Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барканории Алишер Рустамов ва узрхоҳии "Сомон Эйр" аз Узбакистон. ВИДЕО


Алишер Рустамов
Алишер Рустамов

Алишер Рустамов – мудири тиҷоратии ширкати "Сомон Эйр" – бо айби таъхир дар ирсоли бастаи санадҳо ба ҷониби Узбакистон аз мақомаш барканор шуд. Мақомоти "Сомон Эйр" рӯзи 21 феврал гуфтанд, ба далели таъхир дар ирсоли бастаи санадҳо парвози мунтазам ва расмии ҳавопаймоҳои ширкат аз Душанбе ба Тошканд ба мушкил печидааст. Онҳо гуфтанд, ҳоло ҳаллу фасли мушкил ҷараён дорад ва парвози мунтазам дар хатсайри Душанбе – Тошканд – Душанбе рӯзҳои наздик анҷом хоҳад шуд.

Масъулони ширкат барои пеш омадани чунин вазъ аз мусофирону ҳамкоронашон дар Узбакистон узрхоҳӣ кардаанд. Онҳо бо пахши иттилоияи расмӣ гуфтанд, ки "сабабҳои иҷро нашудани парвози ҳавопаймо дар рӯзи 20 феврал аз Душанбе ба Тошканд барраасӣ гардид. Натиҷаи тафтиш ин буд, ки бастаи санадҳо аз Душанбе ба Тошканд дар вақташ нарасидааст. Ҳамаи масъулони ҷавобгар дар ин ҳодиса ба раҳбарии мудири тиҷоратӣ Алишер Рустамов муҷозот ва аз кор барканор шуданд."

Бино ба хабари манобеъ, ҷониби Узбакистон гуфтааст, дархост аз ҷониби “Сомон Эйр” барои анҷоми парвози чартерӣ пешниҳод шуда буд, на мунтазам.

Парвоз бояд 20 феврал анҷом мешуд...

Парвози мунтазам аз Душанбе ба Тошканд тавассути ҳавопаймоҳои "Сомон Эйр"-и Тоҷикистон бояд рӯзи 20 феврал ва баъди 25 соли танаффус сурат мегирифт. Аммо ин парвоз дар вақти таъиншуда анҷом нашуд. Мақомоти ширкати “Сомон Эйр” дар аввал эълон карданд, ки ҳарчанд онҳо иҷозати парвозро доштанд, вале фурудгоҳи шаҳри Тошканд ба онҳо гуфтааст, ба қабули ҳавопаймо омода нест. Ба қавли масъулони ширкати "Сомон Эйр", 26 мусофир билет харида ва омодаи сафар аз Душанбе ба Тошканд буданд.

Сомон Эйр масъулияти таъхири парвози Душанбе-Тошкандро бар дӯш гирифт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:20 0:00

Вазорати нақлиёт: Як далел “масоили амниятӣ” буд

Шералӣ Ганҷалзода
Шералӣ Ганҷалзода

Ба дунбол, мақомоти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон гуфтанд, ки ҷониби Узбакистон иллати анҷом нашудани парвози нахустини расмӣ дар хатсайри Душанбе-Тошканд-Душанберо ба "масоили амниятӣ" рабт додааст. Шералӣ Ганҷалзода – муовини вазири нақлиёт – рӯзи 21 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин бора номаи расмӣ гирифтанд, вале шарҳ дода нашудааст, ки манзур аз "масоили амниятӣ" чист. Ӯ гуфт, "дар ин маврид ягон тавзеҳе надодаанд, ҳарчанд ҷониби Узбакистон дар мулоқоти шаҳри Тошканд дар рӯзи 10 феврал барои оғози парвозҳо аз 20 феврал иҷозатнома дода буд."

Нигаронии “Узбекистон ҳаво йуллари”

Аммо мақомоти Узбакистон гуфтанд, ки парвоз ба далели саривақт таҳия нашудани асноди зарурӣ аз тарафи ширкати "Сомон Эйр"-и Тоҷикистон ба таъхир афтодааст. Дар дафтари матбуоти ширкати "Узбекистон ҳаво йуллари" рӯзи 21 феврал ба Радиои Озодӣ гуфтанд, қарор буд асноди расмӣ дар бораи парвозҳо аз Душанбе ба Тошканд чанд рӯз пеш аз парвоз ирсол гардад. Коре, ки ба иддаи онҳо дар вақташ анҷом нашудааст.

Мулоқоти ҷонибҳои Тоҷикистону Узбакистон дар Тошканд. Рӯзи 10 феврали 2017
Мулоқоти ҷонибҳои Тоҷикистону Узбакистон дар Тошканд. Рӯзи 10 феврали 2017

Бино ба иттилои дарёфтӣ, ширкати “Узбекистон ҳаво йулларӣ” инчунин бо ирсоли номаи расмӣ аз амалкарди ширкати “Сомон Эйр”-и Тоҷикистон дар масъалаи таъхири парвозҳо аз Душанбе ба Тошканд изҳори нигаронӣ кардааст. Бино ба хабари манобеъ, ҷониби Узбакистон гуфтааст, дархост аз ҷониби “Сомон Эйр” барои анҷоми парвози чартерӣ пешниҳод шуда буд, на мунтазам. “Дар ин маврид тибқи муқаррароти байналмилалӣ бояд дархост бо замимаи рӯйхати мусофирон дар зарфи на камтар аз 3 рӯзи корӣ қабл аз анҷоми парвоз пешниҳод мешуд. Аммо ин санад танҳо рӯзи якшанбе ба ҷониби Узбакистон расид. Аз ин лиҳоз барои қабули қарор фурсати кам боқӣ монда буд», - таъкид кардааст ҷониби Узбакистон.

“Сомон Эйр” дар Узбакистон намояндагӣ надорад

Мақомоти ширкати давлатии “Узбекистон ҳаво йулларӣ” гуфтаанд, “дар расонаҳо паҳн кардани хабар бидуни мушаххас кардани паҳлӯҳои масъала боис ба сар задани мушкилҳо хоҳад шуд. Аз ин лиҳоз, ширкати “Сомон Эйр” бидуни таъхир рӯи ин масъала равшанӣ андозад.”

Парвози озмоишӣ аз Душанбе ба Тошканд рӯзи 10 феврал анҷом шуд
Парвози озмоишӣ аз Душанбе ба Тошканд рӯзи 10 феврал анҷом шуд

Онҳо таъкид кардаанд, “умуман барои оғози парвозҳои мунтазам бояд гуфт, масъалаҳои муҳиме чун фурӯши билетҳо дар Узбакистон ва интиқоли маблағи бадастомада ба Тоҷикистон ҳанӯз ҳал нашудаанд. То имрӯз барои таъсиси намояндагии ширкати “Сомон Эйр” дар Тошканд коре анҷом нашудааст. Бидуни ҳалли ин масъала самаранокии парвозҳо зери суол мераванд.”

Бо даргузашти Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Узбакистон дар соли гузашта, ҳукумати нав ба раҳбарии Шавкат Мирзиёв ба тармими робитаҳои сард бо Тоҷикистон пардохт ва аввалин қадам дар ин самт ба гуфтаи нозирон, эҳёи парвозҳо байни Душанбе ва Тошканд аст. То кунун сокинони ҳарду кишвари ҳамсоя фақат аз роҳи заминӣ ба қаламрави ҳамдигар мерафтанд. Байни ду кишвар то кунун низоми раводид вуҷуд дорад.

XS
SM
MD
LG