Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дузди "донишманд"-и хонаи "Ҷумъа-Мускул"


Мирзоалии Сабзаалӣ
Мирзоалии Сабзаалӣ

Дар Кӯлоб шахсеро, ки ҳудуди 10 рӯз қабл манзили корманди собиқи Хадамоти гумруки Тоҷикистон Ҷумъахон Раҷабов ворид ғорат карда буд, боздошт кардаанд.

Нафаре, ки моли 10 мағоза ва базаи дурбинҳои назорати ин дӯконҳоро ба яғмо бурдааст, дар дуздии хонаи Ҷумъахон Раҷабов, ё “Ҷумъа-Мускул” гумонбар дониста шуд. Ҷумъахон Раҷабов, корманди собиқи Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои бонуфуз дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, ки хонаашро бори дувум дузд задааст.

Кӯлоб шаҳри бузург нест ва овозаи дуздии хонаи “Ҷумъа-Мускул” дарҳол вирди забонҳо шуд. Аксаран бо ишора ба дуздии чанде пеш дар хонаи овозхони маъруф Сурайё Қосимова, ки кори дасти додарзодааш будааст, мегуфтанд, ки эҳтимолан хонаи “Ҷумъа-Мускул”-ро низ “худиҳо“ зада бошанд.

Аммо ходимони пулис дар таҳқиқи ин қазия аз роҳи дигар рафтанд. Дар қатори молу маводи дигар аз хонаи Раҷабов ғайб задани базаи дурбинҳои назоратӣ онҳоро ба фикри Мирзоалии Сабзаалӣ, сокини 24-солаи Кӯлоб андохт, ки баъди ғоратгарӣ базаи дурбинҳои назоратиро бо худ мебурдаст.

Мирзоалии Сабзаалӣ ҳудуди 1 моҳи пеш бар асоси қонуни афв ба озодӣ баромад ва мақомот мегӯянд, “фаъолияти касбӣ”-ашро ин бор аз хонаи “Ҷумъа-Мускул” оғоз кардааст.

Як масъули шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб рӯзи 7 январ дар сӯҳбат бо Озодӣ боздошти Сабзаалиевро тасдиқ кард ва гуфт, ки ӯ аз манзили Раҷабов «1 адад базаи камераи мушоҳидавӣ, ҳафт адад тангаҳои нуқрагӣ, як ҷуфт гӯшвори нуқрагӣ, як адад гарданбанди нуқрагӣ, ду адад телефонҳои мобилӣ ва 150 сомонӣ пули нақдро ба яғмо бурдааст. Дар маҷмӯъ зарари расида ба 7 500 сомонӣ мерасад. Ҳоло нисбати Мирзоалии Сабзаалӣ, ки дар ин ҷиноят даст дорад, бо моддаи 244, қисми ду парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.»

Кормандони шӯъбаи корҳои дохилӣ мегӯянд, вежагии шеваи дуздии Мирзоалии Сабзаалӣ дар он аст, ки ӯ аз фанновариҳо огаҳӣ дорад. Ӯ пештар даҳ мағозаи шаҳри Кӯлобро ғорат карда, ба хотири ошкор нашудани ҷинояташ ҳамеша базаи камераҳои мушоҳидавиро бо худ бурдааст. Додгоҳи шаҳр Мирзоалии Сабзаалиро, ки дар ҳамагӣ 24 соли зиндагиаш аллакай се дафъа зиндонӣ шудааст, бори охир барои дуздӣ ба муддати 7 сол зиндонӣ карда буд. Ӯ ҳамагӣ чаҳор сол дар маҳбас буд ва як моҳи пеш афв шуд.

Соли гузашта низ манзили Ҷумъахон Раҷабовро дузд зада буд ва азбаски соҳибхона дар манзилаш пули зиёд нигаҳ намедорад, ғоратгари аввал бо дуздии як камони шикорӣ иктифо кард. Ин қазия ва ҳувияти ғоратгар то ҳол боз нашудааст.

Ҷумъахон Раҷабов дар як тамос бо Радиои Озодӣ аз кормандони пулис ташаккур кард, ки дузди дуюмро зуд боздошт карданд.

Ҳавлии Ҷумъахон Раҷабов дар Кӯлоб
Ҳавлии Ҷумъахон Раҷабов дар Кӯлоб

Ҳамсояҳои Ҷумъахон Раҷабов бо ишора ба дарвозаи мустаҳками Ҷумъахон Раҷабов изҳори ҳайрат мекунанд, ки чӣ тавр як нафар метавонад аз ин дарвозаи маҳками баланд бигзарад? Онҳо мегӯянд: «Мо ҳамин гапа шунидем, аввал гуфтем, ки шояд дуздҳо ҳамон нафароне бошанд, ки хонаи Сурайёро дуздидаанд. Лекин мо ҳайронем, ки ин кор чӣ хел шуда бошад, зеро дар гирду атрофи хона камера, ҳатто сигнализатсия часпонда шудааст. Ҳатто мо, ҳамсояҳо метарсем ба гирди ин хона гардем. Чӣ хел ба ин хона даромадааст дузд, мо надонистем.»

Ҷуъмахон Раҷабов, ки дар гузашта дар Хадамоти гумрук ифои вазифа дошт, баъди ба сари мансаб омадани писари раиҷумҳур Рустами Эмомалӣ аз мақом барканор шуд ва ҳоло дар Душанбе ба тиҷорат машғул аст.

Аммо хабари дузд задани хонаи ӯ сокинони дигарро, ки дарвозаҳои мустаҳкам надоранд ва зӯрашон ба харидории дурбину сигнализация намерасад, ба ташвиш овардааст. Афви соли 2014 ба озодии ҳазорон нафар, бо шумули дуздҳои таҷрибадор роҳ кушод ва акнун намояндагони ин тоифа як-як аз зиндон бармегарданд. Ба болои ин шумори бузурге аз муҳоҷирони корӣ баъди ихроҷ аз Русия ба Тоҷикистон баргаштаву дар Ватан бешуғл мондаанд. Ин ҳама нигарониеро дар бораи эҳтимоли бад шудани вазъи ҷиноӣ дар Тоҷикистон ба бор овардааст.

XS
SM
MD
LG