Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар як тирандозӣ дар марзи Узбакистону Қирғизистон як шаҳрванди қирғиз ҷароҳат бардоштааст. Марзбонҳои узбак вақте тир кушодаанд, ки ду қирғиз борҳои қочоқиро аз мошин мефуроварданд.

Марзбонҳои Узбакистон рӯзи 10 ноябр алайҳи шаҳрвандони Қирғизистон тир кушодаад. Бино ба гузориши дафтари матбуоти Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон, дар натиҷаи ин тирандозӣ як шаҳрванди қирғиз ҷароҳат бардоштааст.

Бино ба иттилои марзбонҳои Узбакистон, 2 шаҳрванди қирғиз дар ду мошини навъи Hyundai Porter мехостанд бори қочоқӣ (гӯшти пои мурғу мурғобӣ)-ро аз марзи Қирғизистону Узбакистон гузаронанд.

Онҳо мошинҳои худро дар як канори роҳ дар шоҳроҳи транзитии Қизилкий – Қадамҷойи Қирғизистон манъ карда, аз мошинҳои боркаш бори қочоқиро мефуровварданд, ки як гурӯҳи марзбонҳои узбак ба инҷо мерасад. Марзбонҳои узбак мегӯянд, онҳо баъди ин ки қочоқбарон ҳангоми боздошт муқовимат нишон доданд, даст ба силоҳ бурдаанд.

Дар натиҷаит тирандозӣ як шаҳрванди Қирғизистон тир хӯрда, ба бемористони минтақаи Вуодили Узбакистон интиқол дода шудааст. Нафари дуюмро марзбонҳои қирғиз дар гузаргоҳи Айрибас дастгир карда, ба мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дар ноҳияи Қадамҷой супурдаанд.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон мегӯяд, дар ҳоли ҳозир, машғули таҳқиқи ҷузъиёти ин тирандозӣ мебошад.

Вазъи саломатии нафаре, ки дар ин тирандозӣ ҷароҳат бардоштааст, вазнин гуфта мешавад. Дар ин бора ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ шоҳиде бо номи Фарҳат Мӯсоев хабар додааст. Ба гуфтаи ӯ, ин шаҳрванди қирғиз аз ноҳияи сари сина ва пояш тир хӯрдааст. Фарҳат Мӯсоев мегӯяд, дар натиҷаи тирандозии мразбонҳои Узбакистон 5 нафар аз сокинони худи ин кишвар низ ҷароҳат бардоштанд.

Шоҳидон дар бораи кушташудаҳо низ сӯҳбат мекунанд, вале мақомоти марзбонӣ то ҳол ин иддаоро тасдиқ накардааст.

Роҳи мошингарди Қизилкий – Қадамҷой роҳи транзитиест, ки як бахшаш аз қаламрави Узбакистон мегузарад. Аз ин роҳи шаҳрвандони ҳам Қирғизистон ва ҳам Узбаакистон ҳаққи убур доранд. Шаҳрвандони Қирғизистон ҳаққи манъ кардани мошин ё истодан дар ин роҳи транзитиро надоранд.

Қирғизистон бо Узбакистон 1375 километр марзи муштарак дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG