Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як журналисти қирғиз аз раисиҷумҳур Алмосбек Отамбоев ба додгоҳ шикоят бурда, ба ҳайси ҷуброни маънавӣ аз раҳбари Қирғизистон 1 сом, муодили 1,5 сент ё 12 дирам талаб кардааст.

Журналисти қирғиз Доирбек Орунбеков президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоевро ба додгоҳ дода, аз ӯ ба ҳайси ҷуброни маънавӣ 1 соми қирғизӣ, муодили 1, сенти амрикоӣ ё 12 дирам талаб кардааст. Бино ба гузориши сомонаи хабарии Kloop.kg, додгоҳи ноҳияи Первомайски шаҳри Бишкек рӯзи 18 январ шикояти журналист дар бораи таҳқири шарафу эътибораш аз сӯи раисиҷумҳурро қабул кардааст.

Интизор меравад, шикояти Дорунбеков алайҳи Отамбоев рӯзи 28 январ баррасӣ шавад.

Одил Турдиқулов, вакили ҷамъиятии Орунбеко шоми 18 январ, баъди сабти шикояти онҳо дар додгоҳи Первомайск, дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ин даъвои бесобиқаи додгоҳӣ як навъ паём ба тамоми ҳокимони минтақа аст, ки ҳама, аз ҷумла президентҳо низ бояд дар назди қонун ҷавобгӯ бошанд: “Дар 25 соли таърихи истиқлоли Қирғизистон ва ҳамаи кишварҳои дигари Осиёи Мароказӣ ин бори аввал аст, ки додгоҳ шикояти як журналист алайҳи президенти кишварро расман қабул кард. Ин нишон медиҳад, ки ҷомиаи шаҳрвандӣ дар Қирғизистон, ба ҳар сурат, қавитар аст. Чунин кор дар Қазоқистон, ё Узбакистону Тоҷикистон аслан имкон надорад.”

Доирбек Орунбеков мегӯяд, президент Отамбоев нисбат ба ӯ суханҳое зад, ки воқеъият надоштанд. Ӯ ҳамчунин Отамбоевро ба он айбдор мекунад, ки бо истифода аз луғати олами ҷиноӣ ба вай таҳдид кардааст.

Алмосбек Отамбоев

Алмосбек Отамбоев

Сухан дар бораи нишасти хабарии солонаи Алмосбек Отамбоев меравад, ки раисиҷумҳури Қирғизистон рӯзи 27 декабр доир кард. Отамбоев дар ин нишаст дар посух ба суоли намояндагони матбуот аз “интиқодҳои беасос”-и журналистон гила кард ва аз он хост, то “забони худро нигоҳ бидоранд.”

Отамбоев аз ҷумла гуфт: “Модари ман, вақте маро душмани халқ номиданд, дар зарфи ҳамагӣ се моҳ обу адо шуд. Ба ақидаи ман, агар шумо мехоҳед дар як кишвари муносиб зиндагӣ кунед, ҳама бояд барои суханони худ ҷавоб диҳанд. Кори журналист ироаи фактҳост... Агар Орунбеков бо пули касе кор мекард, пас бигзор ҳамонҳо ба ҷои ӯ пули ҷаримаро супоранд.”

Пули ҷаримае, ки Отамбоев гуфт, ишора ба ҳукми додгоҳи ноҳияи Аламудуни Бишкек аз моҳи июни соли 2015 аст. Додгоҳ ҳукм кард, ки Доирбек Орунбеков бо айбдор кардани президент Отамбоев ба даст доштан дар низоъи хунини байниқавмии тобистони соли 2010, ки байни қирғизҳову узбакҳои сокини вилоятҳои ҷануби Қирғизистон сар зад ва садҳо кушта ба ҷо гузошт, шаъну эътибори ӯро паст задааст. Додгоҳ ҳамчунин қарор баровард, ки журналист барои зиёни маънавии расондааш бояд ба президент 2 миллион сом, муодили тақрибан 33 300 доллар бо қурби моҳи июни гузашта, ҷуброн супорад.

Орунбеков ин баҳси додгоҳӣ ва ҳукми эълоншударо фармоиши сиёсӣ номида буд.

Одил Турдиқулов, вакили ин журналист мегӯяд, додгоҳҳои Қирғизистон низ дар авохир бо амри Кохи Сафед (қароргоҳи ҳукумати ин кишвар) ҳукм мебароранд, вале онҳо бо худи матраҳ кардани ин даъвои додгоҳӣ худро алакай пирӯз мешуморанд: “Инки додгоҳ даъвои моро пазируфт, нишон медиҳад, ки вазъ тағйир ёфтааст ва ҳанӯз умед ба тантанаи адолат боқист. Вале рӯзи 28 январ хоҳем дид, ки натиҷаи ин даъво чӣ хоҳад шуд?”

Нурбек Токтакунов

Нурбек Токтакунов

Бо ин ҳол, шикояти ин журналист алакай дувумин даъвои додгоҳӣ алайҳи президенти Қирғизистон танҳо дар як ҳафтаи охир аст. Рӯзи 13 январ ҳуқуқшинос ва ҳомии ҳуқуқ аз созмони "Преседент" Нурбек Токтакунов раҳбари кишвар Отамбоевро ба тӯҳмат айбдор кард.

Токтакунов қаблан аз қонуне, ки гузаштани ташхиси биометриро барои ҳама ҳатмӣ мекард, интиқод карда буд. Алмосбек Отамбоев ӯро айбдор кард, ки Токтакунов бо интиқодҳояш аз ин қонун фармоиши дигаронро иҷро мекунад.

Нурбек Токтакунов гуфт, ӯ мехоҳад бо ин шикоят ба президент ин паёмро бирасонад, ки “ ӯ Худо нест, кадом хон нест, балки як одами оддист.” Токтакунов алакай як дафъа ҳукумати Қирғизистонро ба додгоҳ дода, пирӯз шуда буд. Ӯ умедвор аст, ки ин бор ҳам аз набарди додгоҳӣ бо президент бо сари баланд ва ғолиб берун хоҳад омад.

Ба фарқ аз Қирғизистон, дар 4 кишвари дигари Осиёи Марказӣ, ки низоми идориашон аз сӯи созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои Ғарб ҳамчун низоми худкома ё авторитарӣ қаламдод мешавад, то ҳол ягон мавриди аз раҳбари аввали кишвар ба додгоҳҳо шикоят бурдани афроди норозӣ мушоҳида нашудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG