Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Давлат Чолов ба “Давлати исломӣ” пайвастааст


Гурӯҳи ҷангиёни тоҷик дар Сурия
Гурӯҳи ҷангиёни тоҷик дар Сурия

Давлат Чолов, як узви хонаводаи маъруфи Чоловҳо дар шаҳри Кӯлоб, ба сафи гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” шомил шудааст.

Бино ба иттилои мақомоти ниҳодҳои интизомии минтақаи Кӯлоб, Давлат Чолов, як узви хонаводаи маъруфи Чоловҳо дар шаҳри Кӯлоб, ба сафи гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” шомил шудааст.

Дар ин бора Абдуқодир Мирзозода, муовини раҳбари Раёсати корҳои дохилии минтақаи Кӯлоб, рӯзи 14 январ дар нишасти хабарии ин идора иттилоъ додааст. Ба гуфтаи ҷаноби Мирзозода, ҳоло тибқи маълумотҳои фаври ҷустуҷӯӣ, Чолов дар Ироқ қарор дорад.

Ӯ афзуд, дақиқан маълум нест, ки ӯ зинда аст ё мурда, вале «тибқи иттилои ҷӯстуҷӯӣ ва оперативӣ, Чолов ҳоло дар Ироқ қарор дорад ва ба гурӯҳе, ки дар пайгард қарор гирифтанд, шомил карда шудааст. Аммо дақиқан маълум нест, ки Давлат Чолов дар ин кишвари ҷангзада мурда аст ё зинда."

Давлат Чолови 45-сола, бародари Қурбон Чолов, фармондеҳи маъруфи Ҷабҳаи мардумӣ дар замони ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон чор моҳ пеш ғайб зада буд ва сару садоҳое мабнӣ ба сафари ӯ ба Сурия пайдо шуда буд. Ҳамакнун мақомоти ниҳодҳои интизомии минтақаи Кӯлоб хабари пайвастани Давлат Чолов ба гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” дар Сурияро тасдиқ карданд.

Ромин Саидов, сардори шуъбаи назоратии раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар минтақаи Кӯлоб дар ин нишасти хабарӣ гуфт, тибқи маълумоти расмӣ, феълан 92 тан аз зодагони минтақаи Кӯлоб дар сафҳои гурӯҳҳои тундрав алайҳи нерӯҳои давлатии Сурия дар набардҳо ширкат мекунанд. Ӯ теъдоди зодагони ин минтақа дар ҷангҳои Ироқро 8 нафар гуфт.

Вай афзуд, ки «ҳоло аз минтақаи Кӯлоб 100 нафар дар ҷангҳо иштирок доранд, ки аз ин 1 нафараш дар Украина, 1 нафараш Покистон, 8 нафари дигараш Ироқ ва боқимонда дар Сурия ҳастанд. Аз ин 100 нафар 60 нафараш худи сокинони Кӯлобанд, ки дар ҷангҳои Ироқу Сурия иштирок доранд.»

Давлат Чолов ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" пайвастааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:16 0:00

Давлат Чолов моҳи феврали соли 2014 дар фурудгоҳи Душанбе ҳангоме ки қасди парвоз ба Туркияро дошт, боздошт шуд. Мақомот ӯро ба ҷалби ҷавонон ба гурӯҳи мамнӯъи “Давлати исломӣ” ва қасди пайвастан ба ин гурӯҳ айбдор карданд. Аммо моҳи декабри ҳамон сол ӯ бо пардохти ҷарима озод шуд. Мақомот танҳо бо ҷарима озод шудани ӯроба “сидқан пушаймон шудан” ва “ҳамкорӣ бо тафтишот” бастагӣ доданд.

Аммо Ҷомӣ Чолов, писари Давлат Чолов рӯзи 14-уми декабри соли гузашта ба Радиои Озодӣ гуфта буд, падараш 24-уми сентябри соли 2015, дар рӯзи Иди Қурбон аз хона берун шуда ва то ҳол ҳеҷ нишоне аз ӯ дарёфт накардаанд.

Давлат Чолов дар гузашта дар сафи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар марзи ноҳияи Шӯрообод бо Афғонистон хидмат мекард ва унвони майорро дошт. Дар соли 2003 Давлат Чолов баъди гунаҳкор шуданаш дар ғайб задани силоҳ аз қисми низомие, ки хидмат мекард, як муддат ба Афғонистон ҳам фирор карда буд.

XS
SM
MD
LG