Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати як шаҳрванди Қирғизистон аз тири марзбонони Узбакистон


Ҳангоми интиқоли моли қочоқӣ дар марзи байни Узбакистон ва Қирғизистон аз тири марзбонони Узбакистон як шаҳрванди Қирғизистон кушта шудааст. Тарафҳо дар дидоре ҷузъиёти воқеаро баҳс мекунанд.

Дар марзи Қирғизистону Узбакистон моҷарое сар зад, ки бар асари он як шаҳрванди Қирғизистон кушта шуд ва як тани дигар аз тарафи нерӯҳои марзбонии Узбакистон боздошт гардид. Дар ин бора шӯъбаи равобити ҷамъиятии нерӯҳои марзбонии Қирғизистон хабар додааст.

Моҷаро дар минтақаи аломатгузоринашудаи марз дар мавзеи Кокир дар наздикии деҳаи Согменти вилояти Бодканди Қирғизистон рӯй додааст.

Бино бар маълумоти пешакӣ се шаҳрванди Қирғизистон талош кардаанд, дар се мошини боркаш сабзавот ва меваро аз Узбакистон ба Қирғизистон интиқол диҳанд. Онҳо хостаанд, марзро на аз гузаргоҳи расмӣ, балки ҷои дигар гузаранд.

Ба маълумоти тарафи Узбакистон, шаҳрвандони Қирғизистон ба талаби марзбонони узбак итоат накардаанд ва дар натиҷа марзбонон аз силоҳ истифода намудаанд. Аз тири марзбонон яке аз шаҳрвандони Қирғизистон захмӣ шуда, дертар дар бемористон ноҳиявии Сух фавтидааст. Нафари дувумро марзбонон боздошт кардаанд ва савумӣ аз ҷои ҳождиса фирор кардааст.

Тарафи Узбакистон нисбати шахси боздоштшуда таҳқиқи ҷиноӣ шурӯъ кардааст.

Ҳоло дар ҷазирақаламрави Сух, ки ба Узбакистон марбут аст аст мулоқоти ҳайатҳои марзбонии Узбакистон ва Қирғизистон ҷараён дорад, то тафсилоти воқеа ошкор гардад.

XS
SM
MD
LG