миқдори зиёди адабиёти ифротӣ, силоҳи сард ва муҳимот ёфт шудааст.

Мақомоти амният ва умури дохила ҳамчунин даст доштани ин гурӯҳ дар қатли нозири минтақавии шӯъбаи умури дохилаи ноҳияи Октябри шаҳри Бишкекро таҳқиқ мекунанд.

Роҳат Сулаймонов, сухангӯи КДАМ гуфт. ки мақомоти амният ва умури дохила дар ҳамла ба Қодир Маликов даст доштани тарафдорони созмони террористии “Давлати исломӣ”-ро ҳам ошкор кардаанд. Гуфта мешавад, Алибек Тилек уулу, соли таваллудаш 1987 ва Ирисқул Бейшеналиев, соли таваллудаш 1986, баъди ҳамла ба исломшиноси қирпғиз шаби 27 ноябр ба Қазоқистон ва аз онҷо ба Туркия парвоз кардаанд. Вазорати корҳои дохилаи Қирғизистон онҳоро таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор додааст.

Бакит Сеитов, сухангӯи вазорати корҳои дохилаи Қирғизистон рӯзи 30 ноябр ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳарду гумонбар дар шаҳри Ғозиёнтеппа Туркия, дар наздикии марзи он кишвар бо Сурия дастгир шудаанд.

Гумонбарони ҳамла ба Маликов

Гумонбарони ҳамла ба Маликов

Қодир Маликов, раҳбари маркази таҳлилии “Дин, қонун ва сиёсат” соати ҳафти шоми 26 ноябр дар назди мағозаи “Народный” дар маҳаллаи Асанбойи Бишкек ҳадафи ҳамла қарор гирифт. Бино ба натиҷаҳои тафтиши муқаддамотии пулис, вақте Маликов аз мағоза берун омад, роҳи мошини ӯро як мошини BMW баста буд. Ӯ аз соҳибони он хостааст, ки мошинашонро бигиранд ва роҳи ӯро бикушоянд. Аммо онҳо инро рад мекунанд ва бо Қодир Маликов вориди муноқиша мешаванд. Дар натиҷа ҳамлагаронро Маликовро сахт лату кӯб карда, бо корд дасту рӯи ӯро захмӣ мекунанд.

Мақомоти Қирғизистон шумори шаҳрвандони ин кишвар дар ҷангҳои Сурияву Ироқро то 400 нафар баровард мекунанд ва мегӯянд, аксари онҳо дар он ду кишвари арабӣ дар сафи гурӯҳҳои тундрави мазҳабӣ меҷанганд.

Қодир Маликов ба ҳайси исломшинос бо мавқеи шадидан интиқодиаш нисбат ба тундгароёни мазҳабӣ маъруф аст. Ба ин далел, билофосила дар пайи ҳамла ба Маликов аксари коршиносони қирғиз ангушти иттиҳом ба сӯи пайравони гурӯҳҳои ифротӣ баланд карданд ва гуфтанд, онҳое ки алайҳи террору ифротгароӣ садо баланд мекунанд, таҳти таҳдид қарор мегиранд.

Зимнан қарор буд, рӯзи 27 ноябр Қодир Маликов дар масъалаи роҳҳои муқобилаи давлат бо терроризму тундгароё як нишасти хабарӣ доир кунад. Аммо ҳамлаи шоми 26 ноябр ин исломшиносро ба бистари бемористон афканд ва ин нишаст доир нашуд.

XS
SM
MD
LG