Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сокинони маҳаллаи нӯҳуми шаҳри Кӯлоб ҷавонеро бо номи мустаори “Абӯ Аҳмад Тоҷикӣ”, ки бино ба хабарҳо, рӯзи 22 март дар Сурия кушта шудааст, зодаи ҳамин маҳалла меноманд.

Сокинони маҳаллаи нӯҳуми Кӯлоб мегӯянд, ки ин ҷавон ҳаммаҳалли онҳо Бахтиёр Шеров аст, ки 26 сол дошт.

Рӯзи сешанбеи 1 апрел мо дар ҳоле ба хонаи модари ин ҷавон рафтем, ки вакили маҳалла мегуфт, модари ӯ аз қазия хабар надорад ва таъкид кард, ки дар бораи марги ҷавон чизе напурсем. Аммо хулосаи мо аз сӯҳбат бо Хосият, модари ин ҷавон ин буд, ки ӯ аз қазия хабар дорад, аммо намехоҳад дар ин бора ҳарф бизанад. Ӯ аслан нахост акси ҷавонро бубинад, вале гуфт, баъзе хабарҳо шунидааст, ки то дақиқ шуданашон ба касе чизе нахоҳад гуфт.

Ба гуфтаи ҳамсояҳо, Бахтиёр Шеров тақрибан ду сол пеш ба Русия рафта, ягон 8 моҳи охир бедарак будааст. Дар ин миён танҳо ягон ду моҳ пеш телефонӣ бо модараш тамос гирифтааст, вале модараш мегӯяд, ӯ намедонад, ки писараш бо вай аз Русия сӯҳбат мекард ё ягон ҷои дигар.

Ҳамсӯҳбатони Озодӣ ҳамчунин аз қавли нафароне ки бо Бахтиёр Шеров дар Русия кор мекарданд, мегӯянд, ки ӯ хеле мазҳабӣ буда, дар Русия бо қафқозиҳо робитаи наздик пайдо карда буд. Зимнан расонае ки дар бораи ҳалокати "Абӯ Аҳмади Тоҷикӣ" хабар дод, ҳамроҳ бо хабари марги ӯ аз кушта шудани ҷангии қазоқистоние бо номи мустаори "Абӯ Ҳурайра Қазоқӣ" ва як зодаи минтақаи Қафози шимолии Русия бо тахаллуси "Исмоил Доғистонӣ" низ гузориш дода буд.

Давлат Мирзоев, вакили бинои баландошёнаи рақами 21 дар маҳаллаи нӯҳуми Кулоб, ки манзили зисти Бахтиёр он ҷост, монандии акси “Абӯ Аҳмади Тоҷикӣ” ба Бахтиёр Шеровро тасдиқ кард ва гуфт, ҳеҷ намефаҳамад, ки ӯ чигуна ба ҷанги Сурия рафтааст.

Давлат Мирзоев дар бораи Бахтиёр Шеров гуфт: «Бачаи хуб буд. Ба як кас кор надошт. Як бор хонадор шуд ва бинобар фарзанддор нашудашон аз ҳамсари аввалаш ҷудо шуд. Зиндагӣ бо ҳамсари дуюмаш ҳам хуб нашуд. Дигар ҳамин мушкилии рӯзгор сар шуд ва ӯ ба Русия рафт. Мо намедонем, ки ӯро кӣ куштааст ва чӣ хел куштааст? Фақат сураташро дар Интернет дидем.»

Ҳамсояҳо низ мегӯянд, онҳо гумон доштанд, ки Бахтиёр дар Русия аст, вале хабари кушта шудани ӯ дар Сурия барояшон ғайриинтизор буд.

Марворид, яке аз ҳамсояҳои ин ҷавон мегӯяд, дар маҳаллаи нӯҳум кассе рафтори шубҳаовари Бахтиёрро мушоҳида накардааст: «Ягон бор ҷангу ҷанҷолашро надидем. Касе аз ӯ хафа набуд. Бисёр оромтабиат буд. Дар кӯчаҳои зиёд наменишаст ва шабона ҳам касе гаштугузорашро намедид. Бештар дар хонаашон буд ва медидем, ки модарашро хеле эҳтиром мекард. Як сол зиёд буд, ки ба Русия рафта буд.»

