Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон педофилҳоро ахта мекунад


Парлумони Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ.
Парлумони Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ.

Вакилони парламенти Қирғизистон лоиҳаи қонунеро баҳс доранд, ки ахтаи химиявии афроди маҳкум бо ҷурми таҷовуз ба номуси кӯдакон ва ё кӯшиши таҷовуз ба номуси кӯдаконро мадди назар дорад.

Чунин иқдом ба хотири ҷилавгирӣ аз такрори таҷовуз ба номуси кӯдакон дар баъзе мамолики дигар ҳам вуҷуд дорад, вале ҳомиёни ҳуқуқ аз ин муҷозот нигарон мебошанд.

Як идда мамолики олам ахтаи химиявӣ ва ё ҷарроҳии педофилҳо ё худ афроди масъули таҷовуз ба номуси кӯдаконро ҷорӣ намуда, таъкид менамоянд, ки ин иқдом бо ҳадафи ҳимояти ҷомеа аз таҷовузгарони ҷинсӣ қабул шудааст. Дар ҳамин ҳол баъзе ҳомиёни ҳуқуқ ин иқдомро маҳдуд намудани озодиҳои инсонӣ арзёбӣ мекунанд.

Ахтаи химиявӣ табобати афрод бо давоҳои зиддиандрогениро дар бар мегирад.
Ин қабил давоҳо мизони тестостеронро коҳиш дода, хоҳиши шаҳвониро аз байн мебарад. Дар кишварҳои Молдова, Полша ва ё Лаҳистон, Русия, Кореяи Ҷанубӣ ва як идда аёлатҳои Амрико муолиҷаи химиявии афроди масъул бо таҷовуз ба номуси кӯдакон иҷборӣ аст. Дар баъзе кишварҳои Аврупои ғарбӣ бошад, чунин муолиҷа довталабона буда, солона ба тахминан чоруним ҳазор доллар баробар аст.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:02 0:00
Линки мустақим



Табиби равоншинос Петур Ҳауксон, ки солҳои тӯлонӣ дар Дания ифои вазифа кардааст, мегӯяд: "Муолиҷаи таҷовузгарони ҷинсӣ зери назорати дақиқ ҷараён мегирад. Агар онҳо дар вақти муайян дар назди полис ҳозир нашаванд, онҳоро дастгир мекунанд. Ин табобат ба воситаи ҳамкории зичи табибон, полис ва маҳбусон имкон пазир аст ва ин система хуб амал мекунад.”

Бар пояи пешниҳоди қонунгузорони қирғиз, муолиҷаи педофилҳо довталабона аст, вале дар муқобили он муҷозоти онҳо сабуктар нахоҳад буд. Моҳи гузашта қироати аввали ин лоиҳа доир шуд ва агар баъди қироати сеюм ҳам он дастгирӣ ёбаду президенти Қирғизистон онро имзо кунад, дар ин кишвар ахтаи химиявии педофилҳо қонунӣ хоҳад шуд.

Вакили мардумӣ Турсунбой Боқируулу мегӯяд, ин қонун барои коҳиши таҷовуз ба номуси кӯдакон ёрӣ мерасонад: “Бар пояи лоиҳаи пешниҳодшуда қабл аз ахтаи химиявӣ, назари фард пурсида мешавад. Сипас комиссияи тиббӣ вазъи сиҳативу равонии ӯро муоина карда, хулосаашро матраҳ менамояд. Ҳамин тариқ ин қонун дар муқоиса бо қонунҳои ҳамсони кишварҳои дигар башардӯстии бештар дорад.”

Меггӣ Маллоней аз созмони ҳомии ҳуқуқи башар бо номи “Амнести Интернешенел”, ки мақарраш дар Лондон аст, мегӯяд, бар ин назар аст, ки ахтаи химиявӣ бояд довталабона бошад, на чун идомаи муҷозот. Мисли ӯ шумори зиёди равоншиносон мегӯянд, ки ахтаи химиявӣ бояд бахше аз муолиҷаи педофилҳо аст, ки ҳамроҳ бо он ҷорӣ намудани режими корӣ зарур аст.

Дар ҳамин ҳол баъзе кишварҳо ба монанди Олмон ва Ҷумҳурии Чех ахтаи ҷарроҳии педофилҳоро низ раво мебинанд. Шӯрои Аврупо ахтаи ҷарроҳии ҷорӣ дар ин ду кишварро паст задани шарафи инсонӣ ва маъюб намудани инсон номидааст. Равоншиноси чех Мартин Ҳоллӣ мегӯяд, аз 100 таҷовузгар ба номус, ки дар ин кишвар ахтаи ҷарроҳиро пушти сар кардаанд, баъдан ягон нафар масъули ҷинояти ҷинсӣ набудааст.
XS
SM
MD
LG