Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳама гузаргоҳҳои Қирғизистон ба сӯи Тоҷикистон боз гашта, рафтуомади сокинон ва нақлиёт бемамониат сурат мегирад.

Иқбол Тешаев, сухангӯи раиси ҳукумати шаҳри Исфара дар сӯҳбат бо "Озодӣ" гуфт, ки аз рӯзи 1-уми апрел Қирғизистон роҳҳоро барои сокинони пиёда боз карда буд ва рӯзи сешанбеи 2-уми апрел роҳро барои нақлиёт низ кушод.

Ба гуфтаи вай, як гурӯҳ аз ҳукумати ноҳияи Исфара ба гузаргоҳи марзии “Гулистон”, воқеъ дар байни ҳудудҳои Исфараву Бодканд рафта, шоҳиди озодона гузаштани чанд мошини боркаши “КАМАЗ” аз қаламрави Қирғизистон ба Тоҷикистон шудаанд. Ҳамчунин ба гуфтаи вай, Қирғизистон роҳҳои баста ба сӯи ҷазирақаламравҳои қирғизҳо ва бозорҳои наздимарзиро боз гузоштааст.

Як сокини ноҳияи Исфара дар сӯҳбат бо “Озодӣ” хабари боз шудани гузаргоҳи марзии “Гулистон” – ро тасдиқ кард ва гуфт, бо мошини сабукрави худ бемамоният ба Бодканд рафта омадааст.

Дар вилояти Суғд байни Тоҷикистону Қирғизистон расман 3 гузаргоҳи марзиву гумрукӣ байни ноҳияҳои Исфараву Бодканд ва ноҳияҳои Ғафурову Расулов ва Лайлак вуҷуд дорад. Мақомоти қирғиз рӯзи 31-уми март гузаргоҳҳои худро дар ноҳияҳои Ғафурову Расулов танҳо барои убуру мурури пиёдагардон кушода, эълон дошта буданд, ки бо мақомоти тоҷик масъалаи барои ҳаракати нақлиёт низ боз гузоштани марзашонро гуфтугӯ доранд.

Қирғизистон марзҳояш бо Тоҷикистонро баъди тирпарронии рӯзи 11 январи соли ҷорӣ дар марзи байни рустоҳои Хоҷаи Аълои Исфара ва Оқсойи Бодканд, ки ду марзбони тоҷик ва 5 марзбону як милисаи қирғизро захмӣ ба ҷо гузошт, баст. Марзбандӣ ба тиҷорати байни ду кишвар таъсири зиёди манфӣ расонд. Бино ба омори Хадамоти гумруки Тоҷикистон, тиҷорати миёни ду кишвар дар моҳи январи соли равон ҳамагӣ 1 миллион долларро ташкил дод, ки назар ба 11 миллиони январи соли 2012 дуруст 11 маротиба камтар аст.

Ҳамзамон, имрӯз 2-юми апрел Тоҷикистону Қирғизистон имрз дар Ботканд масъалаи баҳси қитъаҳои замин, ки тайи ду ҳафтаи ахир аъзои комиссия корӣ машғул буданд, баррасӣ хоҳанд кард. Як манбаъ аз ҳукумати ноҳияи Исфара рӯзи 2-юми апрел ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки гурӯҳи кории Тоҷикистон таҳти сарварии Маҳмадтоҳир Зокиров, раиси Кумитаи замин ва геодезии Тоҷикистон ва гурӯҳи кории Қирғизистон зери раҳбарии Қурбонбой Искандаров, муовини раиси Кумиссияи байниҳукуматии тақсими марз, дар Ботканд мулоқот хоҳанд кард.

Вохӯрии гурӯҳи корӣ мебоист дирӯз баргузор мешуд, аммо бо таъхир дар парвози ҳавопаймои Бишкек-Ботканд, ҳайати Қирғизистон натавонист ҳозир шавад. Як намояндаи гурӯҳи кории ҷониби Тоҷикистон ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки имрӯз натиҷаи баррасии дуҳафтаинаи гурӯҳҳои корӣ дар иртибот ба қитъаҳои мавриди баҳсе, ки бояд сохтмони роҳҳо аз тариқи Оқсой Тамдиқ ва Хоҷааъло ва Ворух сохта шаванд, муҳокима хоҳад шуд. Ба қавли ӯ, дар ин гурӯҳҳо аслан намояндагони ниҳодҳое, ки бо замин сару кор доранд, ширкат хоҳанд кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG