Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухлисони "Равшан" "боодоб" шудаанд (ВИДЕО)


Масъулони идораи пулиси минтақаи Кӯлоб мегӯянд, муддати ду соли ахир ягон мавриди нақзи қонун ва ё вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ аз сӯи мухлисони тими футболи "Равшан" ба қайд гирифта нашудааст.

Абдулваҳҳоб Искандаров, сардори шӯъбаи корҳои дохилии минтақаи Кӯлоб рӯзи 29-уми январ гуфт, ки "бо вуҷуди он ки дар ҳар бозии тими "Равшан" аз 10 то 20 ҳазор мухлис ба варзишгоҳ ворид мешаванд, аммо онҳо таи ду соли ахир ягон қонуншиканӣ ё вайрон кардани тартиботи ҷамъиятиро содир накардаанд."

Ба таъкиди ҷаноби Искандаров, "маъмурони пулис на танҳо дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб, ҳатто дар бозиҳои ин тим дар дигар майдонҳо мухлисони тими футболи "Равшан"-ро ҳамроҳӣ мекунанд ва ҳеҷ гуна бетартибиро дар сафар низ мушоҳида накардаанд."

Ин аст ки Абдулваҳҳоб Искандаров зимни маросиме ба сарпарасти тими футболи "Равшан" Зайнулло Соҳибов, раиси корхонаи "Сементи тоҷик" барои фаъолияти намунавии тими "Равшан" ва роҳандозии дурусти бозиҳо сипоснома супорид.

Ин ҳам дар ҳоле, ки дар аксар маврид овозаҳое паҳн мешавад, ки гӯё баъди бозгашт аз бозиҳои сафарӣ мухлисони тими футболи "Равшан" дар роҳ ба ҷониби шаҳри Кӯлоб, ба хусус дар қаламрави ноҳияи Данғара ба шикастани мағоза ва ошхонаву дӯконҳои савдо даст задаанд.

Аммо Маҳмадулло Сайдалиев, раиси ноҳияи Данағара ин иддаоро беасос донист. Ба гуфтаи раиси ноҳияи Данғара, "воқеан мухлисони тими "Равшан" ҳангоми бозгашт аз бозиҳо шодиву хурсандӣ карда, тавассути мошинҳо бо садои мусиқии баланд мегузаранд, вале мо ягон бор ба хурсандии мухлисон монеъ нашудаем ва овозаҳои шикастану ғорат кардани мағоза ва дӯконҳои фурӯш дурӯғ аст."

Мухлисони дастаи футболи "Равшан" боодоб шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:20 0:00
Линки мустақим

Дар моҳи июни соли 2011 ҳангоми бозии миёни "Истиқлол" ва "Равшан" дар шаҳри Кӯлоб беназмӣ рух дода буд, ки дар паи он даҳҳо нафар боздошт ва беш аз сад нафар ба ҷавобгарии маъмуриву ҷиноятӣ кашида шуданд. Пас аз ин ҳузури нерӯҳои интизомӣ дар ҷараёни бозиҳои ин даста афзоиш ёфт.

Маъмурони пулис дар бозиҳои минбаъдаи "Равшан" бо худ овардани зарфҳо ё бакляжкаҳои обро барои мухлисон манъ карданд ва гуфтанд, ки дар дохили варзишгоҳ тақсими обро ташкил хоҳанд кард. Афзун бар ин, бо овози баланд ва аз ҷой бархоста, мухлисӣ намудани ҳаводорони дастаи футболи "Равшан" дар варзишгоҳи марказии Кӯлоб низ манъ гардид.

Маъмурони пулис ҳангоми бозии дастаи "Равшан" бо тими "Зарафшон"-и Панҷакент, ки дар даври аввали бозиҳои Лигаи олӣ рӯзи 8-уми апрели соли 2013 баргузор шуд, аз чунин ҳаводории ба гуфтаи онҳо беш аз ҳад гарми мухлисон ҷилавгирӣ карда, ҳушдор додаанд, ки дар сурати такрори чунин амал онҳоро ҷарима хоҳанд баст.

Ин гуна амалкард мояи нигаронии бештари мухлисони "Равшан" гардид.

Аммо ҳамамкунун нозирони умур "боодоб" шудани мухлисони "Равшан"-ро ба пай ҳам ду маротиба чемпиони Тоҷикистон шудани ин даста рабт медиҳад. Зеро ба гуфтаи ин нозирон, ҳангоме ки "Равшан" дар бозӣ бо рақибаш пирӯз мешавад, мухлисон аз он қаноатманд шуда, беодобӣ намекунанд.

Зимнан, тими футболи "Равшан"-и Кӯлоб танҳо дастаест, ки мухлисонаш ҳам дар хона ва ҳам дар сафар ин дастаро ҳамроҳӣ мекунанд. Шӯҳрат Шонов, раҳбари фан-клуби "Равшан" дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ иброз дошт, ки "новобаста ба мушкилоти молӣ, мухлисони тими футболи "Равшан" омодаанд, дастаро ҳам дар майдони худ ва ҳам дар меҳмонӣ дастгирӣ намоянд."

Қарор аст, рӯзи 2 феврали соли ҷорӣ тими футболи "Равшан" дар чорчӯби ҷоми АФК бо дастаи "Ал-Ярмук"-и Яман дар майдони "Металлург"-и шаҳри Турсунзода бозӣ кунад. Мухлисони "Равшан" мегӯянд, барои ҳимоят аз ин даста рӯзи якшанбе ҳамагӣ худро дар Турсунзода хоҳанд гирифт.
XS
SM
MD
LG