Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҷудоихоҳ"-и қирғиз дар ҷанги Украина (ВИДЕО)


Афсари қирғиз, ки худро Манас номид
Афсари қирғиз, ки худро Манас номид

Як шаҳрванди Қирғизистон мегӯяд, зиёда аз ним сол дар сафи нерӯҳои ҷудоихоҳи шарқи Украина ҷангида, бо дилсардӣ тасмим гирифт, ки ба ватанаш баргардад.

Манас як афсар аст, ки дар оғози солҳои 1990 омӯзишгоҳи ҳарбии СССР-ро хатм кардааст. Вай муддате дар сафи нерӯҳои ба ном Ҷумҳурии халқии Луҳанск зидди артиши Украина ҷангид, вале ба натиҷае расид, ки қурбонии таблиғоти зиддиукраинӣ дар бобати “бендеровчиҳо ва фашистон” шудааст.

Хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ Венера Сагиндик қизӣ бо ӯ ҳамсӯҳбат шуд.

- Манас, Шумо сарулибоси ҷанговари гурӯҳи ҷудоихоҳи Ҷумҳурии Халқии Луҳанскро ба бар доред. Чӣ гуна ба ин гурӯҳ шомил шудед?

- Ман моҳи августи соли 2014 бо ихтиёри худам ба он ҷо рафтам. Ман дар телевизион медидам, ки он ҷо чӣ мегузарад. Бароям муҳим буд, зжеро бобои ман дар соли 1941 дар ин ҷо кушта шудааст. Тарбияи ман маро водор кард, ба он ҷо равам, зеро фикр мекардам, ҳарфи телевизион, ки дар он ҷо фашистон сар мебардоранд, дуруст аст. Ба қатораи Самара нишастам, аз он ҷо ба Ростов рафтам ва ба воситаи посгоҳи «Изварино» дар автобусе ба Украина расидам. Моҳи ноябри соли 2014 ман шартнома бастам.

- Яъне расидан замон бо ҷудоихоҳон пайвастед?

- Не, на дар рӯзи аввал. Панҷ рӯз онҳо ҳуҷҷатҳои маро санҷиданд. Ман билети ҳарбӣ ва дипломи таҳсил дар омӯзишгоҳи ҳарбиро бо худ гирифта будам. Ман афсари бознишастаам. Соли 1992 омӯзишгоҳи олии ҳарбии Симферополро хатм кардаам. Дар артиш ҳам хидмат кардаам, захмӣ шуда, ба истеъфо рафтаам.

"Ҷудоихоҳ"-и қирғиз дар ҷанги Украина
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:22:55 0:00

- Яъне сафари худро аз Бишкек сар накардед, ин ҷо бо касоне дар тамос нашудед?

- Баъзе тамосҳо буд. Аз ҷумла бо Иттиҳоди казакҳои бурунмарзӣ. Онҳо маро роҳнамоӣ карданд. Аслан, мо дар Қирғизистон 17 нафар будем. Моро дар Украина ба қисму гурӯҳҳои гуногун тақсим карданд. Маро ба бригадаи таъиноти махсус фиристоданд. Панҷ рӯз маро дар як урдугоҳ нигоҳ доштанд ва сипас ба Луҳанск фиристоданд. Он вақт дар Луҳанск ҷанг давом дошт. Ман дар ин ҷо бо сербюҳо, чеченҳо, қазоқҳо ва осетинҳо шинос шудам. Раҳбари мо як казаки Ҳафтрӯдие буд, ки аз Калининград омада буд. Баъд амалиёти ҷангӣ сар шуд.

- Дар ҳамаи муддате ки меҷангидед, бовар доштед, ки кори ҳақ мекунед?

- Ман фикр мекардам, фашистонро мебинам, вале онҳоро надидам. Мо бо нерӯҳои артиши давлатии Украина меҷангидем. Онҳо ҷузвутомҳое монанди «Правый сектор» ва «Донбасс» доштаанд, ки аз ҳисоби довталабон таъсис меёфтаанд. Дар ҳама ҷо ин хел аст. Аммо фашистонро дар ҳеч куҷо надидам. Мо душманро асир мегирифтем, мепарондем, хуб, ҷанг буд дигар.

- Шумо ҳам асир афтодед?

- На. Аммо захмӣ шудам. Дар аввали кор таъминот хеле суст буд. Аз ҳарду тараф дастаҳо меҷангиданд. Нерӯҳои алоҳида ҳам буданд, вале артиш ҳанӯз наомада буд. Ман ҳам мисли ҳама тоқат мекардам. Дар телевизион чизҳои дигарро медидем. Он ҷо Шабакаи Якум, РТР кор мекарданд, баъд русҳо канали «Луҳанск-24»-ро кушоданд. Он ҷо фақат дар бораи ҷанг мегуфтанд, чизи дигаре набуд. Вале тағйир фикри ман замоне рӯй дод, ки нерӯҳои мусаллаҳи Русия омаданд. Вақте дидам, ки онҳо чӣ хел меҷанганд, ди лсард шудам. Дар дарунам чизе шикаст.

