Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба манзили сокинони Кӯлоб боз газ меояд


Идораи «Кӯлобгаз» дар садади фаъол кардани «Чоҳи гази табиӣ» дар деҳаи Каримбердии ноҳияи Восеъ буда, баробари аз санҷиш гузаштани лӯлаҳо интиқоли ин навъи энержиро ба хонаҳои сокинони шаҳри Кӯлоб оғоз мекунад.

Идораи «Кӯлобгаз» мегӯяд, ки дар садади фаъол кардани «Чоҳи гази табиӣ» дар деҳаи Каримбердии ноҳияи Восеъ буда, баробари аз санҷиш гузаштани лӯлаҳо интиқоли ин навъи энержиро ба хонаҳои сокинони шаҳри Кӯлоб оғоз мекунад. Дар паи кофтуковҳои ду соли ахир, дар деҳаи кӯҳдомани Каримбердии ноҳияи Восеъ чоҳе ошкор шуд, ки ба гуфтаи масъулони корхонаи нафт, захираи он 11 милион метри мукааб газ ҳисоб шудааст ва барои аҳолии 100 ҳазорнафарии шаҳри Кӯлоб то даҳ сол кифоят мекунад. Ин газ аз қаъри 800-метрии замин бароварда шуда, аввал барои коркард ба корхонаи полоиши гази табии «Ҷалолиён» ва сипас ба хонаҳои сокинон интиқол меёбад.

Абдуғаффор Ҷалолов, сардори корхонаи хусусии нефти «Ҷалолӣ» рӯзи сешанбеи 13 октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки гази табиӣ баъди полоиш базудӣ дар лӯлаҳо ҷорӣ мешавад ва мардум аз он истифода мекунанд. «Барои Кӯлобро бо гази табиӣ таъмин кардан се сол даводав кардам. Ҳатто бо хориҷиҳо дар баҳс шудам, билохира асбобҳои газковиро аз ноҳияи Балҷувон дарёфт карда, ин газро аз ҷуқурии 800 метр ба берун баровардам. Акнун дар пайи ба итмом расидани кори васли қубурҳо ба шаҳри Кӯлоб газро интиқол медиҳем», - гуфт Абдуғаффор Ҷалолӣ.

Сокинони хонаҳои баландошёна дар Кӯлоб мегӯянд, дар ҳоле, ки аз газ дар лӯлаҳо хабаре нест, кормандони идораи «Кӯлобгаз» як ҳафтаи ахир хона ба хона гашта, мардумро аз омадани гази табиӣ ба Кӯлоб огоҳ кардаанд. Кормандони ин ниҳод ба сокинон гуфтаанд, ки барои истифодаи газ аз ҳар узви оила 10 сомонӣ меситонанд. Диловар Мӯъминов, сардори идораи «Кӯлобгаз» дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ки онҳо қубурҳои газро месанҷанд ва баъди ин бо корхонаи коркарди газ шартнома мебанданд ва газро ба хонаҳо сар медиҳанд. Ӯ мегӯяд, қимати газ дар моҳ бар сари ҳар нафар 10 сомонӣ хоҳад буд. Аммо ба назар намерасад, ки ин хабар сокинони Кӯлобро ба ваҷд оварда бошад.

Аксари онҳо ин хабарро бо шубҳа пазируфтанд. Онҳо мегӯянд, ки солҳои пеш гази табиӣ ба хонаи онҳо гоҳ-гоҳ меомад, аммо панҷ сол пеш баъдан комилан қатъ шуд. Ҷамила Мирова, як сокини маҳаллаи Шамсиддин Шоҳин, рӯзи сешанбеи 13 октябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аксари сокинони маҳаллаи онҳо кайҳо боз ба гази табиӣ умед надоранд. «Ҳамин соли 2010 ду моҳ газ омад дигар наёмад, баъд омада пул гирифта рафтанд гуфтанд, ки лӯлаи газро мекушоем, аммо дигар газ наомад. Барои ҳамин сокинон аз газ рӯ гардониданд. Шахсан ман худам, лӯлаҳои газро аз хонаам бурида партофтам ва гуфтам газ намегирам.

Шаҳри Кӯлоб бо гази маҳаллӣ таъмин мешавад.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:35 0:00

Ва дар баробари ин нархи газро хеле боло гуфтанд, ки аз он як балони газгирӣ арзон меафтад», - гуфт мусоҳиби мо. Дар гузашта, идораи «Кӯлобгаз» сокинони шаҳри Кӯлоб ва гирду атрофи онро бо гази табиии «Хоҷасартез», ки дар кӯҳҳои ноҳияи Балҷувон ҷойгир аст, бо газ таъмин мекард. Дар паи ба итмом расидани гази табиии «Хоҷасартез» сокинони Кӯлоб аз газии табиӣ маҳрум шуда, аксар қубурҳои газро аз хонаҳои худ гирифтанд. Ҳоло дар минтақаи Кӯлоб чоҳи "Каримбердӣ" баъди чоҳҳои бузурги «Хоҷасартез» панҷумин чоҳе мебошад, ки дар наздикиҳои кӯҳҳои «Балҷувон» ҷой гирифтааст. Ҳоло кофтукови захираи газро ширкатҳои чинӣ дар кӯҳҳои ноҳияи Балҷувон идома медиҳанд. Кофтукови чоҳҳои газ дар Балҷувон дар ҳолест, ки бояд дар ноҳияи Данғара корхонаи бузурги полоиши нафт бунёд шавад.

Мутахассисони чинӣ гуфтаанд, ки коркарди иқтидори солонаи он то 1 миллиону 200 ҳазор тонна нафт мебошад. Ширкати канадагии "Тетис Петролеум”, яке аз фаъолтарин ширкатҳо дар бахши истихроҷи нафту гази Тоҷикистон, ду сол пеш бо нашри як гузориши вижа гуфт, пажӯҳишҳо мавҷудияти захираҳои “хеле азим”-и нафту газро дар бистари хоки Тоҷикистон ошкор кардаанд. Бинобар ин гузориш, захираҳои гази Тоҷикистон ба 3 миллиарду 228 миллион метри мукааб баробар буда, захоири нафт ва гази моеаш метавонад беш аз 8,5 миллиард бушкаро ташкил диҳад.

XS
SM
MD
LG