Пайвандҳои дастрасӣ

Оё созмонҳои ғайридавлатӣ сарчашмаи инқилобанд?


Алмазбек Отамбоев, раиси ҷумҳури Қирғизистон

Алмазбек Отамбоев, раиси ҷумҳури Қирғизистон

Раҳбарони 43 созмони ғайридавлатии Қирғизистон дар номае аз Алмазбек Отамбоев, раиси ҷумҳури худ хостаанд, ки ба созмонҳои ғайридавлатӣ фишор наорад.

Рӯзи 8декабр намояндагони 43 созмони ғайридавлатии Қирғистон дар номаи худ гуфтаанд, ки раиси ҷумҳур иштибоҳи руасои ҷумҳури пешинро такрор накунад. Отамбоев дар мусоҳибаи телевизионии худ рӯзи 1 декабр гуфт, ки фаъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ ба амнияти кишвар “хатар дорад”. Дар ин нома омадааст, ду раиси ҷумҳур, ки дар бораи чунин хатар сӯҳбат карда буданд, саранҷом худашон аз саҳнаи сиёсӣ дур афканда шуданд.

Дар Тоҷикистон низ дар робита бо фаъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ дар “Қонун роҷеъ ба иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ” тағйирот пешниҳод кардаанд ва мехоҳанд кӯмакҳои созмонҳои ғайридавлатӣ дар реестри давлатии кӯмакҳои башарӣ сабт шавад. Ҳоло дар Тоҷикистон 62 созмони ғайридавлатӣ фаъолият мекунад. Пеш аз Тоҷикистон чунин тағйирот дар Русия матраҳ шуд ва акнун чунин ба назар мерасад, ки ин ду кишвари Осиёи Марказӣ аз Русия пайравӣ мекунанд.

Дар мусоҳибае бо хонум Эркина Уубишева, раиси бунёди иҷтимоии “Гражданское участие”-и Қирғизистон дар Бишкек аз вай пурсидам, воқеан ҳам созмонҳои ғайридавлатӣ ба амнияти миллии кишвари худ хатар доранд, он гуна, ки Отамбоев гуфтааст?

Уубишева: Мо бо ин ақида розӣ нестем, ки раиси ҷумҳур дар симои созмонҳои ғайридавлатӣ барои амнияти миллии кишвар хатареро мебинад. Ҳангоми сабти ном ин созмонҳо дар бораи наҳваи аз фаъолияти худ муфассал гузориш медиҳанд. Гузашта аз ин мо медонем, ки ниҳодҳои вижа вуҷуд доранд ва онҳо муваззаф ҳастанд, ки бо истифода аз имконоти молӣ ва салоҳиятҳои худ аз тундгароӣ ва терроризм пешгирӣ кунанд, агар сӯҳбат дар бораи хатар ба амнияти миллӣ дар миён бошад. Ба ҷуз аз Кумитаи амнияти миллӣ ниҳодҳои дигар, яъне вазорати корҳои дохила ва Хадамоти кашфи молӣ низ вуҷуд дорад. Барои ҳамин онҳо салоҳият доранд, ки аз фаъолиятҳои хатаровар барои амнияти миллӣ пешгирӣ кунанд”.

Озодӣ: Дар нома ба раиси ҷумҳур омадааст, ки президентҳои пешин ҳам талош доштанд, то фаъолияти созмонҳои ғайридавлатиро маҳдуд кунанд, вале кор ба ҷое расид, ки худашон аз саҳнаи сисёсӣ дур карда шуданд. Барои чунин гуфтаҳо оё далел вуҷуд дорад?

Уубишева: Созмонҳои ғайридавлатӣ дар омода кардан ва умуман дар инқилобҳои ранга дар соли 2005 ва дар соли 2010 ширкат накардаанд. Сабаби чунин инқилобҳо ришвахории ниҳодҳои давлативу ҳукуматӣ, раҳбарии бесамар, истифодаи нодурусти захоири молӣ ва сатҳи пасти зиндагии мардум буд. Сабабҳои инқилоб ҳамин буд, на фаъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ. Ин созмонҳо наметавонанд сарчашмаи инқилоб шаванд. Онҳо дар инқилобҳо ширкат надоштанд. Онҳо чӣ хатаре метавонанд дошта бошанд? Худи онҳое, ки дар инқилоби соли 2010 ширкат карданд, бар сари қудрат омаданд. Барои ҳамин мо гуфта наметавонем, ки чӣ робитае миёни инқилоб ва созмонҳои ғайридавлатӣ вуҷуд дорад”.

Озодӣ: Шумо фикр намекунед, ки дар бахши маҳдудияти фаъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ Қирғизистон аз пайроҳаи Русия пеш меравад, зеро то ин вақт дар қонуни Русия роҷеъ ба созмонҳои ғайридавлатӣ тағирот пешниҳод шуда буд?

Уубишева: Мо фикр мекунем, ки ин нукта дар кишвари мо омили геополитикӣ дорад. Мо кишвари мустақил ҳастем, вале дар низоми умумии ҷаҳонӣ қарор дорем, ба ин далел ҳамсояҳо албатта ба мо таъсир мерасонанд. Вале кишвари мо ба низомии идораи парлумонӣ гузаштааст. Кишварҳои дигари минтақа низоми раёсати ҷумҳурӣ доранд. Сиёсати Русия ба мо таъсир мерасонад. Вале дар кишвари мо сатҳи рушд фарқ дорад ва мо бовар дорем, ки намояндагони парлумони мо ин гуна пешнависи қонунро ба тасвиб нахоҳанд расонд. Вале агар ба тасвиб ҳам расонанд, мо умедворем, ки раиси ҷумҳури мо дар он вето мегузорад.

XS
SM
MD
LG