- Шумо шубҳа намекунед, ки инҳо нерӯҳои Русия набошанд?

- Чӣ хел шубҳа, вақте мо ҳама якюҷоя меҷангидем! Ягон хел шубҳа нест. Барои фаҳмидани ин чиз бояд тарзи ташкили онҳоро донист. Инҳо сарбозони хидмати дусола набуданд, балки қисмҳои ҷангие буданд, ки дар Осетияи Ҷанубӣ ҷангидаанд ва ҳам аз ҷангҳои якуму дуюми Чечен гузаштаанд. Асосан шартномавиҳо. Онҳоро гоҳе ба сафи пеш мефиристанд ва гоҳе ақиб мекашанд. Вақте ақиб мераванд, техникаро барои онҳое мегузоранд, ки дар ҷараёни ҷанг ба онҳо омӯзиш додаанд. Ҷабҳа ҳам яксон нест, ҷанг асосан дар шаҳру рустоҳо мегузашт.

- Ба нерӯҳои ҷудоихоҳон чӣ баҳо медиҳед? Омодагии онҳо чӣ қадар аст? Онҳо аз сарулибос ва техникаи ҳарбӣ таъминанд? Ё мешавад аз фурӯпошии онҳо ҳарф зад?

- Фурӯпошӣ баъд аз созишномаи Минск сар шуд. Аз чӣ бошад, онҳо фикр карданд, ки Путин ҳамаро фиреб дод. Онҳо гумон доштанд, ки баъд аз Қрим Ҷумҳурии халқии Луҳанск ба расмият шинохта хоҳад шуд. Ва ҳам Ҷумҳурии Халқии Донетск. Аммо чунин нашуд. Акнун онҳо ҳарос доранд, ки агар дар ҳайати Украина монанд, баъд аз як муддат ҳадафи таъқиб қарор хоҳанд ёфт. Онҳо аз Хадамоти амнияти Украина метарсиданд, ки ҳама чиро ба қайд мегирад. Барои ҳамин баъзеҳо ҷабҳаро тарк мекунанд. Барои мисол, дӯсти ман, ки дар Дебалсево ва ҷойҳои дигар ҷангидааст, мегӯяд, дар Украина оянда надорад. Онҳо ба ҳеч кас бовар намекунанд. Бовар надоранд, ки рӯзе мерасаду ҳамаи онҳоро як ба як боздошт мекунанд ва ба ҷавобгарӣ мекашанд.

- Онҳо техникаи ҳарбӣ ва силоҳ мегиранд?

- Бале, мегиранд, вале ҳоло дар он ҷо бештар артиши Русия амал мекунад. Шахтёрҳои мусаллаҳ ё ихтиёриён дигар қариб ки нестанд ё хеле каманд. Ҷои онҳоро нерӯҳои артиш мегиранд, то ки дар ҳама ҳолат мавқеъҳоро нигоҳ дошта тавонанд.

- Чӣ тавр ба Шумо имкон дода шуд, ки тарк кунед.

- Кори ман омад кард. Ба ман рухсатии навбатӣ доданд. Ба хурсандии ишғол шудани Дебалсево. Баъд ман «Груз 200», яъне ҷасадҳоро ҳамроҳӣ кардам. Шартномаро бекор накардам, зеро ин метаовнист шубҳа ба миён орад. Ман фақат хоҳиш кардам, ки ба хона равам. Дар марзи Русия маро гузаштан намемонданд.

- Мегӯед, фикри Шумо дигар шуд, ба чӣ сабаб?

- Ангезаи оддӣ. Ман фикри худамро доштам, аммо он рост набаромад. Маълум шуд, ки ҳамааш таблиғот будааст. Ман дареғ мехӯрам, ки бо вуҷуди хатми як омӯзишгоҳи ҳарбӣ ба ин чангак афтодам.

- Ба фикри Шумо, нерӯи ҷудоихоҳон ба қадри кофӣ бузург аст?

- Ба сари худ он нерӯе нест. Техникаи Русия ба он мадад расонд. Ба назарам, артиши Русия ба маротиб қавитар аст ва вақтҳои охир ба онҳо тӯпҳои дурзан доданд. Намегӯям, кадом насли тӯпҳо, вале хеле зиёд, ба дараҷае, ки барои як фирқа (дивизия) кифоя аст.

XS
SM
MD
LG