Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бишкек мегӯяд, аз Тошканд узр нахостааст


Марзи Қирғизистон ва Узбакистон. Акс аз бойгонӣ
Марзи Қирғизистон ва Узбакистон. Акс аз бойгонӣ

Бахши равобити байналмилалии Кумитаи марзбонии Қирғизистон бо пахши як изҳорот матбуоти Узбакистонро ба дуруғгӯӣ муттаҳам кард.

Дар изҳорот омадааст, ки матбуоти Узбакистон ҳодисаи шаби 23-уми июл дар марзи ду кишварро барқасдона таҳриф кардааст. Сухан аз даргирии мусаллаҳонаи марзбонони узбаку қирғиз дар минтақаи марзии Ҷалолобод аст, ки дар пайи он як низомии узбак кушта ва дигаре захмӣ шудааст.

Субҳи имрӯз баъзе расонаҳои хабарӣ бо такя ба иттилои сомонаҳои наздик ба ҳукумати Узбакистон гуфтанд, ки бар пояи ин ҳодиса кишвари Қирғизистон аз Узбакистон маъзарат хостааст. Аммо Кумитаи марзбонии Қирғизистон ин хабарро рад кард ва гуфт, ки матбуоти Узбакистон бе дастрасӣ ба натиҷаи тафтишот, ҷониби Қирғизистонро гунаҳкор кардааст. Кумитаи марзбонии Қирғизистон аз ҷониби Узбакистон даъват кардааст, ки анҷоми санҷиши расмии ин ҳодиса аз иттиҳомоти бепоя асос худдорӣ кунад.

Тирпарронӣ дар миёни марзбонҳои узбаку қирғиз субҳи сешанбеи 23 июл дар минтақаи сарҳадии Ҷалолобод ба вуқӯъ пайваст. Гуфта мешавад, марзбонҳои қирғиз дар ҳоле ба сӯи низомиёни кишвари ҳамсоя тир кушодаанд, ки онҳо ба қаламрави Қирғизистон ворид шуданд ва талаби хориҷ шудан аз ин қаламравро гӯш накарданд. Ҷониби Қирғизистон мегӯяд, ки нахуст низомиёни узбак тир кушоданд ва марзбонҳои қирғизро ба истифодаи силоҳ маҷбур карданд. Дар натиҷаи ин задухӯрд як сарҳадбони узбак кушта ва дигарӣ захмӣ шудааст.

Ин ду кишвар 1378 километр марзи муштарак доранд, ки 320 километри он ҳанӯз аломатгузорӣ нашудааст. Дар камтар аз ду моҳи ахир ин дуюмин ҳодисаи даргирӣ дар ин марзҳост, ки бо ҳалокати инсонҳо анҷом мешавад. Шаби 20 июн дар мавзеъи Сари Олтини минтақаи Қадамҷо марзбонҳои кишвари ҳамсояи Узбакистон сарҳади Қирғизистонро убур карда як сокини 37-солаи ин мавзеъ Бакит Тағоевро бо зарби гулӯла ба ҳалокат расониданд.

Дар ҳоле, ки ҷониби Узбакистон мавридҳои сардҳадшикании марзбонҳои худро рад мекунад, Токон Мамитов, ноиби нахуствазири Қирғизистон гуфтааст, се марзбони узбак, ки Бакит Тағоевро шаби 20-уми июн кушта буданд, ахиран аз ҷониби мақомоти Узбакистон боздошт шуданд. Ин хабар ҳанӯз аз ҷониби Узбакистон тасдиқ нашудааст. Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, ки ҷониби Узбакистон бо сабабҳои барои онҳо номаълум раванди аломатгузории марзҳоро тӯл медиҳад.
XS
SM
MD
LG