Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Халабон пеш аз суқути ҳавопаймо аз фоҷеа аломат дод


Халабони ҳавопаймои тиҷоратии парвози PK-661, ки дар шимоли Покистон суқут кард, аз мушкили муҳаррик ба хадамоти назорати парвозҳо гузориш дода буд. Дар ин бора Pakistan International Airlines гузориш дод.

Қабл аз кандани робита бо хадамоти парвозҳо халабон аз фоҷеа аломат дод, гуфт раҳбари ширкати Pakistan International Airlines Муҳаммад Аъзам Сайгол шоми рӯзи 7 декабр.

Ҳавопаймои ширкати Pakistan International Airlines ҳангоми парвоз аз шаҳри Читрал ба Исломобод дар кӯҳҳои наздик ба шаҳри Ҳавелиани вилояти Хайбар-Пахтунхва суқут кардааст.

Ҳамаи мусофирон ва сарнишинони ҳавопаймо, ки 47 нафар буданд, дар ин садама ҳалок шуданд.

Сайгол гуфт, ки дастгоҳи сабти иттилоти парвозро ёфт шудааст.

Ӯ ҳамчунин гуфт, ин ҳавопаймо, ки ҳамагӣ нуҳ сол парвоз кардааст, мушкил надошт ва моҳи октябр аз санҷиши комили фаннӣ гузашта буд.

Мақомот мегӯянд, ки ҷасади ҳамаи фавтидагон барои шиносоӣ ва ташхиси DNA ба бемористон интиқол ёфтааст.

XS
SM
MD
LG