Ба гуфтаи атрофиён, Бахтиёр аз барвақт аз падар маҳрум шуда, ӯро модараш ба воя расондааст.

Ҷамшед Одинаев, мудири бахши дини ҳукумати Кӯлоб мегӯяд, беш аз 63 ҷавоне, ки дар кишварҳои арабӣ ғайриконунӣ ба сар мебурданд, аз ҷониби онҳо рӯйхат шудаанд ва дар пайи ташвиқу тарғиб 54 нафари онҳо ба ватан баргаштанд, вале мутаассифона, дар ин рӯйхат исми Бахтиёр Шеров набуд.
Оқои Одинаев афзуд: «Мо ҳоло тасмим дорем, бо хонаводаи ин ҷавон сӯҳбат кунем ва муайян созем, ки бо кадом роҳе ӯ ба Сурия рафтааст? Маълумоте, ки мо дорем, ҳоло ҳама аз сомонаҳои интернетӣ аст ва ман чизи дақиқе дар ин бора гуфта наметавонам. Эҳтимоли аз Русия рафтани ин ҷавон ҳам вуҷуд дорад.»

Google - бузургтарин сомонаи ҷӯянда дар Интернет - масофаи байни Кӯлоб ва Димишқ - пойтахти Сурияро 4444 километр ҳисоб мекунад. Ҳамсӯҳбатони мо ба ширкати Бахтиёр Шеров бо номи “Абӯ Аҳмади Тоҷикӣ” дар ҷангҳои Сурия чандон бовар надоранд, ҳарчанд мегӯянд, дар акси нашршудаи ҷавони кушташуда ӯро шинохтаанд. Иттилоъ дар бораи кушта шудани як зодаи минтақаи Кӯлоби Тоҷикистон бо номи мустаори “Абӯ Аҳмад Тоҷикӣ” ахиран аз сӯи як сомонаи марбут ба ҷангиёни хориҷие, ки дар Сурия алайҳи ҳукумати Башор Асад меҷанганд, нашр шуда, аммо аз ҷониби манобеи дигар расман тасдик ё такзиб нашудааст.

Баҳриддин Мӯъминов

Баҳриддин Мӯъминов

Агар “Абӯ Аҳмад Тоҷикӣ” дар воқеъ Бахтиёр Шеров аз маҳаллаи нӯҳуми шаҳри Кӯлоб бошад, пас ин чорумин нафаре аз минтақаи Кӯлоб аст, ки дар ҷангҳои Сурия кушта мешаванд. Мақомот қаблан дар бораи ҳалокати ду сокини шаҳри Кӯлоб ва як зодаи ноҳияи Восеъ хабар дода буда, дар оғози моҳи март Давлат Чолов, яке аз бародарони фармондеҳи дар гузашта дар ин минтақа бонуфузи Фронти халқӣ Қурбон Чоловро низ бо иттиҳоми ҷалби ҷавонони маҳаллӣ барои "ҷиҳод" дар Сурия боздошт карданд. Дар маҷмӯъ шумори ҷангиён аз Тоҷикистон дар ҷангҳои Сурия ҳудуди 200 нафар гуфта мешавад, ки мояи нигаронии мақомоти амниятии Тоҷикистон шудааст.

Дар поёни соли 2013 Додгоҳи олии Тоҷикистон 5 донишҷӯи собиқи донишгоҳҳои Сурияро бо ҷурми ширкат дар ошӯбҳои зидди режими Башор Асад дусолӣ ҳукми зиндон дод. Аммо пайвандони бархе аз ин маҳкумин, аз ҷумла наздикони Баҳриддин Мӯъминов мегӯянд, ки ин толибилмон танҳо ба хотири таҳсил ба Сурия рафта буданд ва бидуни кадом далели собите онҳоро равонаи зиндон кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG