Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баҳси марзии ду ҳамсоя то Маскав рафт


Акс аз қитъаи баҳсии марзи Қирғизистону Узбакистон

Акс аз қитъаи баҳсии марзи Қирғизистону Узбакистон

Қирғизистон барои бори аввал баҳсҳои марзиаш бо Узбакистонро ба минбари Паймони амнияти дастаҷамъӣ кашид. Оё ин созмон то куҷо ба ҳалли чунин баҳсҳо қодир аст?

Рӯзи 22 март Қирғизистон дар ҷаласаи ғайринавбатии кишварҳои узви Созмони Паймони амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) дар Маскав дар бораи ба гуфтаи худаш, риоят накардани муқаррароти байналмиллалӣ аз тарафи Узбакистон, изҳорот пахш кард. Қарор аст дар поёни ҷаласаи ғайринавбатӣ, ки пушти дарҳои баста ҷараён мегирад, изҳороти аъзои кишварҳои СПАД қабул ва пахш шавад. То он замон, ба иттилои дипломатҳои тоҷик, ҳеҷ гуна маълумот дар ихтиёри матбуот гузошта нахоҳад шуд.

Рӯзи 18 март Узбакистон ба таври якҷониба ва бидуни машварат бо Қирғизистон низомиён ва техникаи низомии худро дар минтақаи марзии Чала-Сарт фиристод. Қирғизистон мегӯяд, ки ин минтақаи воқеъ дар марзи вилоятҳои Ҷалолободу Намангон аз замони Шӯравӣ қаламрави он дониста мешавад ва Узбакистон ҳаққи ишғоли онро надорад.

Қирғизистон ҳам дар ҷавоб ҳимоят аз посгоҳи марзии худро дар он ҷо бо фиристодани ниру тақвият дод ва ҳамзамон раҳбарони кишвар талошҳои дипломатиии ҳалли ин мушкилро пеш гирифтанд. Ин талошҳо бо он анҷомид, ки бори аввал чунин ҷаласаи ғайринавбатӣ ё изтирорӣ дар чаҳорчӯбаи СПАД барои ҳалли масъалаи марбут ба ихтилофоти марзӣ баргузор шуд.

Узбакистон дар ин созмон узвият надорад ва Қирғизистон умед дорад, ки ҳамсозмонҳояш аз мавзеъгирии Қирғизистон ҷонибдорӣ мекунанд.

Дар мусоҳибае бо Александр Голтс - таҳлилгари умумри низомии рус, ки ҳоло дар яке аз пажуҳишгоҳҳои Шветсария машғули таҳқиқ аст,пурсидам, то куҷо СПАД ба ҳалли чунин масъалаҳо қодир аст?

Александр Голтс

Александр Голтс

А. Голтс: Албатта, беҳтар аст, ки ҳамеша ин масъалаҳоро аз роҳҳои дипломатӣ ҳал ва ба якдигар таҳдидҳои низомӣ накунуанд. Вале суол ин аст, ки СПАД то чӣ андоза ба таври кофӣ барои ҳалли чунин ин масъалаҳо тавону эътибор дорад? Он гуна, ки мо медонем, Узбакистон аз узвияти ин созмон баромад ва ин вазъ имконоти СПАД барои ҳалли ин масъалаҳо дар дохили ин созмонро маҳдуд мекунад. Аз узвият баромадни Узбакистон ба ин маъност, ки агар вазъи фавқулодда пеш ояд, Русия ва умуман кишварҳои ин созмон низ чун узви ин паймон тибқи қарордодҳои ин созмон бояд бар зидди Узбакистон аз мавзеъгирии Қирғизистон ҳимоят кунад. Ин албатта, падидаи нороҳаткунанда аст ва дар тасаввурот намеғунҷад.

Дар оғози ташкили ин созмон ба иштибоҳҳо роҳ доданд ва акнун ин созмон дар муқоиса бо паймони НАТО барои дифоъ аз душмани умумӣ нест. СПАД созмонест, ки дар чаҳорчӯбаи он ҳар кишвари узв бо Русия қарордоди ҳамкории дуҷониба дорад. Барои ҳамин пеш омадани баҳсҳои марзии байни кишварҳои пасошӯравӣ мушкилиҳои ҷиддиеро пеш меорад. Бо назардошти ин мо гуфта наметавонем, ки ин созмон умум ан бо чӣ кор машғул хоҳад шуд. Агар ин созмон мисли НАТО ташкил мешуд, дар он сурат ба баргардонидани таҳдидҳои умумӣ машғул мешуд. Вале агар мисли САҲА ташкил мешуд, дар он сурат бояд тадбирҳои эътимод ба якдигарро тақвият бахшад. Шояд дипломатҳо дар мулоқоти Маскав ба ҳалли ҳамин ҷиҳати масъала машғул мешаванд.

Озодӣ: Қирғизистон умед дорад, ки аз мавзеъгириаш кишварҳои узв ҷонибдорӣ мекунанд. оё чунин кор имкон дорад?

Голтс: Ман фикр мекунам, ки агар ягон тасмиме эълон шавад, он хеле ҳассос хоҳад буд. Сабаб ин аст, ки Русия чун кишвари аслии бозигар дар ин созмон намехоҳад бо Узбакистон душманӣ пайдо кунад. Русия ин нғуктаро дар назар мегирад, ки Узбакистон дар Осиёи Миёна чун кишвари қавии низомӣ ва иқтисодӣ нақши калидӣ дорад.

Озодӣ: Оё ин имкон ҳам вуҷуд дорад6 ки ягон қароре қабул кунанд, ки бар асоси он дигар ҳамин гуна нирукашӣ дар марз рух надиҳажд:

Голтс: Дар назария, бале. Аммо бо назардошти ин ки СПАД худро созмони дифоӣ муаррифӣ кардааст, барои ҳамин мушкил аст, ки дар бораи эътмоди низомии миёни кишварҳои узв музокира пеш барад. Чунин эътимод вуҷуд надорад. Метавонанд мисли Аврупо машварат кунанд, ки марзҳои худро ин тарафу он тараф бурда наоранд ва нируҳои низомиашонро ба марз нафиристанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG